logo

фарҳанг

РӮЗНОМА БАРОИ ЯК РӮЗ АСТ?

Ҷаноби доктор, доктори илм ва профессори муҳтарам!
Вақте шумо ба назди минбар омадеду айнак аз чашм гирифтеду сохтакорона ҳам бошад, ду-се бор сулфидед ва дуру дароз ба фикр фурӯ рафтед, диққати маро дар ин лаҳзаҳои таърихӣ барои таърих мӯйҳои сафедатон ҷалб кард. Оре, агарчи ин амри муқаррарист, ки мӯйи одам дар синни 72 бояд сафед бошад, на сиёҳ. Бо  вуҷуди ин ба худ гуфтам, ки мӯйи сафед нишони хирадмандист ва низ: «Мӯйсафеди доно нахуст меандешад, баъд сухан мегӯяд». Ва гуфтед: «Рӯзнома барои як рӯз аст». Зимни шарҳу тавзеҳ пас аз фарҷоми ин маҷлис ё худ ҳамоиш барои мо ҳампешагонатон изҳор доштанд, ки ин ҷумлаи дӯстдоштаатонро беш аз чил сол ба шогирдон бо як ифтихори хос мегӯед ва ба ҳар гуфтану шунидан бисёр лаззат мебаред. Сабаби дарозумриятон баъд аз ин маълумам гашт. Онҳо ҳамчунин баён намуданд, ки дар тамоми умр боре на рӯзнома харидаед ва на ба он обуна шудаед. Мисолҳои овардаатон дар мақолаҳоятон аз рӯзномаҳоест, ки даҳ- понздаҳ сол пеш нашр гардидаанд.
Агар рӯзнома, ба гуфтаи шумо, барои як рӯз аст, ҳар сол беш аз 360 рӯз мебошад ва ҳамин тавр чандин соли умратон барабас рафтааст. Чӣ тавр? Шумо ҳар рӯз дар он як рӯз ҳам набудаед.
Не, аслан рӯзнома бароятон баҳона, балки воситаву василаи муқоиса аст. Мехоҳед бигӯед, бо таъкид изҳор бидоред, ки таълифоти олимонаи шумо ҷовидона аст. Инчунин, ба таълифоти зудгузар ҳеҷ дилбастагие надоред. Агар ҳам медонед, аз сирқот ва дуздӣ дар илми муосир намегӯед. Азбаски он ба ҳукми анъана даромадааст? Пас чаро ҳамчун олими асил дар рӯзнома бонги изтироб намезанед, то пас аз чанд сол таълифоти шуморо дигаре соҳиб нашавад? Ё аз ҷовидонагӣ дар ин соҳа низ нишоне намондааст?
- Рӯзнома, - ба гуфтаи як ҳампешаи ҷавони шумо, - таърихи зиндаи кишвар ва мардуми он аст. Тамоми китобҳои таърихӣ дар назди таърихе, ки рӯзнома ба ҳақиқат бозгӯ мекунад, ноқис ба назар мерасад.
Аққалан ба рағми ин гуфтаҳо як бор бастаи яксолаи рӯзномаро варақ бизанед, ки дар он муаррихон, арбобҳои сиёсӣ, ходимони ҷамъиятӣ, адибону олимон баромад карда, муҳимтарину қиматтарин маълумотҳоро доданд!
- Миллате, ки рӯзнома надорад, забони гӯё надорад, - изҳор дошт баъд як ҳампешаи дигаратон ва афзуд: «Рӯзнома ойинаи миллат аст».
Мабодо, ҷаноби доктор, доктори илм ва профессори муҳтарам, аз ин навиштаҳо чунин хулоса бароред, ки андешаи шуморо билкул рад мекунам. Не, чунин нест. Дар бисёре аз идораву ташкилоту вазоратҳо нисфи ҳиммати шуморо сарварон нишон надоданд. Ҳатто сухани таърихии шуморо намедонанд, ки рӯзнома барои як рӯз аст. Агар ҳам бишнаванд, куҷо ба маънои он сарфаҳм мераванд?
Як мансабдор, марди олирутба изҳор дошт, ки «Ман ҳеҷ маълумоте надорам, ки дар кишвар чӣ рӯзномаҳо, чӣ гуна ба табъ мерасанд». Сухани ӯро таҳаммул кардан мумкин буд, агар онро бо ифтихор намегуфт. Зимни посух зарур шумурдам, ки бигӯям: «Аз обунаи идораатон ин ҳақиқат маълум аст. Ва хабар ҳам надоред, ки чанд рӯзе пештар дар яке аз рӯзномаҳо барои авлавият додан бар забони дигар ҳангоми гузарондани маҷлис сахт танқид шудаед». Бо зорӣ гуфт, ки номи он рӯзномаву таърихи нашри мақоларо барояш бигӯям. Гуфтам, ки фаромӯш кардам, дар ёд надорам. Шабонгоҳ чанд бор занг зад, ки оё онро ба хотир овардаам?
Ҳамин тавр, агар идорае ва ё ташкилоте танқид бишавад, ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки сарваронашон рӯзномахон мешаванд. Агар мехонанд, танҳо ҳамон шумораеро, не, не ҳамон мақолаеро аз рӯзнома мехонанд, ки дар он танқид шудаанд. Вале ин фарзия ҳам на ҳама вақт ҳақиқат пайдо мекунад. Аз ин рӯ, набояд ба он эътимод бибандем. Масъулони як вазорат пас аз соле дарёфтанд, ки дар соли рафта 21 бор дар як рӯзнома танқид шудаанд. Агар ба онҳо амр намегардид, ки ба онҳо посух бигӯянд, шояд ҳеҷ хабар намеёфтанд. Мушкил боз бар худамон шуд. Аз бастаи яксола ҷустем, ки дар кадом таърих онҳоро танқид кардаем. Пас аз он ки ёфтем, дар ҷустуҷӯи он шумораҳо шудем. Ёфтем, фиристодем.
Ҷаноби доктор, доктори илм ва профессори муҳтарам! Шуморо намедонам, аммо бархе агарчи барои харидории рӯзномаву маҷаллаҳо имкону дасти дароз доранд, умуман аз мутолиа худдорӣ мекунанд. Агар рӯзномаи давлату миллатро намехонанд, пас чӣ мехонанд? Охир аксарашон на адабиёти бадеӣ мехонанд, на сиёсӣ ва на иқтисодию касбӣ. Дар ҳеҷ мавзӯе аксарашон иншо навишта наметавонанд. Агар билфарз диктанташон бигирӣ, баҳои баландро соҳиб намешаванд. Аз одоби муошират агар ҳам фарсахҳо дур намебошанд, ҳатман андаке дуранд.
Як нафар аз ин қабил одамон чанд сол пештар пурсид: «Рост аст, ки харе одам шудаву онро пас аз як ҳафта ба кадом як масҷиди ҷомеъ барои намоиш мебаранд»?
Гуфтам: «Чаро бояд бовар бикунӣ? То ба ҳол на харе ва на гове одам нашудааст, аммо акси онро Мирзо Абдулқодири Бедил рӯшану фаҳмо баён доштааст:
Гову хар аз огаҳӣ одам нахоҳад
гашт, лек
Одамӣ гар андаке ғофил шавад, хар
мешавад.
Пас аз он як духтури шинос занг зада пурсид: «Оё рост аст, ки навиштаанд, як табиби мардумӣ дар як деҳаи дурдасти кӯҳистон чандин бемори саратонро даво бахшидааст»?
Намегӯям, ки намедонам, чун медонам, чаро ин гуна мутахассисон низ зудбовар шудаанд. Бо донишҳои донишгоҳӣ маҳдуд мондаанд, на рӯзнома мехонанд, на китоб.
Кор ба ҷое расидааст, ки нахондани рӯзномаи кишвар, тамошову шунидани барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ барои бархе мояи ифтихор гардидааст. Ва ҳам изҳор медоранд: «Талаботи моро онҳо қонеъ карда наметавонанд». Мо сад дар сад розӣ шуда метавонистем, агар онҳо аққалан як моҳ рӯзномаеро бихонанд ва ё барномаҳои телевизиону радиоро бубинанду бишнаванд. Ин гурӯҳ рӯзномаҳои кишварҳои хориҷиро ҳам намехонанд, то аҳсанашон бигӯему бо онҳо ифтихор бинамоем. Барои қонеъ кардани талаботи шумо чӣ бояд кард? Боре андешаҳоятонро дар ин маврид гуфтаед?
Рӯзнома танҳо рӯзномаи мо нест, рӯзномаи тамоми мардум, давлат, миллат аст. Бояд ҳама дар боло бурдани сифату афзудани теъдоди нашраш саҳм бигирад. Ба ин васила на танҳо онро бештару беҳтар хонданию ҷолиб мегардонанд, балки ҷомеаро тарбия мекунанд, дар пойдорию рушду тараққиёти давлат, миллат ва кишвари азиз ҳиссаи худро мегузоранд. Ва шумо низ, доктор, доктори илм ва профессори муҳтарам, бисёр мехоҳам, ки барои расидан ба манзили мақсуд ҳамфикри мо бошед. Аққалан аз баҳри тӯтивор гуфтани он як ҷумла, ки таърихи беш аз чилсола дораду шогирдонро дар ин маврид аз роҳ мезанеду душманони рӯзнома мегардонед, мебароед ва ҳам андак сабукию фараҳро дар худ эҳсос менамоед. Дар ин сурат, агар маъмурият розӣ бишавад, фикр мекунам, ки ҳатман розӣ мешавад, шуморо то замоне, ки дар қайди ҳаёт ҳастед, ҳар рӯз бо таъмини рӯзномаи ройгон ва гоҳе бо мукофоти пулӣ ҳавасманд менамояд.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.12.2016    №: 239    Мутолиа карданд: 1825

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед