logo

иқтисод

ТАРБИЯИ ЭКОЛОГӢ. ҶИДДӢ МАШҒУЛ НЕСТЕМ, ЧАРО?

Босуръат афзудани аҳолии рӯи замин ва инқилоби илму техника симои кунунии биосфера ва ҷараёнҳои табиии сайёраро тағйир додааст. Тағйироти дар ҳудуди биосфера баамаломада ба одамон хатарҳои гуногун пеш овард. Аз ин лиҳоз, ба аҳли башар лозим меояд, ки дар рафти хоҷагидории худ ба қонунҳои табиӣ  мувофиқ амал намуда, интиқоли энергия ва гардиши моддаҳоро дар ҳудуди биосфера дар як мувозинати муайян нигоҳ дорад.
Гузашти айём исбот мекунад, ки дигаргунии иқлим дар асоси фаъолияти худи инсон ба вуҷуд омадааст ва оқибатҳои фоҷиабори он ба тамоми кишварҳо ва сокинони сайёраи мо таҳдид мекунад. Далелҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки зиёни офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ҳамасола меафзояд. Офати табиие, ки соли 2015 рух дод, ба кишварамон зиёда аз 100 миллион доллари амрикоӣ хисорот овард. Тағйирёбии иқлим метавонад боиси об шудани пиряхҳои Помир ва зиёдшавии ҷараёни обии дарёҳои Осиёи Марказӣ гардад. Давоми солҳои 1970 - 2015 дар Тоҷикистон камшавии масоҳати пиряхҳо ва зиёдшавии офатҳои табиӣ ба мушоҳида расид. Аллакай гармии ҳаво суръати обшавии пиряхҳоро афзуда, то ҳазор пирях дар ҳоли нобудист. Гармшавии иқлим, махсусан дар зимистон, метавонад ба камшавии захираи об оварда расонад.
Камшавии захираҳои оби Тоҷикистон аз рӯи арзёбиҳои дигар бо афзоиши боришот баробар мешавад, ки дар натиҷа ҷараёни об ҳатто бештар мегардад. Ин далелу андешаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳоло тағйирёбии иқлим ба захираҳои обии кишварамон таъсир расонда истодааст.
Аз ин рӯ, инсон метавонад, ки дар беҳтар кардани шароити тағйирёбии иқлим талош намояд. Аҳолӣ бояд дарк кунад, ки ҷамъ шудани партовҳо, афзоиш ёфтани ихроҷи газҳои парникӣ, буридани дарахтон, биёбоншавӣ ва муносибати нодуруст бо табиат чӣ оқибатҳои ногувор дорад. Масалан,  сабаби рух додани хатарҳои экологӣ партофтани партовҳо ба селроҳаҳо боиси пуршавии сойҳо гашта, ҳангоми боришоти зиёд сел маҷрои худро иваз менамояд. Ҳамчунин, обёрии заминҳо ба воситаи ҷӯйбор  ва қубурҳо дар талу теппаҳо баъзан боиси пайдоиши ярч мегардад. Сари вақт нагузарондани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар қитъаҳои нисбатан хатарноки соҳили дарёҳо бо нишондоди мушоҳидаҳои чандинсола ва хусусиятҳои гидрологии дарёҳо ба зиёдшавии селҳо дар мавсими обхезӣ мусоидат мекунад.
Хуллас, дар оғози асри XXI ҳифзи муҳити зист яке аз масъалаи муҳими ҳаёти инсон гардид. Ташкили тарбияи самараноки экологии шаҳрвандон имконият фароҳам меорад, ки инсон муҳити зист ва биосфераро ҳимоя кунад, тоза нигоҳ дошта, худ дар он сиҳату саломат умр ба сар бибарад ва муҳити аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба наслҳои оянда боқӣ гузорад. Тарбияи экологӣ ва ҳифзи муҳити зист пеш аз ҳама ҳимояи генофонди миллатро дар назар дорад. Бояд ҳар як шахс дар фаъолияти худ ба табиат ғамхорона муносибат намояд.
Қиёмуддин ГУЛМИРЗОЕВ,
корманди Осорхонаи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.12.2016    №: 237    Мутолиа карданд: 1551

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед