logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ВА ПОСУХ

Ба саволҳо Айналишо АЙНАЛИШОЕВ, муовини сардори Раёсати адлияи ВМКБ ва Фарҳод ТОИРОВ, роҳбари бахши муносибат ва ҳимояи Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон,  ҷавоб доданд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 - 16 ба мо муроҷиат намоянд.

 


- Аз кадом намудҳои музди меҳнат ва дигар даромадҳои пулӣ алимент ситонда мешавад?
А. Худодова, сокини шаҳри Хоруғ

- Мувофиқи талаботи моддаҳои 81, 81 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон алимент аз тамоми намудҳои музди меҳнат ва ҳавасмандгардониҳои иловагӣ ситонда мешавад.Ситондани алимент аз ҳисоби музди меҳнат ва даромади дигари падару модар ба фоидаи кӯдакони ноболиғ анҷом дода мешавад. Музди меҳнат ва даромади дигари падару модар мумкин аст аз асъори миллӣ ва ё асъори хориҷӣ иборат бошад. Ҳангоми рӯёндани саҳми андозаи муқарраркардаи алимент ба ҳисобгирии қатъии он бо пули миллӣ анҷом дода мешавад. Дар мавриди  ситондани алимент маблағи асъор бо пули миллӣ аз рӯи курси Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоб карда мешавад. Муайян намудани номгӯи навъи музди меҳнат, дигар даромад, ки аз онҳо алимент рӯёнда мешавад, ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл дорад. Чунин номгӯйро Ҳукумати мамлакат бо қарори худ аз 1 октябри соли 2004, таҳти №  407 тасдиқ намудааст.

- Аз тарафи ҶСП Корхонаи муштараки “Тоҷик  Азот” ба ман манзили истиқоматии хизматӣ пешниҳод шуда буд. Дар бораи истифодаи манзили истиқоматӣ  бошад, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Сарбанд ба ман ордер дода шуд. Маълум, ки дар асоси ин санад ман ишғолкунандаи манзили истиқоматии хизматӣ мебошам. Зиёда аз 10 сол боз дар ин корхона кор карда, соҳиби се кӯдаки ноболиғ гардидам.  Ҳоло Комиссияи манзилии корхона мехоҳад, ки маро аз ин манзил берун кунад. Чӣ маслиҳат медиҳед?
Бахтиёр

- Мутобиқи  талаботи моддаи  36 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас ба манзил ҳуқуқ дорад. Агар шумо бо ҶСП Корхонаи муштараки “Тоҷик  Азот” муносибатҳои меҳнатиро қатъ накарда, зиёда аз 10 сол фаъолият карда бошед, он гоҳ корхона бояд ба шумо манзили истиқоматии дигари мувофиқ пешниҳод намуда, сипас аз манзили истиқоматии хизматӣ барорад. Агар дар байни шумо баҳс ба вуҷуд ояд, он гоҳ масъалаи маҳрум кардан аз ҳуқуқи истифодаи манзили истиқоматӣ ба тариқи судӣ ҳал карда мешавад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.12.2016    №: 239    Мутолиа карданд: 2805

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон

04.01.2019


Парвози чартерӣ дар масири Душанбе - Шарм-уш-шайх

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Ҳалокати зани тоҷик ва се фарзандаш дар Магнитогорск

Ваколати нави намояндаи Тоҷикистон дар СҲШ

Аз Сурия баромадани артиши амрикоӣ оғоз ёфт

Зонди чинии "Чанъэ-4" дар Моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед