logo

фарҳанг

ВАҚТЕ КИ ЗАВҚ НЕСТ…

Драманависӣ дар адабиёти чандинасраи тоҷик шакли нав аст. Дар замонҳои гузашта он ба тарзи шифоҳӣ, бадеҳа дар чандин намудҳои дигари театри суннатии тоҷик, аз қабили намоишҳои мусиқии мардумӣ, хусусан мардуми Бадахшон, театрҳои зочабозӣ ва масхарабозон, ки хеле қадимианд, вуҷуд дошт. Шакли хаттию касбӣ ва мураккаби он аввал дар дастаҳои ҳаваскор ва баъди таъсис ёфтани аввалин театри касбӣ тавлид ёфт. Аввалин драманависон аз байни кормандони театр (А. Усмонов, С. Саидмуродов) пайдо шуданд. Маҳорати бадеии онҳо суст буд, вале асарҳояшон барои саҳна мувофиқ омад. Пасон, адибонамон низ дар драманависӣ қувва озмуданд.

Нахустин адибе, ки хост маҳз дар ҳамин ҷода тахассус ба даст орад, Ғанӣ Абдулло буд. Муваффақияти калон пайдо намудани намоиши Театри давлатии мусиқии тоҷик «Восеъ» аз рӯйи асари ҳамноми ӯ далели гуфтаҳои болост. Ҳамчунин, варианти нави фоҷиаи «Рустам ва Суҳроб», драмаи комили «Фарёди ишқ» (аз рӯйи маснавии Хусрави Деҳлавӣ «Дувалрони ва Хизрхон») беҳтарин асарҳои драмавии ӯ ба шумор мераванд. Қариб ҳамаи пйесаҳои Ҷалол Икромӣ дар ҳамкорӣ бо коргардони пуртаҷриба Ҳоҷиқул Раҳматуллоев таълиф ёфтанд.
Аввалин драматурги касбӣ Сотим Улуғзода дар навиштани драма батадриҷ маҳорат пайдо намуда барои театр асарҳои хубе офарид.
Солҳои 50 ва 60 – уми асри XX дар драматургияи тоҷик 8 – 10 нафар адибон фаъолият мекарданд. Минбаъд теъдоди онҳо оҳиста – оҳиста зиёд шуда қариб ба чил нафар ва зиёда аз он расид. Дар байни навқаламон Ф. Ансорӣ ва А. Атобоев барин драматургон пайдо шуданд.
Дар охири асри XX ва аввали асри XXI чандин драманвисони нав пайдо шуданд. Аммо ягон асари саҳнавии миллии барҷаста, ки барои драматургия намуна шуда тавонад, ба онҳо роҳ нишон диҳад, ба миён наомад. Имрӯз шумораи драманависон кам шудааст. Ягон соҳибистеъдоди ҳақиқӣ нест, ки театрро дӯст дораду техникаи пйесанависиро хуб аз худ карда бошад, маҳораташро мустақилона такмил диҳад, аз рӯйи асараш гаштаю баргашта кор кунад, аз заҳмати зиёд ноумед нагардад, ба мавзӯъҳои хеле муҳими ҳаёт ҷасурона рӯ орад. Ин вазъият ба суст шудани мавқеи театрҳо сабаб гардид.
Ҳоло дар мо бисёр жанрҳо амиқ кор карда нашудаанд. Чунончи, драмаҳои психологӣ, ки дар худ имконияти адонашавандаи васеъ доранд, инкишоф наёфта истодаанд. Жанри фоҷеа ҳам ниҳоят кам аст. Ба муаллифон нисбат ба ҷараёнҳои ҳаёти имрӯза ва гузаштаи дур, таъсири онҳо ба қисмати одамон, муносибаташон кофӣ нест.
Дар солҳои аввали асри XXI барои драманависон семинарҳо барпо мегарданд. Вале дар онҳо асарҳои сазовор ниҳоят кам интихоб мешуданд, таҳлили ин асарҳо чандон амиқ набуд. Пйесаҳо дур аз пойтахт, дар театрҳои музофот рӯйи саҳна гузошта шуда, минбаъд зуд аз барномаи онҳо ғайб мезаданд.
Ин чорабинии таълимиву тарбиявиро ба таври дигар ташкил намудан лозим меояд. Онро бо иштироки ду – се нафар мунаққидони касбӣ (ин навъ мутхассисонро то ҳол ягон донишкадаи олии Тоҷикистон тайёр накардааст) ё драманависони пуртаҷриба ба ҷои дигар даъват намуда, гузарондан лозим аст. Иштирокдоронаш бояд яккачин бошанд.
Дар давраи истиқлолият театрҳо, ки суст шуданд, драматурги худиро низ тарбия намуда натавонистанд. Ихтисоси гурӯҳҳои гуногун афзуда истодааст. Драманависоне даркоранд, ки барои дастаҳои драмавӣ, театрҳои драмавию мусиқии чандин ноҳияҳои Тоҷикистон, театрҳои лӯхтак, опера, балет, мазҳакаи мусиқӣ, телевизион, радио асар нависанд. Ҳар соҳа дорои қонуну қоидаҳои худ мебошад.
Чи тавр навиштани пйесаро ҳеҷ кас ёд намедиҳад. Дар баъзе театрҳои ҷумҳурӣ мудири қисми бадеӣ кор мекунад. Вале вазифааш маҳдуд аст. Ӯ тарҷумаи баъзе пйесаҳоро ташкил мекунад. Асарҳои навро хонда мебарояду хатоҳои имлоии онро баъди чоп ислоҳ менамояд. Барномаи намоиши навро тартиб медиҳад. (Ҳозир аз сабаби кам шудани хароҷот барномаҳо ба тамошобинон дастрас намегарданд. Ин анъанаи хуб барҳам хӯрд). Маошашон хеле кам аст. Ҳеҷ кас дар ин вазифа солҳои дароз кор намекунад, таҷриба ба даст намеорад.
Бадбахтӣ дар он аст, ки ҳоло ҳам мисли солҳои пешин барои театрҳо асарҳои аз ҷиҳати бадеӣ номукаммалеро, ки ба харбузаи тараки хом монанданд, пешниҳод менамоянд. Дар он на мавзӯи нав, на низоъ, на амалиёти доим ба ҷунбиш омадаистода, на хулқу атвори амиқ коркардашуда, на инкишофи онҳо дар вазъияти воқеӣ дуруст инъикос ёфтаанд. Дар бисёр пйесаҳо низоъ ҳамчун ҷараёни ягона инкишоф намеёбад, воқеаҳо мисли лаҳзаҳои парканда, ғайримуқаррарӣ пешниҳод карда шудаанд. Баъзе муаллифон ба пуршиддат сохтани задухӯрдҳо, рафти амалиёт, ҳалли он дар низоъ, ҷараёнҳои нозуктарини дар қалби инсон гузаштаистода, бархӯрди шадиди ботинии қаҳрамонон эътибор намедиҳанд. Ҳол он ки ҳар қадар шахсияти тасвиргардида шавқангез офарида шуда бошад, низоъ ҳамон қадар амиқ кушода мешавад.
Адибоне ҳастанд, ки қоидаҳои драманависиро аз худ накарда, дар гардишҳои сужет ба сохтакорӣ роҳ медиҳанд, хулқу атвори пешакӣ муқарраршударо ба кор мебаранд, ё худ ба ҷои сифатҳои қаҳрамон, кирдору рафторашро кушодан табиати хислати ӯро аз забони иштирокдорони боқимонда гаштаю баргашта такрор мекунанд. Камбудии аз ҳама асосии драманависони муосири тоҷик беҷуръатии онҳо, ёфта натавонистани мавзӯи муҳими рӯз, низои асосӣ ва дар асоси он сохта натавонистани драма мебошад. Вақте ки қувваи ҳаракатдиҳандаи асари саҳнавӣ, яне задухӯрд суст аст, чеҳраҳо, хулқу атвор низ рӯякӣ мебароянд.
Дардҳои замон мунтазам меафзоянд. Рӯзномаҳо ҳамарӯза дар хусуси зиддиятҳои байни одамон нақл мекунанд. Сабабҳои ин бадбахтиҳоро муайян намуда, ба инсон кумак расондан яке аз вазифаҳои муҳими театр аст.
Риоя карда натавонистани талаботи жанр низ яке аз камбудиҳои асари саҳнавии тоҷик мебошад. Дар асари драмавӣ нохост садо додани ду – се суруди дилхушкунанда ҳанӯз нишони драмаи мусиқӣ будани он нест. Ин жанр дорои як қатор воситаҳои бадеии хос ва нозук мебошад, ки афсӯс бармаҳал аз назар дур ва аз инкишоф бозмонд. Ба ин бепарвоии худи театрҳо ва идораҳои фарҳанг сабаб шуд. Мардумро аз жанри дӯстдоштааш набояд маҳрум намуд.
Бадеияти баланди асар аз истеъдоди нависанда, маҳорати ҳақиқии драманависии ӯ вобаста буда, танҳо дар тасвири воқеии мубориза ва амали қаҳрамонон, офаридани сужети шавқовар, амиқ донистан ва аниқу ҷиддӣ тадбиқ намуда тавонистани қонунҳои санъат ифода меёбад. Адибони ҳақиқии забондону санъатфаҳм даркоранд, ки жанрҳои драмавии тоҷикро такмил диҳанд. Муҳимаш, набояд аз ин жанри душвор ҳазар кард, баръакс ҷуръат, шавқу ҳавас бояд пайдо кард, техникаи драманависиро хуб ёд гирифта, дар ин самт таҷриба ба даст овард.
Низом НУРҶОНОВ,
доктори илмҳои санъатшиносӣ,
профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.12.2016    №: 239    Мутолиа карданд: 1792

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед