logo

иҷтимоиёт

ДӮХТИ КУРТА АЗ НАРХИ МАТОЪ БАЛАНД МЕШАВАД, ЧАРО?

Бо вуҷуди он, ки солҳои охир ҳунари дӯзандагӣ дар кишварамон рушд намудааст, арзиши дӯхти либос ҳанӯз ҳам гарон аст. Корафтодагон аз он изҳори ташвиш мекунанд, ки нархи дӯхти либос аз арзиши матоъ боло рафтан дорад.
Воқеан, баъзан дӯзандаҳо кӯшиш мекунанд, ки бештар ба тариқи боло бурдани нархи хизматрасонӣ мизоҷ ва обрӯ пайдо кунанд. Ба мардум низ одат шудааст, ки дӯзандаеро, ки арзиши хизматаш баланд аст, ӯро моҳир ҳисобанд.


Шаҳноза Мавлоназарова, сокини пойтахт мегӯяд: «Ҳамеша барои пайдо кардани дӯзандаи хуб мушкилӣ дорам. Зеро аз нархи матоъ дида нархи дӯхти он зиёд. Барои дӯхти либос ба Мавлуда ном дӯзанда, ки дар маҷмааи савдои «Саодат» кор мекунад, муроҷиат кардам, вале онро баъди чанд моҳ омода кард. Дар ҳоле маблағи дӯхташро пешпардохт намуда будам. Ба роҳбарашон шикоят ҳам кардам, аммо чора надиданд».
Ҳангоми шиносоӣ бо хизматрасонии дӯзандаҳои маркази савдои «Саодат» ба мо маълум шуд, ки дӯхти либос ин ҷо арзиши гуногун дорад. Яке аз тарроҳони ин марказ гуфт, ки ҳар дӯзанда кори анҷомдодаашро вобаста ба ҳунар ва виҷдонаш нарх мегузорад. Агар нафаре аз дӯзандаҳо нархро пойин барад, дигарон изҳори норозигӣ мекунанд.
 Дар ин марказ зиёда аз 30 нафар дӯзанда  ба дӯхти куртаҳои занона машғуланд. Онҳо барои дӯхтани як курта аз 80 то 500 сомонӣ ва баъзан аз ин ҳам зиёд ҳаққи кор талаб мекунанд.
Онҳо аслан мувофиқи хост ва имконияти молии мизоҷ либос омода месозанд. Гулбарг, як дӯзандаи бозори «Корвон», мегӯяд, ки ҳаққи хизматрасониро аз рӯйи газвор, тарзи дӯхти либос муайян месозем. Хоҳиши мизоҷро ба инобат гирифта, либосро бо ҳар гуна сангҳои қимат ва марворид оро медиҳем. Дар натиҷа баъзан арзиши корамон аз нархи матоъ зиёд мешавад. Агар мизоҷ куртаашро барои таъҷилан омода намудан фармоиш диҳад, арзишаш боз ҳам зиёдтар мегардад.
Вобаста ба ин, аз корафтодагон низ пурсон шудем, ки хизматрасонии дӯзандаҳоро чӣ баҳо медиҳанд?
Зарнигор Кабутова, сокини пойтахт гуфт, ки баъзе дӯзандаҳо аз мактаби ин ҳунар нагузаштаанд. Ҳамагӣ як моҳ дар назди дӯзандаи дигар шогирд истода бо ҳамин худро усто мешуморанд. Чунин тарзи кор байни аксари дӯзандаҳо мӯд шудааст.
Нархи дӯхтани либосро кӣ муқаррар мекунад? Ба ин суол дӯзандаҳо чунин посух мегӯянд: «Мизоҷон хоҳиши бо тарзи гуногун ва диди нав дӯхтани либосро талаб мекунанд. Асосан ороиши сангҳои ранга боиси болоравии нарх мегардад. Як миқдори маблағи даромадро барои кирояи дукон медиҳем».
Дар ошёнаҳои 4 ва 5 - уми маркази савдои «Садбарг», барои дӯхтани матое, ки 100 сомонӣ арзиш дорад, ба 20 дӯзанда муроҷиат кардем. Ҳар кадоме барои анҷоми кор 120 сомонӣ талаб кард. Бо баҳонаи он, ки барои дӯхтани либос ороишоти зиёд сарф мешавад. Ба андешаи дӯзандаҳо баъзе мизоҷон хоҳиш мекунанд, бо чӣ нархе, ки бошад, барои онҳо куртаро дарҳол омода созем. Барои мизоҷон муҳим арзиш не, фарқкунанда будани тарзи дӯхти он аст», - мегӯянд дӯзандаҳо
Мастура Зокирзода, сокини пойтахт, гуфт: «Барои дӯхтани куртаҳои арӯсии духтарам ба чанд коргоҳи дӯзандагӣ муроҷиат кардам. Дар ҳама ҷо барои дӯхтани 5 курта зиёда аз 1000 сомонӣ талаб намуданд. Шояд барои баъзеҳо ин маблағ ночиз бошад, аммо барои бисёриҳо кам нест».
Агар нархи дӯхти либос дар коргоҳ ва нуқтаҳои дӯзандагӣ танзим нашавад, пас, ин аҳвол то куҷо хоҳад расид?
Сафаргул АЛИМОВА,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.12.2016    №: 240    Мутолиа карданд: 2313

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед