logo

иҷтимоиёт

ОФТАЛМОЛОГҲО НАМЕРАСАНД. ЧӢ БОЯД КАРД?

Табибон - офталмологҳо аз  шиддатёбии   бемории парда гирифтани чашм изҳори нигаронӣ мекунанд. Вақтҳои охир ба ин намуди беморӣ ҷавонон ва наврасон бештар гирифтор шуда истодаанд.

Дар Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм давоми нуҳ моҳи соли равон  3 ҳазору 205 нафар беморон муолиҷа ёфтаанд, ки аксар гирифтори бемориҳои парда гирифтани чашм, қарния ва оби марворид мебошанд. Ба шуъбаи дармонгоҳии марказ 4195 нафар муроҷиат намудааст, ки аз онҳо 1764 нафарашро кӯдакон ташкил медиҳанд.
Яке аз сабабҳои асосии паҳн гардидан ва сари вақт муолиҷа нашудани беморони чашм норасоии табибон – офталмологҳо мебошад.  Мувофиқи иттилои пешниҳод намудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дар кишвар ҳамагӣ  258 табиби бемории чашм фаъолият менамоянд. Дар худи маркази ҷумҳуриявӣ танҳо 25 нафар табиб ба беморон хизмат мерасонанд, ки аз онҳо 7 нафараш табибони ҷарроҳ  мебошанд. Ин, албатта, хеле кам аст.
Маркази клиникии бемориҳои чашм муассисаи ҷумҳуриявӣ буда, дар он беморон сарфи назар аз маҳали зисташон ба  муолиҷа  фаро  гирифта мешаванд. Вале, ин маънои онро надорад, ки марказ метавонад тамоми беморонро ба табобат фаро гирифта тавонад.
Норасоии шадиди духтурони чашм дар баъзе ноҳияҳои дурдасти кишвар вазъро хеле мушкил гардондааст. Ин ҳолат боиси сари вақт ба табиб муроҷиат накардани беморон мегардад. Маризони мо, аксаран вақте ки бемориро ба марҳалаи вазнин мерасонанд, баъд ба назди табибони чашм ба шаҳр меоянд.
Агар вазъи баамаломадаро таҳлил намоем, аз теъдоди бемороне ки дар ин давра ба муолиҷа фаро гирифта шуданд, 40 дардсадашонро кӯдакон ташкил медиҳанд. Масъулон ва муҳаққиқони соҳаро зарур аст, ки ҳар чӣ зудтар омилҳои пайдо шудани ин бемориро миёни кӯдакон таҳлил намуда, роҳҳои пешгирии онро муайян созанд.
Чуноне ки маълум аст, чашм яке аз асоситарин узви инсон ба ҳисоб меравад. Ба ин хотир, ҳар як кас пайваста бояд аз назорати духтури чашм гузарад. Бо пайдо шудани камтарин нуқсон бояд, ки  ба табибон муроҷиат намоем. Зеро дар аксари ҳолатҳо беморон марҳилаҳои пешгирии бемориро мегузаронанд, ки рафти табобати онро хеле мушкил мегардонад. Чашмро, ҳамчунин, аз сардиву офтоб хӯрдан бояд эҳтиёт кард. 
Меҳриннисо НАЗИФОВА,  
муовини директори Маркази ҷумҳуриявии
клиникии бемориҳои чашм


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.12.2016    №: 238    Мутолиа карданд: 2598

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед