logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ: "АЗ САТҲИ ИМРӮЗАИ ҲАМКОРИҲО ҚАНОАТМАНДЕМ"

Изҳороти матбуотии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  аз рӯи натиҷаҳои мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан, Чехия, 1 декабри соли 2016

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
хонумҳо ва ҷанобон!
Сараввал, мехостам қаноатмандии хешро аз натиҷаҳои мулоқот бо Президенти Чехияи дӯст, Ҷаноби Олӣ Милош Земан ва дигар шахсони расмӣ, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни ният баргузор гардиданд, иброз намоям.
Музокироти мазкурро мо ҳамчун идомаи муколамаи созандаи байни ду кишвар дар сатҳи баланду олӣ медонем ва натиҷаҳои онҳоро самарабахш арзёбӣ менамоем.
Дар ҷараёни суҳбати хоса ва музокироти васеи ҳайатҳо мо маҷмӯи васеи масъалаҳои марбут ба муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор додем. Мо, инчунин атрофи  масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ табодули андеша намудем.
Зимни сафар бастаи нави санадҳои ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расид, ки асоси шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳои моро  васеътар гардонид.
Тоҷикистон дар стратегияи байналмилалии худ ба самти аврупоӣ таваҷҷуҳи хоса дорад. Робитаҳои мо бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо, бахусус бо Ҷумҳурии Чехия дар асоси анъанаҳои неки дӯстӣ, эътимод ва эҳтироми мутақобила ташаккул  ёфтаанд. Мо Чехияро дар Аврупо ба сифати шарики муҳими худ эътироф кардаем ва аз сатҳи имрӯзаи ҳамкориҳои дуҷонибаи худ бо он изҳори қаноатмандӣ менамоем.
Ҳамзамон, таъкид карданиам, ки барои рушду тавсеаи онҳо дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн  имкониятҳои фарох вуҷуд доранд. Соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноату энергетика, сармоягузорӣ, маориф, илму фарҳанг, тандурустӣ, туризм ва амният аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки ду кишвар метавонанд дар онҳо доираи робитаҳояшонро тавсеа бахшанд.
Зимнан, мо ҳавасмандии худро ҷиҳати бо иқдомҳои мушаххас ғанӣ гардондани ҳамкориҳои ҷонибҳо дар бахшҳои бунёдӣ ва воқеии иқтисодиёт эълом намудем.
Дар рафти музокирот ба масъалаи рушди ҳамкориҳо дар бахши хусусӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир  карда шуд. Мо даъват ба амал овардем, ки ширкатҳои чехӣ бо истифода аз технологияҳои навин ва сармояи худ дар иқтисодиёти мо фаъолият намоянд ва омодаем, ки ба онҳо шароити мусоид фароҳам  созем.
Ҷониби Тоҷикистон инчунин бар он назар аст, ки рушди робитаҳои гуманитарӣ доираи муносиботи дуҷонибаи кишварҳоямонро дучанд васеъ хоҳад гардонд.
Мо таҳсили донишҷӯёни тоҷикро дар донишгоҳҳои Чехия ва табодули устодону толибилмонро ҳамчун омили таҳкимбахши ин раванд медонем.
Ҷонибҳо манфиатдории худро аз рушди тамосҳои сиёсӣ ва ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ изҳор намуданд.
Зимнан, мавқеи ҳамсон ё ягонаи ҷонибҳо барои тақвияти мубориза алайҳи чунин падидаҳои харобиовари ҷаҳони муосир, аз қабили терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояткории фаромиллӣ таъкид гардид.
Дар рафти музокирот мо атрофи  қазияи Афғонистон мубодилаи афкор намудем. Вобаста ба масъалаи мазкур мо ба натиҷа расидем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд муттаҳидона баҳри истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон, аз ҷумла тавассути мусоидат ба эҳёи иҷтимоию иқтисодии он чораҳои муассир андешад.
Дар хотима, мехоҳам бори дигар ба ҳамтои худ, Президенти муҳтарами Чехия барои даъват  ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ, ҳамчунин меҳмоннавозӣ   дар сарзамини Чехия  изҳори сипос намоям.
Ташаккур.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.12.2016    №: 237    Мутолиа карданд: 2116

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед