logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАШАККУЛИ БОНИЗОМИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

15 апрели соли равон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид намуд, ки тибқи он 16 ноябр  дар мамлакат ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.  Ин ид 16 ноябр дар кишвар бори аввал дар сатҳи баланд таҷлил гардид.
Дар оғози соҳибистиқлолӣ Тоҷикистони азизи мо бар асари дасисаҳои душманони дохиливу хориҷӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ  кашида шуд, ки боиси ҳалокати ҳазорон нафар мардуми бегуноҳ, гуреза шудани зиёда аз як миллион нафар гардид. Кишварро хавфи парокандашавӣ таҳдид мекард. Дар чунин лаҳзаҳои душвор 16 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб шуда, ба рисолати таърихии худ оғоз намуданд. Дар  роҳи расидан ба сулҳу осоиш ва хотима додан ба ҷанги шаҳрвандӣ ҳаёти худро зери хатар гузошта,  ҷиҳати музокирот бо намояндагони гурӯҳҳои  мусаллаҳ, ҳалли масъалаҳои гурезагон ва ба даст овардани эътимоду боварии мардум борҳо ба минтақаҳои  ҷангзадаву хавфнок сафар  карданд. Тавассути ин тадбирҳо  оташи ҷанг хомӯш ва гурезаҳо ба ҷойҳои доимии зисташон баргардонда шуданд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки таҳти сарварии бевоситаи Президенти мамлакат ба даст омадааст,  минбаъд аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун намунаи нодири сулҳофарӣ эътироф гардида, дар минтақаҳои ҷаҳон  истифода шуда истодааст.
Муайян намудани  сохти давлатдорӣ ва роҳи рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол  аз муҳимтарин хидматҳои сарвари мо дар назди Ватану миллат маҳсуб меёбад. Ҳанӯз дар  рӯзҳои аввали  Сарвари давлат интихоб шудан  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Иҷлосияи  таърихии 16-ум ҷонибдори бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона будани худро изҳор доштанд. Минбаъд ин ғоя дар Конститутсияи бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулшудаи мамлакат инъикоси худро ёфт. Ин санади олии ҳуқуқӣ таҳти роҳбарии бевоситаи Сарвари давлат таҳия шуда, қабули он ба эъмори давлатдории муосири миллӣ, асосҳои сохти конститутсионӣ ва барқарор намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ оғоз бахшид.  Дар асоси ин санад ислоҳоти конститутсионӣ амалӣ гардида, сохторҳои давлатӣ, низоми судӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ аз нав ташкил шуд. Аз ҷумла, парлумони касбии дупалатагӣ таъсис ёфта, он ба шохаи мустақил ва ҷузъи муҳими ҳокимияти давлатӣ   табдил ёфт. Дар ин давра се барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ қабул гардида, айни ҳол ислоҳоти  милитсия ва адвокатура амалӣ гашта истодааст.
 Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, аз ҷумла ҷиҳати фаъолияти бонизоми мақомоти прокуратура, заминаи устувори ҳуқуқӣ муҳайё гашта,  он бо шумораи зарурии  кормандон, биноҳои маъмурӣ,  воситаҳои нақлиёт ва дигар шароити корӣ  пурра таъмин шуд. Таъсис ва ташаккули Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ  низ ба номи Пешвои миллат вобаста буда, он айни ҳол ба сипари боэътимоди Ватан  табдил ёфтааст.
Президенти мамлакат дар саргаҳи ташаккули  сиёсати давлатӣ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҳуқуқӣ дар кишвар  қарор  дошта, аз оғози рисолати худ фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратиро ба тақвияти  мубориза бо ҷинояткорӣ равона намуданд.  Дар давраи баъдиҷангӣ  дар дасти аҳолӣ  ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша  миқдори зиёди силоҳи оташфишон  қарор дошта, оромии сокинони кишвар ва фаъолияти муътадили мақомоти давлатиро халалдор мекард. Аз ин лиҳоз, Президенти мамлакат моҳи  декабри соли 1994 “Дар бораи  ихтиёран супоридан ва мусодира намудани силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ”  фармон  ба имзо расонданд. Дар раванди иҷрои фармони мазкур аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даҳҳо ҳазор мил силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ  дарёфт ва мусодира карда шудааст. Ба шарофати ин иқдомҳо айни ҳол Тоҷикистон дар байни ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ  аз лиҳози бехатарӣ барои ҳаёти шаҳрвандон  дар ҷойҳои аввал қарор дошта, пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе ба рӯйхати 10  шаҳри   барои зиндагӣ  бехавфтарини ҷаҳон  дохил карда шудааст.
Президенти мамлакат ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ мунтазам аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ оид ба ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир масъалагузорӣ намуда, обрӯи Тоҷикистонро  ҳамчун кишвари дар ташаккули сиёсати байналмилалӣ саҳмгузор баланд мебардоранд. Бовар дорем, ки хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар таърихи давлати Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт шудаанд,  аз ҷониби наслҳои имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз ҳамеша қадрдонӣ  гардида,  корномаи дурахшони ин фарзанди  фарзонаи миллат  роҳи моро ба сӯи оянда боз ҳам равшантар  хоҳад намуд.
Раҳмон Юсуф АҲМАДЗОД,
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
генерал - лейтенанти адлия


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.12.2016    №: 238    Мутолиа карданд: 2072

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед