logo

маориф

МУҲАҚҚИҚ. ИН БОР СУХАН АЗ МУҚБИЛШО АЛАМШОЕВ

Муқбилшо Аламшоев хатмкардаи Институти давлатии педагогии ба номи Т.  Г. Шевченкои шаҳри Душанбе (ҳозира  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) мебошад.

Баъд аз хатми донишгоҳ ва фаъолияти даҳсолаи омӯзгорӣ М. Аламшоев ҳамчун унвонҷӯи Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ  қабул гардида, мавзӯяш тасдиқ ва худаш  ба вазифаи ходими хурди илмии шуъбаи помиршиносии базаи Академияи илмҳо қабул мешавад. Дар ин давра ӯ роҳу равиши кори тадқиқотиро аз забоншиносони машҳури тоҷик Л. Хромов,  Т. Хаскашев,  М. Файзов  ва дигарон меомӯзад. Соли 1992 таҳти роҳбарии Александр Грюнберг ва Додхудо Карамшоев рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Системаи ҷонишинҳои забони шуғнонӣ» омода намуда, ҳамон сол онро дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ҳимоя мекунад. Баъди ҳимояи рисолаи номзадӣ дар Институти илмҳои гуманитарии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъ-олияти илмиашро идома медиҳад. Соли 2002 дар Институти тадқиқотҳои лингвистии Академияи илмҳои Федератсияи Русия дар  мавзӯи  «Лексикаи чорводории забони шуғнонӣ аз нуқтаи назари этнолингвистӣ ва муқоисаи таърихӣ»  рисолаи докторӣ низ ҳимоя менамояд. 
Ба сифати омӯзгор ва ходими илмӣ ӯ ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки сатҳи таълиму тарбия дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва донишгоҳҳо баланд бардошта шавад. Дар ин муддат 6 монография таҳия ва нашр намудааст. Дар монографияи «Системаи ҷонишинҳои забонҳои гурӯҳи шуғнонӣ - рӯшонӣ» ҷиҳатҳои маъноӣ, пайдоиш, хусусиятҳои морфологию  вазифаи синтаксисии ҷонишинҳоро баррасӣ намудааст. Доктори илмҳои филология  Муқбилшо Аламшоев  аввалин шахсест, ки доир ба этнолингвистикаи Помир баъди Зарубин ва Стеблин – Каменский тадқиқот гузарондааст. Соли 2002 “Луғати  соҳаи чорводории забони шуғнонӣ” - ро ба табъ расонд ва бо ҳамин роҳ калимоти ин соҳа, ки хатари аз байнравиашон дар забонҳои бехат зиёд буд, нигоҳ дошт. Дар  монографияи “Лексикаи чорводории забони шуғнонӣ аз нуқтаи назари этнолингвистӣ ва муқоисавӣ - таърихӣ”, ки соли 2007 ба дасти чоп расид, устод аввалин маротиба лексикаи марбут ба чорводориро дар забонҳои бехат (дар мисоли забонҳои шуғнонӣ  ва рӯшонӣ)   мавриди ҷамъоварӣ ва тадқиқот қарор дода, маънои калимаҳоро шарҳу тафсир ва  этимологияи калимаҳоро нишон додааст.
Муқбилшо Аламшоев барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ “Алифбои забони шуғнонӣ” - ро ба чоп расонд (1996). Соли 2015 барои тоҷикзабононе, ки хоҳиши омӯхтани забони шуғнониро доранд, “Дастури забони шуғнонӣ” - ро омода намуд.
М. БРОИМШОЕВА,
ходими калони илмии Институти илмҳои
гуманитарии ба номи Б. Искандарови АИ ҶТ,
номзади илми филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.12.2016    №: 238    Мутолиа карданд: 6524

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед