logo

иқтисод

САМАР. СУХАН ДАР БОРАИ ЗАҲМАТИ ДЕҲҚОНОНИ АШТӢ МЕРАВАД

Заҳмати деҳқонони ноҳияи Ашт имсол самари хуб ба бор овард. Онҳо бо рӯёндани наздики 9 ҳазор тонна пахта ва  зиёда аз 25 ҳазор тонна зардолу дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳм гузоштанд. Ҳосили соли равон нишондиҳандаи баландтарин дар даврони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб меёбад. Умуман, дар ноҳия ҳаҷми маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ соли равон ба 146 дарсад расид.

Рафторҷон Муҳаммадиев, сардори раёсати кишоварзии ноҳия, гуфт, ки азбаски дар иқлими ноҳияи Ашт боғдорӣ хеле самарабахш аст, кишоварзон ният доранд, дар оянда рушди бемайлони соҳаро таъмин кунанд. Ин шароит фароҳам меорад, ки  аҳолӣ қитъаҳои замини талу теппаҳоро аз худ карда, боғҳои нав бунёд кунанд. Соли равон дар ноҳия  752 гектар боғҳои нави зардолу бунёд ёфта, масоҳати умумии он дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 18 ҳазору 325 гектар расид. Аз он 12 ҳазору 155 гектар ҳосилдеҳ мебошад. Яке аз манбаъҳои асосии даромади сокинони ноҳия боғдорӣ буда, аҳолии деҳоти ноҳия аз ҳамин ҳисоб рӯзгори хешро пеш мебарад.
Имрӯзҳо дар бозор талабот ба мева, аз ҷумла зардолу афзуда, арзиши як килограмм зардолуи хушк  дар кишварҳои Аврупо аз панҷ доллар беш мебошад. Дар шароити низоми бозоргонӣ аз ҳисоби содироти мева гирифтани даромади хуб имкон дорад. Президенти мамлакат низ ҳангоми сафарҳои корӣ ба вилояти Суғд, соҳибкорони маҳаллиро ба боғдорӣ, дар ин замина бунёди коргоҳҳои  коркарди мева даъват менамоянд. Соли ҷорӣ боғдорону тоҷирони  ноҳия тавонистанд, ки зиёда аз  2 ҳазору 600 тонна меваи зардолу содирот намоянд. Чунин нишондод дар давоми солҳои  соҳибистиқлолӣ бори аввал аст.
Пӯлод Ашӯров, соҳибкор аз маркази ноҳия, шаҳраки Шайдон, ки солҳои зиёд ба тиҷорати маҳсулоти соҳа машғул аст, солҳои охир  дар чандин намоишҳои минтақавию байналмилалӣ иштирок карда, барандаи ҷоизаҳо  гаштааст.
- Мавсими имсола барои мо бобарор омад ва танҳо аз ҳисоби зардолуҳои навъи пешпазак фоидаи бисёр гирифтем, - изҳор  дошт ӯ.
Тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба бунёди сардхонаҳо ҷиҳати  нигоҳдории меваи тару тоза  ва таъмини муътадили аҳолӣ корҳои мушаххас анҷом дода, дар ноҳияи сардхона  барои нигоҳдории 200 тонна мева маҳсулот ба истифода дода шуд. Иншооти дигар бо иқтидори зиёдтар соли оянда мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
Зариф Мирдадо Муҳаммадӣ, раиси ноҳияи Ашт, оид ба рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия гуфт, ки бунёди коргоҳҳои хурду миёнаи истеҳсолии банду баст, афшураи мева, хамираи он дар бахши боғдорӣ, ҳадафҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия мебошанд.
А. ҶОВИД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.12.2016    №: 239    Мутолиа карданд: 1736

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед