logo

иқтисод

ЗАМИН ТО НАГИРАД НАМЕДИҲАД

Дар ҷумҳурӣ 753083  гектар замини обӣ мавҷуд аст. Соли 2016 сохторҳои Агентии беҳдошти замин  ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 6580 истифодабарандаи об дар майдони 555102 гектар шартнома бастанд, ки 98 дарсади дурнаморо ташкил медиҳад. Таъмин нагаштани иҷрои дурнамо аз ҳисоби идораҳои давлатии ВМКБ (25%), ноҳияҳои Шаҳритуз (85%), Вахш (87%) ва Шаҳринав (89%) ба миён омадааст. Сардори Раёсати ҳавзавии беҳдошти замин ва обёрии агентӣ Шафоат Назифов дар суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” оид ба ин масъала  ибрози андеша намуд:

- Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо дар мавсими обёрии соли 2016 фаъолиятро хуб ба роҳ монда, новобаста аз мушкилиҳои ҷойдошта мавсими обёриро муташаккилона ба анҷом расонда истодаанд. – Дар соли ҷорӣ тибқи дархости кишоварзон барои 4 миллиарду 324,6 миллион метри мукааб, бо арзиши 74378,7 ҳазор сомонӣ хизматрасонӣ мавриди таъминоти об анҷом дода шудааст.  Ҳама истифодабарандагон меъёри муайяни обро гирифтанд.
Мавриди  зикр  аст,  ки омили асосии пешрафти фаъолияти молиявии соҳа аз ҷамъоварии  ҳаққи хизмати обрасонӣ вобастагӣ дорад. Алҳол пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ ҳамагӣ 31166  ҳазор сомонӣ таъмин гаштааст, ки 42 дарсади ҳаққи оби додашударо ташкил менамояд. Ҷамъоварии ҳаққи хизмати обрасониро идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии  ноҳияҳои Тоҷикобод (144%), Сангвор (126%), Нуробод (120%), Ховалинг (100%) таъмин намуданд. Ҳарчанд имсол нисбат ба соли гузашта ҷамъоварии ҳаққи хизмати обрасонӣ дар вилояти Хатлон 44,9 ҳазор,  Суғд 1581 ҳазор, ВМКБ 12,4 ҳазор, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 181,2 ҳазор сомонӣ  зиёд шуда бошад ҳам, қарзи обистифодабарандагон рӯ ба афзоиш дорад.
Масъалаи истифодаи пурраи замини киштбоб ҳанӯз нигаронкунанда мебошад. Чунончи, дар ҷумҳурӣ 45270 гектар замин ба таври ғайриқаноатбахш истифода бурда мешавад.    
Мебоист дар соли 2016 ҳолати  мелиоративии 7839 гектар замин ба маблағи 9742 ҳазор сомонӣ беҳ гардад. Дар нуҳ моҳ корҳои мелиоративӣ  ба маблағи 5582 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонда шуда, ҳолати 5329 гектар замин ҷавобгӯйи талаботи замон гардонда шудааст.
Ташкили сусти фаъолияти идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии  ВМКБ, ноҳияҳои Носири Хусрав, Шаҳритуз, Бохтар, Панҷ, Хуросон, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Восеъ, Фархор, Ваҳдат ва Раштро зикр кардан ба маврид аст.
Мирзои ФИРӮЗ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.12.2016    №: 238    Мутолиа карданд: 1458

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед