logo

порлумон

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШД. ЛОИҲАИ ОН ТО СОЛИ 2030 БА ТАСВИБ РАСИД

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум,  ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон, баргузор гардид, лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 - ро ба тасвиб расонданд.
Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии он иброз дошт, ки  ҳуҷҷати мазкур аз рӯи се принсипи асосӣ, аз ҷумла пешгирии осебпазирии рушди оянда, баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои миллӣ, рушд дар асоси навовариҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ – иқтисодии кишвар тарҳрезӣ гардидааст, ки дар натиҷаи амалисозии онҳо рушди устувори иқтисодиёти мамлакат то ба давраи дарозмуҳлат таъмин гардида, барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мусоидат мекунад. Вазири молия зикр кард, ки дар ҳуҷҷати стратегӣ се марҳилаи панҷсолаи рушд: солҳои 2016 – 2020 гузариш ба модели нави рушди иқтисодиёт, солҳои 2021 – 2025 рушди босуръати иқтисодиёт, ки бо ҷалби сармоягузорӣ асос меёбад ва солҳои 2026 – 2030 ба анҷом расондани индустрикунонии суръатнок тавассути баланд бардоштани иқтидорҳо бо назардошти рушди илм ва инноватсия пешбинӣ шудааст. Марҳилаи якум ба рушди соҳаи индустриалӣ заминаи воқеӣ мегузорад. Тавассути он афзоиши босуръати соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва молия таъмин гардида, барои ташкили ҷойҳои нави корӣ, дараҷаи баланди истеҳсолот, таҳкими иқтидори содиротии кишвар замина фароҳам меорад, ки дар натиҷа вобастагии иқтисодиёти кишвар аз омилҳои беруна коҳиш меёбад. Барои марҳилаи дуюми рушди иқтисодиёт ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ва тараққӣ додани бахши воқеии иқтисодиёт ва инфрасохтор хос мебошад. Дар ин марҳилаи стратегӣ амнияти энергетикӣ, ки ҳадафи он пурра қонеъ намудани талаботи иқтисодиёт бо захираҳои энергетикӣ мебошад, амалӣ мегардад. Масъалаи раҳоӣ ёфтани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра ҳал мегардад. Дар марҳилаи сеюм бошад, стратегияи рушди саноат ба ҷалби бевоситаи сармоягузорӣ асос ёфта, дигаргуншавии он дар заминаи илму техника ва инноватсия ба роҳ монда мешавад.
Назар ба гуфтаи вазири молия, сатҳи камбизоатӣ ду маротиба коҳиш ёфта, ҳиссаи табақаи миёна аз 22 дарсад ба 50 дарсад расонда мешавад. Иқтидори энергетикии кишвар аз 17 миллиард килловат ба 45 миллиард киловатт хоҳад расид. Зикр гардид, ки эҳтиёҷоти умумии молиявии ҳуҷҷати мазкур беш аз 118 миллиарду 100 миллион доллар, аз ҷумла аз ҳисоби сарчашмаҳои буҷетӣ 47,5 дарсад, бахши хусусӣ 46 дарсад ва шарикони рушд 6 дарсадро ташкил медиҳанд.
Дар маҷмӯъ стратегияи мазкур ҳамчун нақшаи фаъолият барои тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.12.2016    №: 237    Мутолиа карданд: 8423

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед