logo

иқтисод

РЕЗАТИЛЛО. ИСТИХРОҶИ ОН ФОИДАОВАР АСТ

Конҳои резатиллои ҷониби ғарби ноҳияи Дарвоз дорои захираҳои ғанӣ буда, аз қадимулайём диққати таҳқиқотчиён ва тоҷиронро ба худ ҷалб намудааст. Манбаи аввали резатилло то ҳанӯз пурра муайян  нашуда, мавриди омӯзишу таҳқиқ  қарор  дорад.

Дар даҳсолаҳои охир саноати истихроҷи тилло ба конҳои резатилло бештар таваҷҷуҳ мекунад. Пешравиҳои калон дар истихроҷи конҳои ин намуди тилло истифодаи саноатии онро аввалиндараҷа мешуморанд.
Дар Тоҷикистон истихроҷи самараноки резатилло дар конҳои Дарвоз, Сангзор, Йол, Сариғор, Сабах ва амсоли онҳо пурсамар шумурда мешавад. Аз таҷриба муайян шудааст, ки арзиши аслии истихроҷи 1 грамм  тилло дар ин конҳо тақрибан ба 20 доллар рост меояд, вале ҳангоми истихроҷи зеризаминӣ ин рақам 1,5-2 маротиб зиёд мегардад.
Қисмати асосии резаконҳои тилло дар ҳавзаи дарёи Сариоб то деҳаи Сағирдашт тӯл кашидааст.
Дар ҳавзаи дарёи  Сариоб  (шохоби чапи дарёи Хингоб) силсилаи суфаҳо муайян шудаанд. Ба тиллодории суфаҳои дарёи Сариоб шубҳа нест, чунки қариб ҳамаи теғаҳои онҳо коркард шудаанд. Тибқи маълумоти олими рус В. Попов, миқдори тилло дар ин суфаҳо нисбат ба дигар мавзеъҳо зиёд аст. Миқдори тилло дар сатҳи суфаҳо даҳҳо ва дар баъзе ҳолатҳо садҳо мг/м3  ташкил менамояд. Дар дохили плотикҳо бошад, баъзан миқдори тилло то 18 г/м3 мерасад.
Аз рӯйи маълумоти олим О. Чедия резаи тиллои болооби шохобҳои рости дарёи Сариоб бештар мебошад. Чуқурии таҳшинҳо дар ин ҷо то 15-30 м мерасад, аз ин рӯ, барои гузарондани корҳои иктишофӣ бояд аз пармакунӣ истифода намуд. Кандани чоҳҳо аз сабаби серобии баланди таҳшинҳо ба мақсад мувофиқ нест.
Дарёи Кофирбача шохоби дарёи Равнов буда, аз қаторкӯҳи Ҳазрати Шоҳ ҷорӣ мешавад. Суфаҳои дарё на дар ҳама ҷо хуб мушоҳида мешаванд ва сабаби ин ҳолат шусташавии бошиддат ва таъсири ҷараёнҳои ярчфароӣ мебошанд. Лӯласангҳои Кофирбача дар буриши поёнии таҳшинҳо аз харсангҳои андозаашон калон (то 0,5 м) иборатанд. Дараҷаи суфташавии лӯласангҳо хеле хуб аст. Мавқеи ҷойгиршавии таҳшинҳо нишон медиҳад, ки манбаи шусташавӣ ва бурдашавии онҳо дар қисмати шимолӣ, дар қаторкӯҳҳои Ҳазрати Шоҳ ҷойгир мебошад. Мушоҳидаҳо ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки маводи наздиплотикӣ фақат аз қабатҳои болоии маъданҳои мураккаб ворид шудааст. Табиист, ки қабатҳои поёнии ин таҳшинҳо бояд ғанитар аз тилло бошанд, ки далели ин гуфта мавҷудияти  коркардҳои қадима дар ин таҳшинҳост. Дар оянда  бо назардошти масрафҳои на он қадар калони моддӣ-молиявӣ истихроҷи тиллоро дар шохобҳои ҷанубии дарёи Хингоб ва водиҳои дарёҳои Сариоб ва Равнов ба роҳ мондан аз нуқтаи назари иқтисодӣ фоидаовар мебошад. 
Ҷивоншо ФОЗИЛОВ,
мудири кафедраи минералогия вапетрографияи факултети геологияи ДМТ, дотсент,
Бахшидод АЛИДОДОВ, 
дотсенти кафедраи минералогиява петрографияи факултети геологияи ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.12.2016    №: 238    Мутолиа карданд: 1622

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед