logo

фарҳанг

"САНЪАТИ МУСИҚӢ. БО ШАРОИТҲОИ КУҲНА КАДРҲОИ НАВ ТАВЛИД НАМЕЁБАД"

(«Ҷумҳурият», 12 октябри соли 2016)
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар ин мақоларо мавриди санҷишу омӯзиш қарор дод.
Мактаби мусиқии бачагона дар бинои бахши фарҳанг фаъолият менамояд, ки дар он 115 нафар хонанда дар ду баст дарси мусиқӣ меомӯзанд. Дар мактаби мазкур синфҳои рубоб, доираву таблак, аккордеон, дутор, фортепиано, овозхонӣ (анъанавӣ, эстрада), хорсароӣ кушода шудааст. Ба хонандагон омӯзгорони ихтисосманди дорои маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси мусиқӣ дарс медиҳанд.
Ҳамчунин, дар мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Бохтар филиали мактаби мусиқӣ фаъолият менамояд. Хонандагон дар он навохтани асбобҳои миллии ғижак, най ва рубобро меомӯзанд. Соли равон дар мактаби мусиқӣ синфи актёрӣ кушода шуд.
Баъди ба низоми нави маблағгузории сарикасӣ гузаштани муассисаҳои таълимӣ аксарияти онҳо бо созҳои мусиқӣ муҷаҳҳаз гардонда шуданд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар оянда барои рушди санъати мусиқии миллӣ тадбирҳои судманд меандешад.
Ҷаббори ҒАФФОР, раиси ноҳияи Бохтар

* * *
Аз 1 сентябри соли равон мактаби санъати бачагона ба фаъолият шурӯъ намуда, бо 12 адад ҷадвали воҳидҳои корӣ муайян карда шуд. Синфхонаҳо бо мизу курсӣ, тахтаи синфӣ ва асбобу анҷоми хониш таъмин гардиданд.
Дар ин мактаб 6 нафар омӯзгор ба 72 нафар мактаббачагон навохтани фортепиано, рубоб, доира, таблак, най, кларнет ва назарияи мусиқӣ, рақс, расмкаширо меомӯзонанд. Барои омӯзонидан, инчунин асбобҳои мусиқии бахши фарҳанги ноҳия низ истифода мегарданд.
Дар оянда барои боз ҳам хубтар намудани шароитҳои корӣ дар мактаби санъати бачагона кӯшиш ба харҷ дода мешавад.
Н. ПОДШОҲЗОДА, муовини раиси ноҳияи Хуросон

* * *
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун ин мақоларо бо масъулони бахши фарҳанг ва мактаби мусиқии бачагонаи ноҳия мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар ҳақиқат, ин мушкилӣ вуҷуд дорад. Мактаби санъати бачагонаи ноҳияи Ҷайҳун аз соли 2000 фаъолият дошта, аз 8 синфхона иборат мебошад. Асбобҳои мусиқӣ дар ҳамаи гурӯҳҳо мерасанд. Мактаб ҳамасола аз ҳисоби соҳибкорон ва буҷаи маҳаллӣ таъмири ҷорӣ карда мешавад.
Сохтмони бинои нав дар барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия барои солҳои 2016 – 2020 пешниҳод шудааст.
Х. ЛАТИПОВА, муовини раиси ноҳияи Ҷайҳун


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.12.2016    №: 240    Мутолиа карданд: 1866

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед