logo

иқтисод

ҲИСОР ШАҲРЕ ДАР МАСИРИ РУШД

Роҳҳои тахту ҳамвор, мумфаршу ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои роҳсозии муосир, гулгашту хиёбонҳои назаррабо, биноҳои муҳташам, бунёди коргоҳҳои нав, меҳмонсарову марказҳои фароғатӣ, мактабу кӯдакистонҳои хуштарҳу замонавӣ, бозорҳои фаровон аз анвои гуногуни молу маҳсулот шаҳри бостонии Ҳисорро ба чашми бинанда бо симои нав ҷилвагар месозад.
Мусаллам аст, ки таҷлили бошукӯҳи ҷашни 3000 - солагии Ҳисор ва дар заминаи он бунёди даҳҳо иншооти хурду бузург ин шаҳри бостониро тарҳи тоза бахшида, ба рушди соҳоти гуногуни хоҷагии халқ мусоидат намудааст. Ба тозагӣ мавриди истифода қарор гирифтани чанд иншооти таъйиноти гуногун ва ба фаъолият шурӯъ намудани Комбинати металлургии тоҷик дар шаҳри Ҳисор, ки зимни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттифоқ афтод, маҷрои корҳои бунёдиро вусъат дода, ба рушду тараққиёти минбаъдаи хоҷагии халқи шаҳр боз ҳам такон бахшид.
Ба манзури огоҳӣ пайдо намудан аз ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Ҳисор, ҳайати журналистон ба намояндагӣ аз расонаҳои давлативу хусусӣ аз ин гӯшаи диёр боздид карданд. Зимни сафар хабарнигорон оид ба фаъолияти муассисаҳои нави таълимӣ, марказҳои тиҷорату савдо, корхонаҳои истеҳсолӣ, хоҷагиҳои зироатпарварию чорводорӣ маълумоти кофӣ ба даст оварданд. Аз ҷумла, шиносоӣ аз фаъолияти муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Табассум», ки дар расми ифтитоҳи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок доштанд, нишон дод, ки боғча бо тарҳу намои зоҳирӣ ва ҳам иқтидори таълимияш камназир аст. Зеро бинои кӯдакистон бо истифода аз усулҳои пешрафтаи меъморӣ бунёд гардида, шароити мавҷудаи таълиму тарбия  дар он қобили таваҷҷуҳ аст.  
Матлуба Пӯлодова, мудири боғча, ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Табассум» метавонад беш 200 нафарро ба таълиму тарбия фаро гирад. Омӯзиш дар кӯдакистон ба се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, дорои 14 синфхона, толорҳои варзишӣ, мусиқиву рассомӣ, ҳуҷраи тиббӣ ва ошхона аст. Қарор аст, баробари ҷалби пурраи кӯдакон ба ин муассиса теъдоди кормандон то ба 40 нафар расад, ки моҳонаи онҳо аз 700 то 1200 сомониро ташкил медиҳад.
– Мо ҳайати кормандони кӯдакистон дар партави ғамхориҳои Сарвари давлат дар самти бештар фаро гирифтани кӯдакон дар зинаи аввали таълиму тарбия ва дар маҷмӯъ рушди соҳаи маориф, талош менамоем, ки бо истифода аз чунин шароит таълимгирандагонро дар рӯҳияи донишу адабпарварӣ ва меҳанпарастӣ тарбия намоем, - гуфт Матлуба Пӯлодова.
Дар маркази шаҳр бинои меҳмонхонаи муҳташами «Усто Набот» ба ҳусни Ҳисори шодмон зебоии нав бахшида, ба рушду тараққиёти рӯзафзуни шаҳрдорӣ ишорат мекунад. Бинои меҳмонхона аз панҷ ошёна иборат буда, дар як вақт барои хизматрасонӣ ба шаст нафар пешбинӣ шудааст. Қобили зикр аст, ки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни ифтитоҳ ва шиносоӣ аз шароитҳои хизматрасонии меҳмонхона рӯзи 5 ноябри соли ҷорӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкор Абдуҳаким Усмоновро дар мавриди бунёди ин иншоот ибратбахш арзёбӣ карда буданд.
Хабарнигорон зимни ташриф ба ин меҳмонсарои хуштарҳу замонавӣ аз расми меҳмоннавозӣ, шароити қабулу гусели меҳмонон ситоиш ва изҳори бовар намуданд, ки бо чунин шароит имкон дорад дар оянда меҳмонони зиёди пойтахти мамлакат низ ба ин ҷо ҷалб шаванд. Аз ин рӯ, ба роҳбарияти меҳмонхона пешниҳод шуд, ки бо мақсади огоҳии бештари меҳмонони дохиливу хориҷӣ дар бораи Тоҷикистон ва шинохти арзишҳои миллӣ имкони дастрасии онҳо ба воситаҳои иттилоотӣ, аз ҷумла, матбуоти даврии кишвар таъмин карда шавад.
Дар идомаи сафар ба шаҳри Ҳисор намояндагони воситаҳои ахбори омма ба Маркази хизматрасонии «Сироҷиддин», воқеъ дар деҳаи Ҳисори деҳоти Ҳисор омаданд. Ин иншоот аз ҷониби соҳибкор Салоҳиддин Қараев  сохта шуда, аз 4 ошёна иборат аст. Тавре маълум гардид, дар ошёнаи якуми бино кошонаи ҳусн, мағоза ва қаҳвахона, дар ошёнаи дуюм маркази дилхушӣ барои кӯдакон ва дар ошёнаи сеюм толори варзиш фаъолият мекунад.
Бартарии ин иншоот дар он аст, ки он бо диди нав бунёд гардида, сатҳи баланди хизматрасонӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷониби дигар ин иқдоми соҳибкор дар муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуда, феълан 26 нафар сокини маҳаллиро фаро гирифта, бо маоши хуб таъмин намудааст. Қарор аст, бо васеъ гардидани доираи фаъолият, аниқтараш тарабхона ва ҳаммоми замонавӣ, шумораи умумии коргарони маркази хизматрасонӣ ба 50 нафар расонда шавад.
Шаҳри Ҳисор яке аз минтақаҳои пурфайз ба шумор меравад, ки дар фаровонии бозорҳои пойтахт бо маҳсулоти кишоварзӣ нақши чашмрас дорад. Роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар доираи дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии кишвар талош доранд, ки ин ҷойгоҳро ҳифз ва таҳким бахшанд. Дар ин замина пешбинӣ мешавад, ки фаъолияти босамари фермаи чорводории навтаъсиси «Абдурауф Юсупов», ки дар он 240 сар гови дӯшоӣ, 410 сар ғуноҷини зоти сиёҳалои тоҷикӣ парвариш мешаванд, ҷиҳати таъмини сокинони Ҳисор ва шаҳри Душанбе бо маҳсулоти шириву гӯштӣ нақши намоён хоҳад гузошт. Айни ҳол, дар ферма беш аз 50 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидааст, ки аз ин теъдод 6 нафар мутахассиси дорои маълумоти олӣ мебошад. Зафар Қаландаров, директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Абдурауф Юсупов», дар суҳбат бо мо зикр намуд, ки маоши кормандон зиёда аз 1000 сомониро ташкил намуда, онҳо бо хӯроки гарм таъминанд. Гузашта аз ин, ба манзури такмили ихтисос ва баланд бардоштани малакаи корӣ бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ пайваста давраҳои омӯзишӣ доир ба тарзу усули нигоҳубини чорво гузаронда мешаванд.
Дар ферма барои дӯшидани чорво технологияи нави аврупоӣ ворид шуда, шири истеҳсолшуда ба Комбинати шири шаҳри Душанбе фиристода мешавад.  Дар ҳамин ҳол роҳбарияти фермаи мазкур тасмим гирифтаанд, ки дар оянда коркарди ширро дар ҳамин ҷо ба роҳ монанд.
Дар маҷмӯъ мушоҳидаҳо нишон доданд, ки шаҳри Ҳисор чун дигар манотиқи кишвар дар партави сиёсати бунёдгарои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста рушд карда, сокинони озодаи ин куҳандиёр ба зиндагии арзандаву рӯзгори шоистатар мушарраф гардидаанд.  
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.12.2016    №: 238    Мутолиа карданд: 1860

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед