logo

иқтисод

ЛИМӮ. ҲАМКОРӢ БО ОЛИМОН САМАР МЕДИҲАД

Лимӯпарварони гармтарин минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияи Дарвоз  ҷамъоварии ҳосилро  ба анҷом  расонданд.   
 
Ба гуфтаи доктори илмҳои биологӣ, роҳбари  минтақаи илмӣ-  омӯзишии саҳроии Дашти Роғаки Институти биологии Помири  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  Амиршо Маҳрамов,  қисматҳои поёнии Дарвоз, аз мавзеъҳои Яхчисору Зиғару Хостав сар карда, то Курговаду Ҷорф ва Пошхарв барои рушди соҳаи  лимӯпарварӣ мусоид аст.  Зеро иқлими ин музофотҳо ва ҷодаҳои шафати шоҳроҳи Душанбе - Кӯлоб - Дарвоз - Хоруғ - Мурғоб - Қулма ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон баробар ва ҳамрангӣ дорад.
Аҳли заҳмати ноҳияи Дарвоз дар баробари  самтҳои дигари камхарҷи сердаромад, ба мисли замбӯриасалпарварӣ,  анору анҷир ва токпарварӣ,  инчунин ба парвариши меваҳои ситрусӣ низ диққати махсус медиҳанд. Алҳол дар минтақаҳои поёнии ноҳия, пеш аз ҳама хоҷагии деҳқонии «Роғак» - и Ҷамоати деҳоти Нулванд даҳҳо нафар сокинони рустонишин аз нахустин солҳои  соҳибистиқлолии кишвар ва ваҳдати миллӣ ба лимӯпарварӣ машғул мебошанд ва аз ин ҳисоб даромади калон мегиранд. Аз ҳама муҳимаш лимӯи Дарвоз аз ҷиҳати экологӣ хеле тоза ва болаззат мебошад.
Имрӯзҳо дар арафаи соли нави 2017 дар хоҷагии деҳқонии «Роғак», ки дорои бештар аз 40 лимӯхона мебошад ва даҳҳо хоҷагиҳои хусусии дигар ҷамъоварии лимӯ хуб ҷараён дорад. Ғозиҷон Шодиев сокини деҳаи Дуробаки Ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб гуфт, ки ӯ ва дигар ҳамдеҳагонаш аз лимӯхонаҳои худ аллакай аз 600 то 1000 килограмм лимӯ ва дигар анвои меваҳои ситрусӣ ҷамъоварӣ кардаанд, ки харидорон ва талабгорони зиёд дорад. Аҳли заҳмати ноҳияи Дарвоз тасмим гирифтаанд, ки бо кумаки олимони табиатшинос  минбаъд низ ба рушди лимӯпарварӣ диққати бештар хоҳанд дод, зеро ин соҳаи афзалиятнок заҳмати зиёд талаб намекунад, аммо сердаромад аст.
Сироншоҳи ДИЛОВАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.12.2016    №: 237    Мутолиа карданд: 1504

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед