logo

ҳуқуқ

БАРОДАРОНИ ГУМРОҲ. ДУ НАФАР ДАР КОФТУКОВ ВА ДУИ ДИГАР РАВОНАИ ЗИНДОН ШУД

Дар ҷомеа, мутаассифона, ҳанӯз ҳам нафарони гумроҳе пайдо мешаванд, ки ба ҷойи шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати пойдор, Тоҷикистони соҳибистиқлолу шукуфон фирефтаи ваъдаҳои дурӯғини гурӯҳҳои ҷиноятпеша гардида, ба доми фиреби онҳо меафтанд.  Ба ин оилаи Ҳалимовҳо, ки пойбанди хоҷагони дохилию хориҷӣ гардида, ба иттиҳоди ҷиноятии  экстремистӣ (ифротгароӣ) - террористии «Давлати Исломӣ»   пайвастаанд, мисол шуда метавонад.
Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе  парвандаи ҷиноятиро нисбат ба Ҳалимов Сайдулло Мирзоевич бо моддаҳои 187 қисми 2, 36 қисми 5 - 4011, 32 қисми 1 - 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳалимов Хушвахт Мирзоевич бо моддаҳои 187 қисми 2, 1792  қисми 3 банди “а”, 32 қисми 3 - 4011 ҳамин кодекс моҳиятан баррасӣ кард. Зимни баррасии парвандаи ҷиноятӣ маълум гашт, ки сокинони деҳаи Шайнаки Чинор, деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бародарон Ҳалимовҳо  аъзои фаъоли гурӯҳи «Давлати Исломӣ» гардида, даст ба ҷиноят задаанд. Масалан, Муродалӣ Ҳалимов бо тахаллуси «БОСС» тавассути барномаи интернетии «Viber» ва «WhatsApp» моҳи июни соли гузашта ҳангоми дар муҳоҷирати корӣ дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия қарор доштанаш, барои иштирок дар иттиҳоди ҷиноятии  экстремистӣ (ифротгароӣ) - террористии «Давлати Исломӣ»  ризоият дода, аъзои ин ташкилот гардидааст.
Номбурда дидаю дониста ғоя ва ақидаҳои ин гурӯҳро ҷонибдорӣ намуда, иҷрои ҳаракатҳоеро, ки бо нақша ва мақсадҳои фаъолияти иттиҳоди ҷиноятии мазкур рабт доранд, дар қаламрави кишвар ба уҳда гирифтааст. Аз ҷумла, бо мақсади дар Тоҷикистон ба амал баровардани мақсадҳои фаъолияти ташкилоти экстремистӣ-террористии «Давлати Исломӣ» моҳи августи соли гузашта аз муҳоҷирати корӣ баргашта, бо супориши аъзои фаъоли ташкилоти ҷиноятии мазкур - бародараш Муродалӣ Ҳалимов ба худ тахаллуси «Абдураҳмон» монда, маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ва шахсони мақсади иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи давлати Сурия доштаро ба зимма гирифтааст. Вай, бо ин мақсад моҳи феврали соли равон тавассути роҳнамоии бародари дигараш Нурулло  Ҳалимов аз аъзои ташкилоти экстремистии “Давлати Исломӣ” Суннатуллои Э., сокини ноҳияи Фирдавсии  шаҳри Душанбе, 1000 доллари ИМА гирифта, онро барои ба Сурия рафтани аъзои ин ташкилоти ҷиноятӣ сарф кардааст.
Нурулло Ҳалимов аввалҳои моҳи марти соли ҷорӣ тавассути барномаи интернетии «Viber» дар бораи ба Туркия расиданаш ба бародараш Сайдулло Ҳалимов хабар дода, супориш додааст, ки ҳамсараш Моҳира Қаландарова ва фарзандони хурдсолаш Лутфулло ва Гулзодаро ба Туркия фиристад.  С. Ҳалимов аз рӯи супориши додараш амал намуда, 5 майи соли равон ҳамсари ӯро бо фарзандонаш аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба Туркия мефиристад. Ҳамчунин, Хушвахт  Ҳалимов бо даъвати бародараш Муродалӣ Ҳалимов мақсади тавассути вилояти Челябинскии Федератсияи Русия ба Туркия ва аз он ҷо ба Сурия рафта, дар задухӯрдҳои мусаллаҳона иштирок намуданро кардааст. Дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ ин кирдори ҷинояткоронаи Х. М. Ҳалимов ва шариконаш аз ҷониби кормандони милитсия ошкор ва худи ӯ дастгир гардид. Нисбат ба Суннатуллои Э. бо моддаҳои 36 қисми 5 – 4011, 1792 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбат ба Н. М. Ҳалимов бо моддаи 4011 ҳамин кодекс ва нисбат ба М. М. Ҳалимов бо моддаҳои 187 қисми 2, 3073 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, онҳо дар кофтукови расмӣ қарор доранд.
Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо ҳукми худ, аз 27 октябри соли 2016, ба  судшаванда Х. М. Ҳалимов ҷазои ниҳоӣ 17  сол маҳрум сохтан аз озодӣ, бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт таъйин намуд. Ба судшаванда С. М. Ҳалимов бошад, ҷазои ниҳоӣ 15 сол маҳрум сохтан аз озодӣ, бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт таъйин кард.
Ҳадаф аз пешкаши хонанда гардондани ин мурофиаи судӣ дар он аст, ки наврасону ҷавонони кишвар фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди гурӯҳҳои ифротӣ нашаванд, ба қадри Тоҷикистони ободу зебо - хонаи умеди ҳамаи мо бирасанд, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд. Барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими сулҳу суботи кишвар, боз ҳам ободу зебо гардондани Ватани маҳбуб ва фароҳам овардани шароити арзандаи  зиндагӣ ба ҳар як сокини мамлакат саъю талоши доимӣ намоянд.
Додоҷон РӮЗИЕВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.12.2016    №: 238    Мутолиа карданд: 2792

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед