logo

ҳуқуқ

ҶАЗОИ ҶИСМОНӢ. ФАРЗАНДОН БОЯД АЗ ИН МУНОСИБАТИ ХАТАРЗО ОЗОД БОШАНД

Тавре аз дидгоҳи илми криминология, (яке аз соҳаҳои мустақили илми ҳуқуқшиносӣ) бармеояд, содир намудани ҷиноят аз ҷониби наврасону ҷавонон аксаран ҳангоми дар тарбияи волидон буданашон заминагузорӣ мешавад. Агар рафторҳои ғайриқонунии онҳо сари вақт пешгирӣ нашаванд, ба оқибатҳои вазнин ва ногувор оварда мерасонанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» беш аз панҷ сол аст, ки мавриди амал қарор дорад. Дар банди 2, моддаи 5-и он дар хусуси рисолати падару модар омадааст: «Вазифаи падару модар фароҳам овардани шароити моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва равонӣ дар таълиму тарбияи дурусти фарзанд мебошад». Бо такя ба ин муқаррароти банди қонун ва ҳам таҷрибаи оиладории ҷомеаи миллии мо метавон гуфт, ки воқеан нақши оила дар таъмини рушди шоистаи шахсияти фарзандон ва камолоти маънавию ҳамаҷонибаи онҳо басо бузург буда, ҳатто дар оянда низ ивазнашаванда боқӣ хоҳад монд. Бинобар ин, дар роҳи ҷиноят ва ё берун аз он қадам ниҳодани наврасон аксаран маҳз аз шароити тарбияи онҳо дар муҳити оила вобастагӣ дорад. Маҳз аз ҳамин ҷост, ки аснои боздошти ноболиғон бо ҷурми даст доштанашон дар ҷиноят аз сӯи мақомоти дахлдор, муқаддам аз ҳама, вазъи хонаводагии онҳо санҷида мешавад.
Мутаассифона, падару модароне ҳастанд, ки дар тарбияи фарзандон ба иштибоҳи ҷиддиву аксаран ислоҳнопазир роҳ медиҳанд. Барои мисол, ҷазои ҷисмонӣ бо иловаи таҳқирҳои равонӣ фарзандонро ба сустиродагию карахтӣ, беҷуръатию худнобоварӣ ва аз ҳама хатарнокаш тарсуию дурӯғгӯӣ мебарад. Чунин муносибат дар хатокории кӯдакон замина шуда, онҳоро водор месозад, ки барои пинҳон доштани хатои содиркардаашон дурӯғ гӯянд.
Донишмандону коршиносони Ғарб ва ҳам собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бар он назар буданд, ки қисми бештари тарбия ба кас то 5 - 6 - солагиаш дода мешавад ва баъди гузашти ин айём ҳамагӣ таъсири камтар аз даҳ дарсади ин раванд барояш боқӣ хоҳад монд. Аз ин рӯ, ба падару модарон тибқи қонунгузорӣ дар тарбияи фарзандон нисбат ба шахсони дигар ҳуқуқи бештар дода шудааст. Ин маънӣ водор месозад, ки ҳар падару модар зарурати ба кор бурдани дастовардҳои замони муосири улуми педагогиву психологиро дар самти роҳандозии тарбияи фарзандони хеш оқилонаву сабурона истифода намояд.
Бар замми ин, танҳо бо истифода аз неруи сеҳрангези сухан, ки воситаи асосии тарбия ҳам ҳамин аст, падару модарон метавонанд насли худро аз ҷиҳати ахлоқӣ, ҷисмонӣ, зеҳнӣ, меҳнатӣ ва эстетикӣ тарбия намоянд. Фақат дар сурати ана ҳамин панҷ намуди асосии тарбияро ба гунаи комил соҳиб гардидани фарзандон, ки ин, албатта, бидуни ширкати фаъоли мактабу ҷомеа имконнопазир хоҳад буд, бо бовари том метавонем гӯем, ки рушди ҳамаҷонибаи онҳо таъмин шудаву ҷинояту ҷиноятпешагӣ барояшон бегона аст.
Муҳаббат РАҲМАТОВА,
омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14,
шаҳри Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.12.2016    №: 238    Мутолиа карданд: 2760

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед