logo

иқтисод

РОҲ БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ. ҲАДАФ АЗ ШАРИКИИ ДАВЛАТ БО БАХШИ ХУСУСӢ

Муассисаи давлатии  “Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ” - и  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ аз зумраи дастовардҳои назарраси Ҳукумати кишвар дар фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ мебошад.

- Низоми шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар иқтисодиёти мамлакат механизми нав буда, амалӣ сохтани муқаррароти он ҷиҳати рушди устувори ҳамаи соҳаҳо аҳамияти хоса дорад. Он дар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон маъмул гашта, ба ин восита лоиҳаҳои бузурги  инфрасохторӣ  ва  иҷтимоӣ амалӣ  карда  мешаванд, - иброз дошт Исфандиёр Усмонзода,  сарвари муассиса.
Рушди иқтисодиёти мамлакат ба маблағгузории соҳибкорони ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ вобастагии зич дорад. Дар ин самт барои рафъи мушкилиҳо ва  пешбурди иқтисодиёт иштироки давлат  аз рӯйи имкониятҳои молиявию қонунгузорӣ ба роҳ монда мешавад. Бо тавсеа ёфтани имкониятҳои соҳибкорон ҳалли масъалаҳои муҳими иқтисодию иҷтимоии ҷомеа низ имконпазир мегардад.
Ба гуфтаи Исфандиёр Усмонзода, имрӯз Тоҷикистон дар марҳилаи аввали рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ қарор дорад. Татбиқи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ”, ки дар асоси таҷрибаи байналмилалӣ қабул гардид, аз вазифаҳои аввалиндараҷа дар ин ҷода мебошад.  Низоми  номбурда, пеш аз ҳама барои истифодаи самараноки захираи бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ, ба ин васила  таъмини рушди устувори иқтисодӣ роҳандозӣ гардидааст. Ҳамкории босамари давлат бо ширкатҳои алоҳидаи истеҳсолию тиҷоратӣ солҳои охир аз пешрафти иқтисоди кишвар дарак медиҳад. Таҷриба нишон дод, ки интихоби шарикони хусусӣ барои татбиқи лоиҳаҳо аксаран ба тариқи музояда аз рӯйи ду  марҳила -  интихоби пешакӣ ва интихоби ғолиби музояда сурат мегирад. Ҳоло дар ин самт барои муайян сохтани модели рушди соҳаҳои бахши давлатӣ ва хусусӣ,  густариши муносибатҳои бозорӣ  ва дарёфти  манбаъҳои нави маблағгузорӣ таъсиси сохтори алоҳида пешбинӣ шудааст. Роҳкушоӣ ба бозори ҷаҳонӣ барои истеҳсолгарону соҳаҳои хизматрасонии ҷумҳурӣ ҳадафи ниҳоии он аст. Ҳукумати ҷумҳурӣ барои сохтмони инфрасохтор ва хизматрасонии ҷамъиятӣ дар кишвар заминаҳоро фароҳам сохтааст. Ташкили чунин ниҳоди махсус барои густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва баромадан ба бозори ҷаҳонӣ мусоидат менамояд. Инчунин, манбаъҳои бузурги сармоягузорӣ дар асоси имкониятҳои мавҷудаи табиии кишвар ба таври васеъ истифода мегарданд. 
У. МУРОД,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.12.2016    №: 238    Мутолиа карданд: 1410

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед