logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

МАВЛОНО. ЧЕҲРАИ ҲУНАРИИ Ӯ ОФАРИДА МЕШАВАД
Аврупову Амрико солҳост, ки ба хондану омӯхтани рӯзгору осори мутафаккир ва шоири маъруфи тоҷику форс Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ, бавижа «Маснавии маънавӣ» - и ӯ машғуланд. Натиҷаи омӯзишу пажӯҳиши эшон он шуда, ки филмсоз ва филмноманависи машҳури амрикоӣ Дэвид Франзонӣ, барандаи ҷоизаи «Оскар», тасмим гирифтаст, дар бораи зиндагии Мавлоно филме ба навор гирад.
Дар ин бора нашрияи Британияи Кабир “The Guardian” хабар додааст. Мувофиқи маълумоти нашрия, наворбардории ин филм соли оянда дар назар гирифта шудааст. Дэвид Франзонӣ ва таҳиягар Стефан Ҷуел Броун мехоҳанд, ки нақши Мавлоноро ҳунарманди машҳури ширкати «Ҳолливуд» Леонардо ди Каприо (қаҳрамони марказии филми «Титаник») ва нақши Шамси Табрезиро Ҷон Дауни биофаранд. Онҳо чанде пеш барои зиёрати мақбараи Мавлоно ба Қуния ташриф оварда, бо мавлоношиносон маслиҳату машварат низ кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки «Маснавии маънавӣ» - и Ҷалолуддини Балхӣ чанд сол пеш дар Амрико бо забони англисӣ тарҷума шуд ва шурӯъ аз соли 2012 яке аз серхаридортарин китоб дар Амрико ба шумор меравад. Маҳбубият китоби Мавлоно дар Аврупо низ ба назар мерасад.
Дастандаркорони филм низ зимни як мусоҳиба яке аз сабабҳои асосии ин корро дар маҳбубияти беандоза пайдо кардани Мавлоно дар Аврупову Амрико рабт додаанд.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР

ЧАПАЕВ ЧӢ ТАВР ҲАЛОК ШУД?
Таърихи ҳаёт ва фавти қумондони достонзеби дивизия дар оилаи абераи Василий Иванович Чапаев – Евгения Артуровна – аз насл ба насл интиқол меёбад. Ҳамин тавр, хешовандони қумондон бовар доранд, ки Чапаев дар дарё ғарқ нагаштааст, балки вай дар натиҷаи хиёнати завҷаи сабукпояш шаҳид шудааст.
…Қаҳрамони ояндаи ҷанги шаҳрвандӣ дар оилаи деҳқон Иван Степанович Чапаев 28 январ (аз рӯи солшумории нав 9 феврал) – и соли 1887 ҳафтмоҳа, яъне норасид ба дунё омадааст. Аз сабаби он ки баробари як мушт буд, барои оббозӣ дорондан падараш аз ғӯлачӯб дӯлчаи дастадоре сохт, ки қадаҳро мемонд ва он минбаъд ҳамчун армуғон дар оила нигоҳ дошта мешуд.  Ивани дуредгар панҷ писар дошт ва онҳо дар сохтмони хона, оғил, калисои маҳаллаҳо ёрӣ мерасонданд.
Дар соли 1908 Василий Чапаевро ба хизмати ҳарбӣ гирифтанд, баҳори соли 1909 ба иллати беморӣ ҷавоб доданд. Аммо сабаби асосии аз артиш дур кардани ӯ қатли бародараш Андрей буд аз ҷониби ҳукумат, гӯё ки вай ҷавононро бар зидди шоҳ мешӯрондааст.
Ба зудӣ Василий зан гирифт. Арӯсаш Пелагея Метлина, аз оилаи рӯҳонии бой буд. Домод 22 сола буду арӯс 16. Чапаев завҷаашро бисёр дӯст медошт, Пелагая зани заҳматкаш баромад ва дар солҳои 1910 – 1914 се тифл – ду писару як духтар ба дунё овард. Аммо бахти онҳо дер давом наёфт. Ҷанги якуми ҷаҳон оғоз гашту Василий аз нав либоси ҳарбӣ ба тан пӯшид…
Дар ду сол Чапаев барои корнамоиҳояш бо чор дараҷаи медали Георгий қадр гашт ва соҳиби унвони унтер – афсари калон шуд. Маоши хуб мегирифт ва онро мунтазам ба оилааш равон мекард. Вале боре ҳам ба рухсатӣ нарафт дар ин миён. Ва рӯзе падараш ба ӯ бо ин мазмун номае фиристод: дар хона саргумист, завҷаат, ки нав ба синни 21 расидааст, бо ҳамсояамон кондуктори қатора гурехт. Василий рухсатӣ гирифт, ба хона омад, то ки расман аз зани бевафояш ҷудо шавад. Вай завҷаашро диду ҳамаи аламашро ба боди фаромӯшӣ супурд, афсари қаҳрамон дар пеши зан сар фуруд овард. Оштӣ кард. Аммо баъди бозгашти ӯ ба ҷабҳа зан назди ошиқаш бирафт. Ба гуфте, ҳаёти шахсии афсар нашукуфт.
Дар ҷабҳа Чапаев дӯсте дошт — Пётр Фёдорович Камешкарсев. Оилаи вай ҳам дар ҳамон ноҳияе мезист, ки хонаи падарии Чапаев он ҷо буд. Вақте ки вай сахт захм бардошт, пеш аз марг аз Василий хоҳиш намуд, ки зан ва ду духтари ӯро танҳо нагузорад. Аз ин ба баъд маошашро Василий ба оилаи дӯсташ равон мекард. Баъди чанд сол ситоди дивизияи Чапаев дар Николаевск ҷой гирифт, ки ба хонаи Камешкарсев наздик буд. Вай назди зани дӯсти шаҳидаш омад, аз ҳалокати ӯ, вазъи оилавиаш хабар дод ва гуфт, ки биё ҳамхона шавем. Пелагея, зани дӯсташ ҳамноми зани худаш будааст, розӣ шуд. Лекин боз бахт ба рӯи қаҳрамон нахандид. Ин зан низ бефаросат баромад, ҳамин ки Чапаевро дур дид, зуд ба хонааш гарданғафсеро овард. Чапаев завҷаи дуюмашро дар ҳолати ишқварзӣ дарёфт ва хост бо пулемёт тирборон намояд, аммо астағфирулло гуфта аз нияташ гашт. Ба дил гуфт, ки дар ҳаёти оилавӣ Худо ба вай бахт надодааст.
Боре завҷаи якуми Чапаев (вай ҳоло расман аз вай ҷудо нашуда буд) бо писарчаи хурдиаш Аркадий ба ситоди дивизия меояд, мехост бо шавҳараш аз нав оштӣ шавад. Аммо Василий писарашро қабул мекунаду зани бевафояшро не. Дар бозгашт Пелагея ба ситоди сафедҳо меравад ва вазъи ситоди дивизияи Чапаевро хабар мекашад. Ҷанги нобаробар оғоз мешавад. Қумондони дивизия 5 захм мебардорад. Ду маҷории интернатсионалист ӯро аз ду китфаш гирифта аз дарёи Урал ба соҳили муқобил мегузаронад. Вақте ки аз дарё мебароянд, мебинанд, ки аз бисёр рафтани хун Чапаев ҷон ба Ҷонофарин таслим намудааст. Маҷорҳо ҳамон ҷо дар соҳили дарё ҷисми қумондонро ба хок супурда, болои қабрро бо най пӯшонданд.
Дигар шоҳидони марги Чапаев набуданд, аз ин рӯ, овозаҳои мухталиф зиёд ба гӯш мерасиданд. Дар солҳои сиюми асри ХХ ба Клавдия Василевна (духтари Чапаев) аз Маҷористон мактубе расид. Дар он ҷойи аниқи қабри Чапаев нишон дода шуда буд. Аммо маълум гашт, ки он мавзеъро аллакай мавҷи дарёи Урал ба тасарруфи худ даровардааст. Чи тавре ки мегӯянд, дарё маҷрояшро дигар кардааст…
Қурбон МАДАЛИЕВ,  тарҷума аз русӣ

ГӮСОЛАИ ПУРКОҲ
Ҳолиё ҳам агар гӯсола бимирад, ба расми пешин пӯсти онро пур аз коҳ мекунанд ва назди гов мегузоранд. Мурод, албатта, шир аст, дӯшидани шир аст, на дилҷӯии гов. Ва шоире барҳақу зебо ин ҳолату манзараро гуфтаву тасвир кардааст:
Дилҷӯии гов нест, шир аст мурод,
Гӯсолаи мурдаро чу пуркоҳ кунанд.
Магар гов намедонад, ки ин фиреб аст, фиреби маҳз? Чӣ гуна намедонад? Медонад. Гӯсола мисли рӯзҳои дигар ба пешвозаш намебарояд, ӯро намемакад. Чаро намебинем, ки гов бо чашмони пуроб, бо андуҳи бузург барои мо шир медиҳад? Чаро дарк намекунем, ки дар ин лаҳзаҳои барояш вазнин мегӯяд: «Агар шир мехоҳӣ, медиҳам, бигир, аммо охирин нишони фарзандамро аз миён мабар».
Абдулқодири РАҲИМ

САРИ ХОСОР МУЪҶИЗАИ ТАБИАТ
Он яке аз гӯшаҳои зебоманзари кӯҳсори Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин гӯшаи афсонавӣ дар силсилакӯҳҳои Вахш, қисмати болооби дарёи Сурхоб ва тақрибан дар баландии 1200 - 1600 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Ҷамоати деҳоти  Сари Хосор дар маркази деҳаи Шаҳидон ҷойгир аст. Он аз соли 1996 дар ҳайати ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон таъсис дода шудааст. Сари Хосор аз ёдгориҳои нодири таърихию  табиӣ  хело бой аст, ки аз зиндагӣ, урфу одат  ва касбу ҳунари  мардуми ин  сарзамин ҳикоят мекунад. Релйефи Сари Хосор басо мураккаб буда, бо гуногуншаклии худ аз дигар манотиқи ҷумҳурӣ фарқ мекунад.
Гидрографияи  Сари Хосорро  дарёҳои Сурхоб, Тира, Оби Мазор, Шӯробдарё ва Шаршараи Пушти Боғ ташкил мекунанд.
Номи Сари Хосор таърихи куҳан ва маъниҳои зиёде дорад. Ба ақидаи сокинони маҳаллӣ Сари Хосор  аз номи деҳае, ки  он дар сари теппаи сафедхок ҷойгир шудааст, яъне «Сари Хоксор»  гирифта шудааст. Дар ин гӯшаи ҳақиқатан зебо, гуногуншакли табиат, манзараҳои аҷибе  ҳукмрон аст.  Яке аз мавзеъҳои зебоманзари водӣ дар наздикии деҳаи Муллоконӣ ҷойгир шудааст. Аз баландии 50 метр шаршара ба поён мерезад ва миллионҳо қатраҳои обро  ба гирду атроф пош медиҳад. Пошхӯрии қатраҳои бешумори об зери шуъои офтоб бо тамоми рангҳои тиру камон ба ҷилва меояд. Бо мақсади рушди туризм дар ин минтақа сохтмони маркази барқарорсозии саломатӣ ва дигар иншооти истироҳатию фароғатӣ  идома дорад.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА

ФУРУДГОҲҲОИ НОДИР
Атланта яке аз калонтарин фурудгоҳҳои олам ба шумор рафта, ҳамасола ба зиёда аз 92 миллион мусофир хизмат мерасонад. Фурудгоҳи мазкур дар як вақт метавонад 3 тайёраи фурудояндаро қабул намояд. Масоҳати он 5 миллиону 8 ҳазор фути мураббаъро ташкил менамояд.  Ин фурудгоҳ бо 6 хати нишаст фаъолияти хешро соли 1926 оғоз намудааст.
Хурдтарин, фурудгоҳи олам бошад, андозаи 150 метри мураббаъро дошта, Кнуффинген  ном дорад. Вале он ҳамагӣ якчанд ҳафта фаъолият намудааст.
Дар ҷазираҳои қариб ҷазираи зебоманзаре  бо номи Саба мавҷуд аст, ки хатарафзотарин фурудгоҳи олам ҳисобида шудааст. Ин фурудгоҳ ҳамагӣ 1300 футро ташкил дода, атрофи онро кӯҳҳои сангин иҳота намудаанд. Аз ҳамин лиҳоз тайёраҳои ҳаҷман калон аз парвоз ба ин ҷазира худдорӣ менамоянд, зеро хурдтарин иштибоҳи сарнишини тайёра  боиси фалокати бузург шуда метавонад.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО

ТИЛЛО ТУҲФА БАРОИ МЕРОС
Сокини шаҳри Эвреи Фаронса аз хонаи меросгирифтааш ғайричашмдошт тиллои зиёде пайдо кард.
Тилло ҳангоми аз хона баровардани мебели куҳна баромад. Аввал марди хушбахт аз қуттичаи металлии даруни ҷевон тангаҳои тилло ёфт. Аз дигар ҳуҷраҳо, аз ҷумла аз ванна низ тилло пайдо шуд.
Дар натиҷаи тагурӯ кардани хона 5 ҳазор адад танга, ду сабиқаи 12 килоӣ ва 37 сабиқаи 1 килоӣ дарёфт шуд. Ганҷи ногаҳонӣ ба мерос 3,5 миллион евроро ташкил дод.
Тибқи қонуни Фаронса давлат аз 3,5 миллион евро 45 дарсадашро мегирад.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД

ЛУТФ
Аз математики немис Давид Гилберт тақдири яке аз шогирдонашро пурсиданд.
Гуфт:
-Ҳа – а, вай… Шоир шуд! Барои  математик шудан тахайюлоташ  бисёр камӣ кард!
Таҳияи А. РАҲИМ

ПИРОНСОЛТАРИН ПАДАР
Пирсолтарин падар дар ҷаҳон Рамдҷит Радҷави 96 солаи ҳиндтабор эътироф гардида, ба китоби «Рекордҳои Гиннес» дохил шудааст. Нахустфарзанди ӯ соли 2010, дар синни 94 солагиаш ба дунё омада буд. Падари «ҷавон»-и хуштолеъ «ҳамагӣ» 94 - сола буду завҷаи ӯ Шакунтала Деви 54 сол дошт. Ин ҷуфт дар масофаи 45 километр дуртар аз Деҳлӣ ба сар мебаранд. Шакунтала зани дуюми Рамдҷит ба ҳисоб меравад.
Бояд гуфт, ки Рамдҷит муддати 25 сол ба танҳоӣ умрашро сипарӣ намудааст. Ҳамсарон ҳанӯз 22 сол қабл дар яке аз маъбадҳои мусулмонӣ шинос шуда буданд. Рамдҷит бо як нигоҳ ошиқи Шакунтала шуда, аз ӯ хостгорӣ мекунад. Рамдҷит иброз намудааст, ки Шакунталаи бекасро таҳти ҳимояи худ гирифта, ба ӯ машғулияти йогаро низ омӯхтааст. Бо сабаби камбағалӣ Рамдҷит нақшаи дигарбора фарзанддор шуданро надорад. Падари куҳансол орзу дорад, ки писараш дар оянда ба мисли ӯ на деҳқон, балки шахси мансабдори олимақом гардад.
Таҳияи Раҳматулло КАРИМОВ

ДЖО ФРОСТ – МУРАББИИ КАЛОНСОЛОН.
(Идома аз «Шоми шанбе» - и гузашта)
6. Огоҳӣ
Огоҳӣ кӯдакро водор месозад, ки қарор ва ё рафтори худро тағйир диҳад, агар он аз нигоҳи волидайн нодуруст бошад. Ду усули ба кӯдак огоҳӣ додан аст: ба хубӣ ва ба таври қатъӣ. Ба усули аввал метавон аз ибораҳое чун «тез бош, мо аллакай мебароему ту ҳанӯз омода нестӣ..» ва ё «баъди ним соат хӯроки шом мехӯрем, бозичаҳоятро ҷамъ куну омода бош» кор гирифт.
Огоҳии қатъиро бошад, вақте истифода бурдан лозим аст, ки кӯдак рафтори ноҷо ва ё бад мекунад. Агар кӯдак бетамизӣ кард, аввал огоҳӣ бояд дод, дар ҳолати ислоҳ нашудан огоҳии қатъӣ. Барои мисол ба кӯдак бо қатъият бояд гуфт, ки «агар ҳамин ҳозир аз рафтори ноҷоят худдорӣ накунӣ, муҷозот хоҳӣ шуд». Агар баъди ин ҳам рафтори кӯдак тағйир наёфт, волидайн метавонанд вобаста ба андозаи гуноҳи кӯдак аз сарзаниш ва ё муҷозот истифода баранд.
Таҳияи Лола РИЗОЕВА

ЗИНДАГИИ ПЕШ АЗ ТАВАЛЛУД. ДАР БОРАИ ПИСАРЧАИ ҒАЙРИОДИИ 3 - СОЛА
Писарчаи сесола, бошандаи наздикии Сирия, дар минтақаи баландиҳои Голландӣ пас аз изҳороти ҳангоманоки худ, ки дар зиндагии  қаблӣ вай бо табар кушта шудааст, ғайричашмдошт дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Писарча аз гурӯҳи этноконфессионалии друзҳо бо нишони калони модарзодӣ дар сар таваллуд шудааст. Друзҳо бовар доранд, ки холҳои модарзодӣ бевосита бо воқеаи марг дар ҳаёти пешнинааш рӯйдода вобаста аст. Писарча баъди ба гап даромадан, ба волидон нақл кард, ки аз зарбаи табар ба сар ҳалок шудааст.
Вай ба куҳансолон хонае, ки гӯё дар ҳаёти қаблӣ ба сар бурдааст нишон дод. Ӯ на танҳо зодгоҳашро шинохт, балки номи пешини худро ҳам ба хотир овард.
Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ марде, ки дар борааш писарча ёдрас мешавад, дар ҳақиқат ҳам чор сол пеш бедарак шудааст. Ба писарча ҳамчунин, муяссар гашт, ки насаб ва номи қотили худро ба хотир орад. Вақте, ки бо ин одам бархӯрд, ранги одамкуш парид, вале ба гуноҳ иқрор нашуд.
Сипас, писарча куҳансолонро ба ҷойи гӯронда шудани ҷисмаш овард.  Воқеан дар он ҷой устухонбанди мард ёфт шуд, дар ҳамон қисмати сараш, ки писарча холи модарзодӣ дошт, захм буд.  Бар замми ин онҳо олоти куштор - табарро ёфтанд.
Пайи далелҳои даъвоӣ одамкуш ба ҷинояти содиркардааш иқрор шуд.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН

ДУЗДИ ДИЛСӮЗ
Ҳунарпешаи бузурги кино Чарлз Спенсер Чаплин ҳодисаеро бомароқ нақл мекард:
-Боре дар метрои Ню – Йорк мерафтам. Ба хона омада дидам, ки дар кисаам – соати тилло. Ҳайрон шуда, хостам ба полис барам. Рӯзи дигар номаи беимзое гирифтам: «Ҷаноби азиз Чаплин! Ман кисабури касбиам. Дина дар метро соати як бойро дуздидам. Баъд шуморо дидаму онро ба кисаатон андохтам. Туҳфаи моро қабул кунед».
Як сол гузашт. Полис на дуздро ёфту на соҳиби соатро ва онро ба ман баргардонд. Дар ин хусус рӯзномаҳо хабар доданд ва баъди чанд рӯз номаи дигар гирифтам: «Ҷаноби азиз Чаплин! Як сол пеш дар метро соатамро дуздиданд. Дар рӯзномае хондам, ки як  кисабур онро ба шумо туҳфа кардааст. Насибатон кунад. Ва, азбаски ман на камтар аз он кисабур мухлисатон ҳастам, бароятон занҷири тиллои  соатро мефиристам». 
Таҳияи А. РАҲИМ

ЧӢ ТАВР МЕТАВОН САД СОЛ УМР ДИД?
(Идома аз «Шоми шанбе» - и гузашта)
Дуруст ғизо хӯрдан
Истеъмоли антиоксидантҳо раванди пиршавиро пешгирӣ мекунад. Ин моддаҳо дар таркиби карам, сабзӣ, қулфинай, моҳӣ, анор ва чойи сабз зиёданд. Ширинӣ ва чарбро низ кам бояд истеъмол кард, зеро инҳо шарикони фарбеҳшавӣ, диабет ва дигар бемориҳои ҷиддӣ мебошанд, ки раванди пириро метезонанд.
Дар Қуръони Маҷид таъкид шудааст, ки «Бо занон зисти накӯ намоед». Оиладории хуӣб ва муҳаббати тарафайн боиси дарозумрии зану шавҳар мешавад.
Нафақа баромадан маънои дар кунҷи хона хобида, рӯз то бегоҳ телевизор тамошо карданро надорад. Ҳар ҳафта, ҳар рӯз назди худ мақсаду вазифае гузошта, барои ба он расидан кӯшиш кунед. Масалан, буридани шохҳои зиёди дарахтон аз тирамоҳ то баҳор, тайёр намудани замин ба кишту кор, даравидан ё чидани алафҳои бегона аз киштзор, аёдати хешовандон, рафтан ба назди духтур, кори муздноки иловагӣ (дарс додан, ҳунар омӯзондан ба хоҳишмандон). Фаъолнокӣ яке аз шартҳои асосии дарозумрист. Жекка Колемани фаронсавӣ, ки 122 сол умр дид, дар 85 – солагӣ ба машқи камонварӣ шурӯъ кард. Баъди 100  – солагӣ бошад, ба велосипедронӣ оғоз намуд. Маҳмуд Айвазови озарбойҷонӣ,  ки 152 сол умр дид, то охири умр дар боғу саҳро кор мекард,  дар оби хунук оббозӣ намуда, дар ҳавои кушод мехобид. Ӯ кори ҳаррӯзаро яке аз шартҳои асосии дарозумрӣ меҳисобид.

Дилкушоду пуртабассум бошед
Муҳаққиқони Донишгоҳи Бостони ИМА миёни 246 нафар ашхоси аз 100 –  сола боло пурсиш гузарондан, муайян карданд, ки ҳамаи онҳо шахсони дилкушод, зиндадил,  пуртабассум ва ба оянда хушбин будаанд. Онҳо шӯхибардор, зарофатгӯ ва чеҳракушод  буда, озодона гапи дар дил доштаашонро баён мекарданд.
Таҳияи Сарвиноз ШОДМОНОВА

САБАДБИНО
Дар дунё биноҳои ғайриодӣ хеле зиёданд. Масалан, ба яке аз онҳо нигариста, ҳатман чойнӯшии саҳроӣ - пикник ба ёдатон мерасад. Бино ба шакли сабад сохта шудааст. Он дар иёлати Огайои Амрико қомат афрохтааст ва  қароргоҳ – бошгоҳи ширкати «Longaberger», ки ба истеҳсоли сабадҳои ҳархела машғул аст, ба шумор меравад.  
Фикри сохтани чунин бино нахуст ба сари Дейв Лонгбергер, асосгузори ширкати мазкур, омад. Аз ӯ хоҳиш намуданд, ки аз раъйаш баргардад, вале ин корро накард. Баъдтар маълум шуд, ки дуруст рафтор намудааст. Ба шарофати бинои ғайриодиаш  ширкат хеле маъмул гашт.
Рӯзона намуди он хеле аҷиб тобад ҳам, шабонгоҳ бо ёрии фурӯзонакҳои мухталиф аҷибтар менамояд.
Таҳияи Зебо НАЗАРЗОДА

ВАТЕРПОЛБОЗИ БЕҲТАРИНИ ДУНЁ, ТАКЯГОҲИ ГВАРДИОЛА
Дар мавриди сармураббии «Манчестер Сити» (Англия) Хосеп Гвардиола ҳамчун беҳтарин мураббии муосир бисёр гуфтаву навиштаанд. Вале Хосеп чунин натиҷаро дар танҳоӣ ба даст наоварда, дар ин кор саҳми ягона ёрдамчии ӯ Мануэл Эстиарт, ки дар клубҳои «Барселона», «Бавария» ва «Манчестер Сити» Гвардиоларо ҳамроҳӣ кардааст, бузург мебошад.
Мануэл Эстиарти испаниро дар таърихи варзиши тӯббозӣ дар об бозигари беҳтарин меҳисобанд. Барои дарки ин маъруфияти бузург лозим аст ба ёд биёварем, ки Эстиарт варзишгари беҳтарини Каталония (Испания) дар қарни XX дониста шуд, на кадоме аз футболбозони «Барселона».
Эстиарт дар тӯли 7 сол пай дар пай (аз соли 1986 то 1992) ватерполбози беҳтарини ҷаҳон гардид. Вай шаш карат дар Бозиҳои олимпӣ ширкат варзидааст ва ба чунин натиҷа аз рӯи намудҳои дигари варзиш танҳо ду варзишгар ноил гаштаанд. Дар маҷмӯъ, дар Бозиҳои олимпӣ Эстиарт 127 маротиб дарвозаи ҳарифонро рахна кардааст. Ӯ қаҳрамони Бозиҳои тобистонаи олимпии Атланта мебошад.
Эстиарт чемпиони ҷаҳон ва ду маротиб барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати Аврупо, панҷ карат қаҳрамони Испания, чор маротиб қаҳрамони Италия ва шаш бор барандаи Ҷоми Аврупо гардидааст. Чунин муваффақиятҳои ӯро ба назар гирифта ба Мануэл тахаллуси «делфини голзан» ва инчунин, «Марадона дар об»-ро додаанд.
Эстиарт дӯсти наздики Гвардиола буда, бо гузашти айём на танҳо дӯст, ҳамкор, балки такягоҳи асосии Хосеп шудааст.
Таҳияи Р. ИСМАТУЛЛОЕВ

МУАММО. КӢ БА КӢ КӢ МЕШАВАД?
Марде аз пули болои дарёи Нил мегузашт. Нафареро дид, ки дар тараддуди кашидани либосҳояш буд. Аз ӯ пурсид:
-Чӣ кор мекунӣ?
Гуфт:
-Худро ба об мепартоям.
Пурсид:
-Чӣ боис шудааст, ки худро ба об партофтаниӣ? Дарё наҳангҳо ва моҳиҳои азим дорад. Дар лаҳзае туро мехӯранд.
Гуфт:
-Мушкиле дорам, ки чандест ба худ банд кардааст. Аз барои он худро ба об партофта, ҳалок карданиам.
Дили роҳгузар сӯхт ва гуфт:
-Дардатро ба ман бигӯй, шояд ёрӣ дода тавонам.
Он мард гуфт:
-Ба зане хонадор шудам, ки духтари наврас дошт. Чун духтар ба балоғат расид, падарам ба ӯ хонадор шуду ҳоло он духтар ҳомила аст.
-Хайр ба ту чӣ? Бигузор оромона зиндагӣ кардан гиранд.
-Чӣ хел зиндагӣ кардан гиранд? – гашта пурсид марди худро ба об  мепартофта. Ва ба шарҳ пардохт:
-Духтари зани ману зани падарам фарзанд таваллуд кунад, пас он тифл ба ман кӣ мешавад? Падарам ба ман кӣ мешавад? Ман ба падарам кӣ мешавам? Занам ба ман кӣ мешавад? Ман ба занам кӣ мешавам? Духтари занам ба модараш кӣ мешавад? Модараш ба ӯ кӣ мешавад?
Чун мард суоли охирро такрор кард, роҳгузар низ дар тараддуди кашидани либосҳояш шуд.
Аз ӯ пурсид:
Чӣ кор карданиӣ?
Гуфт:
-Ман ҳам дар ҷавоби суолҳо гаранг шудам, худро ба об мепартоям.
Хонандаи гиромӣ! Кӣ аз ин муаммо чанд пайванди хешутаборӣ меёбад?
Масалан, тифл ба он мард ҳам додар мешаваду набера. Духтар ба он мард ҳам фарзанд ҳисоб меёбаду ҳам модар. Падараш ба ӯ ҳам падар асту ҳам домод...
Боқиро ки идома медиҳад?
Таҳияи Мирзои ФИРӮЗ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.12.2016    №: 237    Мутолиа карданд: 2181

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед