logo

сиёсат

САФАРИ РАСМИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ЧЕХИЯ

Субҳи  1 - уми декабри соли равон муқаррароти расмии истиқболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Чехия ташриф оварданд, дар саҳни Қасри Прагаи Ҷумҳурии Чехия баргузор шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан самимона истиқбол гирифта, ба шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуд.
Ба муносибати ташрифи меҳмони олиқадр ҷузъу томҳои горди фахрӣ, оркестри асбобҳои нафасии Чехия ва ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб саф оростанд. Пас аз садо додани сурудҳои миллии ду давлат фармондеҳи горди фахрии Чехия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод.
Зимни гузашт аз назди ҷузъу томҳои горди фахрӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон эҳтироми Парчами давлатии Ҷумҳурии Чехияро ба ҷо оварда, баъдан бо Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан бо ҳайати расмии ду ҷониб шинос шуданд.
Баъди шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар толори бузурги Қасри Прагаи Ҷумҳурии Чехия бо нияту орзуҳои неки дӯстона дар китоби меҳмонҳои фахрӣ соядаст гузошт.

Мулоқоту музокироти сатҳи баланди Тоҷикистон ва Чехия
1 декабр баррасии масоили рушду густариши ҳамкорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Чехия дар мулоқоти хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан оғоз гардида, сипас дар музокироти сатҳи баланд бо иштироки ҳайатҳои расмӣ идома ёфт.
Дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки муносибатҳои Тоҷикистон бо Чехия ҳамчун шарики боэътимод дар арсаи байналмилалӣ ва ҳалқаи пайвандгари Тоҷикистон бо Аврупо аз афзалиятҳои сиёсати хориҷӣ ба шумор рафта,  ҷониби Тоҷикистон ба дурнамои бобарори робитаҳои байнидавлатӣ, ки пояи ҳуқуқии онро 8 санади ҳамкорӣ ташкил медиҳад, эътимоди комил дорад.
Таъкид гардид, ки наздикию мувофиқати мавқеъ ва нақши давлатҳо дар масъалаҳои калидии байналмилалӣ пояи боэътимоди тавсеаи ҳамкориҳо дар тамоми арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошанд.
Ҳар ду ҷониб таъсиси Гурӯҳи доимии байнисоҳавии Тоҷикистону Чехия оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва саноатиро дар таърихи робитаҳои байнидавлатӣ иқдоми муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, аз имконияту иқтидорҳои истифоданашудаи зиёд дар муомилоти тиҷоративу иқтисодии ду кишвар ёдовар шуданд .
Таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маъданҳои кӯҳӣ, сангу металлҳои қиматбаҳо, маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳо дар соҳаҳои саноати хӯрокворӣ ва истеҳсоли маводи рӯзғор аз алюминий, соҳаҳои фармасевтика, коммуникатсия ва сохтмони сардхонаву гармхонаҳо аз лоиҳаҳои манфиатовари Тоҷикистон арзёбӣ шуданд, ки доираи тоҷирону соҳибкорони Чехия метавонанд дар татбиқи онҳо фаъолона иштирок намоянд.
Ҳамчунин барои тавсеаи бештари ҳамкориҳо дар соҳаи гидроэнергетика, аз ҷумла иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои сохтмони хатҳои интиқоли барқ ва бунёди неругоҳҳои хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуданд.
Ҷалби технологияҳои муосири Чехия барои бунёди корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири дар бозорҳои Осиёи Марказию Ҷанубӣ харидор дошта аз воситаву имкониятҳои нави ҳамкории доираи тоҷирону соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия арзёбӣ гардид.
Барои тақвияти бештари муносибатҳои фарҳангию гуманитарӣ ва рушди бемайлони ҳамкорӣ дар соҳаи туризм, аз ҷумла туризми табобативу кӯҳнавардӣ ҳавасмандии зиёд зоҳир карда шуд.
Дар соҳаи маориф муҳимияти ҳамкории байнидавлатии Тоҷикистон ва Чехия дар самти табодули таҷрибаи устодону донишҷӯёни ҳар ду кишвар, ба таҳсил фаро гирифтани донишҷӯёни Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Чехия дар доираи барномаҳои таҳсилотии Иттиҳоди Аврупо, ба мисли Темпус, Эразмус Мундус, Эразмус плюс ва ҷудо намудани теъдоди бештари квотаҳо барои таҳсили толибилмони тоҷик дар донишгоҳҳои Чехия таъкид гардид.
Дар музокироти сатҳи баланд ҳамчунин доир ба рушди ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ мароқ зоҳир гардида, барои муборизаи муштарак ба муқобили терроризми байналхалқӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккилона, ҳамзамон иштироки фаъол дар таъмини амнияти суботи Афғонистон изҳори омодагию ҳавасмандӣ карда шуд.
Мулоқоту музокироти сатҳи баланди имрӯза идомаи муколамаи мунтазами сиёсӣ ва натиҷаи равобити бобарори ду давлат арзёбӣ гардид ва изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои сафари расмии роҳбарияти сатҳи олии Тоҷикистон ба Чехия боз як қадами муҳиму боварибахш дар рушди муносибатҳои муосири дуҷониба хоҳад шуд.

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ
Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ 2 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Нахуст сарони давлатҳо Изҳороти муштараки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия оид ба таҳкими ҳамкориҳоро қабул карданд.
Сипас, дар ҳузури сарони давлатҳо Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Чехия оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид.
Ҳамчунин, дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Чехия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Чехия аз ҷониби прокуророни генералии ҳар ду кишвар имзо карда шуд.
Баъди анҷоми расмиёти имзои санадҳои дуҷониба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан дар ҳузури намояндагони васоити ахбори омма бо изҳороти матбуотӣ баромад карда, натиҷаҳои музокироту мулоқотҳои дуҷониба ва имзои санадҳои нави ҳамкориро дар таърихи муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Чехия рӯйдоди пурарзиш маънидод намуданд.

Мулоқот бо Богуслав Соботка
1 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Чехия бо Сарвазири ин кишвар Богуслав Соботка  вохӯрданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунии ҳамкорӣ ва дарёфти роҳҳои нави рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чехия баррасӣ шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор доштанд, ки мо ба сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону ҷумҳурии ба мо дӯсти Чехия ва Иттиҳоди Аврупо баҳои баланд медиҳем. Мо аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупоро яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии худ пазируфтаем.
Аз таҷрибаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Чехия изҳори қаноатмандӣ карда, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баргузории мулоқоту вохӯриҳо миёни доираҳои соҳибкории ду кишвар, иштирок дар чорабиниҳои иқтисодиву сармоягузорӣ ва роҳандозии тамосҳои мустақими корӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштаракро омили дигари таъмиқи равобити дӯстию ҳамкорӣ номиданд.
Ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, нақлиёт, технологияи нави коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, туризм ва ҷалби сармояи Чехия низ аз самтҳои афзалиятноки робитаҳои дуҷониба номида шуд.
Дар мулоқот оид ба вазъи минтақа ва ҷаҳон, масъалаи ҳалли қазияи сиёсию низомии Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Боздид аз Боғи ботаникии Прага ва қалъаи Конопиште

2 декабр дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Чехия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеъҳои зебо ва қадимаю таърихии ин кишвар боздид ба амал оварданд.
Нахуст Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Боғи ботаникии Трояи Прага ташриф оварда, бо дарахтон, гулу буттаҳо ва дигар рустаниҳои нодири ороишию табобатии он шинос шуданд. Боғи ботаникӣ аз якчанд қисм иборат буда, дар баробари парвариши набототи гуногун, он ҳамчунин ба як мавзеи хушбоду ҳаво барои дӯстдорони табиат ва маҳали тамошову истироҳати меҳмонону сокинон мубаддал гардидааст.
Ҳудуди боғ 70 гектарро ташкил дода, дар заминҳои талу теппа ҷойгир аст ва дар он парвариши беш аз 7000 навъи ниҳол ва гулу буттаҳои ороишӣ, инчунин дарахтони бисёрсолаву рустаниҳои табобатӣ ба роҳ монда шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо боғи ботаникӣ ба навъҳои дарахтони бисёрсола, ороишӣ ва гулу буттаҳои ба иқлими кишвари мо мутобиқ бештар таваҷҷуҳ карданд. Таъкид гардид, ки барои табодули таҷриба дар самти парвариши ниҳолҳо ва набототи гуногун ҳамкории зичи олимони соҳа зарур аст.
Ҳамчунин, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Прага ба қалъаи таърихии Конопиште ташриф оварданд.
Қалъаи Конопиште дар асри 13 аз тарафи епископ Тобиаш бунёд шудааст. Охирон соҳиби қалъа дар аввалҳои асри 20 - ум вориси императори Австрия Франтс Фердинанд д, Эсте буд.
Масоҳати умумии ҳудуди қалъа наздики 225 гектарро ташкил дода, аз боғи дарахтону буттаҳои нодир, боғи садбарг бо муҷассамаҳо иборат аст ва он аз ёдгориҳои қадима, таърихӣ ва фарҳангии Чехия маҳсуб меёбад. Масоҳати бинои дохили қалъа 2800 метри мураббаъ буда, аз 125 толору ҳуҷраҳои гуногунҳаҷм иборат аст. Дар қалъа 4600 адад силоҳи гуногун ва лавозимоти ҷангии давраи асри 18 нигоҳ дошта шудаанд. Инчунин, 30 ҳазор адад асбоби рӯзгордории антиқа ҷамъ оварда шудааст. Дар маҷмӯъ дар Конопиште беш аз 100 ҳазор нигораи нодир аз сайдҳои шикоршуда, зарфу асбобҳои хоҷагӣ, китобу дастхатҳо маҳфуз аст.
Боғи зебои англисӣ, коллексияи ашёҳои фарфорӣ, оинабандии толорҳо, ашёҳои гуногун, мизу курсиҳо, аксу мусаввараҳои гаронбаҳо ва нигораҳои нодиру қиматбаҳои аслиҳаи шикории асримиёнагӣ дар ҳудуди Аврупо ва лавозимоти шикорӣ ба Конопиште шуҳрати таърихӣ овардаанд ва он то имрӯз ҳамчун қалъаи нодир маҳсуб меёбад.
Баъди тамошои қалъаи Конопиште бо нишони эҳтиром ба таъриху тамаддуни халқи чех Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар китоби меҳмонони олиқадр соядаст гузоштанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.12.2016    №: 237    Мутолиа карданд: 2032

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед