logo

маориф

МАКТАБИ НАВИ ЗАМОНАВӢ ДАР ТОҶИКОБОД

Рушди соҳаи маориф яке аз ҳадафҳои афзалиятноки Ҳукумати ҷумҳурӣ буда, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ дар гӯшаҳои дурдасти кӯҳистони кишвар ба ин ҳадафҳо созгор мебошад. 
Солҳои зиёд хонандагони  мактаби деҳаи дурдасти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод аз нарасидани ҷои нишаст танқисӣ мекашиданд. Хушбахтона, бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва бо ҷалби сармоягузории  Созмони ҳамкориҳои Олмон  хонандагони мактаб соҳиби бинои наву замонавӣ гардиданд. Барои сохтмони муассисаи нави таълимӣ 1 миллиону 888 ҳазор сомонӣ сарф гардид.
Муассисаи таълимӣ дуошёна буда,  барои 290 нафар хонанда дар як баст  пешбинӣ гардидааст.
Тавре дар суҳбат сарвари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и деҳаи Лангари Шоҳ Сироҷиддин Нуров иброз намуд, хонандагони ин муассисаи таълимӣ  солҳои зиёд аз нарасидани ҷои нишаст  мушкилӣ доштанд ва, хушбахтона, баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани мактаби нав мушкилии онҳо бартараф шуд. Қобили зикр аст, ки  хонандагон баробари соҳиби бинои нав шудан, инчунин  бо таҷҳизоти зарурӣ  таъмин гардиданд.
Бунёди муассисаҳои таълимӣ дар гӯшаҳои дурдасти кӯҳистони кишвар  имкон медиҳад, ки хонандагон дар биноҳои наву замонавӣ бо шароитҳои мусоид ба таълиму тадрис фаро гирифта шаванд.
Дар чорабинӣ омӯзгорон ва сокинони деҳа аз дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати ҷумҳурӣ изҳори миннатдорӣ  намуда, бунёди муассисаи ҳозиразамонро туҳфаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба насли наврас  арзёбӣ намуданд, ки он аз  баракати сулҳу ваҳдат ва соҳибистиқлолии кишвар башорат медиҳад.
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.12.2016    №: 239    Мутолиа карданд: 6418

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед