logo

ҳуқуқ

ИЗТИРОБ. БЕЭҲТИЁТИИ РОНАНДАҲО БОИСИ ҲАЛОКАТИ КӮДАКОН МЕШАВАД

Фарзанд барои падару модар азиз аст. Солиму бардам ва эмин аз ҳар гуна хатар ба воя расондани фарзанд муҳимтарин масъала маҳсуб меёбад. Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳои Осиёи Марказист, ки таълиму тарбияи фарзанд ва масъулияти падару модарро бо қонун ба танзим даровард. Дар давоми панҷ соли амалкарди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бештари волидон масъулияту уҳдадориҳои худро дар назди фарзанд беҳтар дарк карданд, ки ин боиси коҳиши ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва дигар ҳодисаҳои нохуш гардид. Аммо бо вуҷуди ин, дар бисёр ҳолатҳо кӯдакону ноболиғон дар кӯчаву гулгаштҳои шаҳр беназорат монда, боиси сар задани садамаҳои нақлиётӣ мегарданд.   
Аз аввали соли ҷорӣ дар роҳҳои нақлиётгарди ҷумҳурӣ 1175 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Бар асари ин садамаҳо 381 нафар  ба ҳалокат расида, 1226 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд. Бо иштироки кӯдакону наврасон бошад, 362 ҳодисаи садамавӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 81 кӯдак ба ҳалокат расид. Аз ҷумла, дар оғози соли 2016 дар ноҳияи Хуросон ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Алиҷон Раҳимов ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа - Душанбе бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди 7-сола Руқия Ғафуроваро пахш мекунад. Дар натиҷа пиёдагард Руқия Ғафурова ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Моҳи марти соли равон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Ҳусейн Қурбонов ҳангоми ҳаркат дар хиёбони Рӯдакӣ идораи нақлиётро аз даст дода, пиёдагардон Карима Қурбонова, Ширин Қаюмова ва Сафина Наврӯзова, ки ҳар се ҳам 12-сола буданд, пахш кард. Ин садама боиси ҳалокати як нафар ва дар бемористон бистарӣ гаштани ду нафари дигар гардид.
Албатта, аксари ҷабрдидагон бо ҷурму хатоии ронандагон зарар мебинанд, аммо дар баъзе мавридҳо айби худи пиёдагардон ҳам мешавад. Нахустин масъала дар ин маврид беназоратии падару модар аст. Аксар вақт мушоҳида менамоем, ки кӯдакону наврасон дар назди шоҳроҳҳо, гулгашту хиёбон ва кӯчаву бозорҳои шаҳр аз саҳар то шом ва дар фасли гармо то нисфи шаб гаштугузор доранд. Як гурӯҳи онҳо барои “хушгузаронии вақт” берун аз хона бошанд, гурӯҳи дигарашон бо оворагардию талбандагӣ, испанддудкунию бозорнишинӣ, бо бозиҳои компютерӣ ва шустушӯи нақлиёт машғуланд.
Бояд як масъалаи муҳими дигарро қайд намуд, ки, мутаассифона, дар бештари муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ нисбат ба омӯзондани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ беэътиноӣ зоҳир намуда,  дар ҷараёни 17 соати тарбиявие, ки дар муассисаҳои таълимӣ барои омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҷудо шудааст, бо омӯзиши матлабу манбаъҳои дигар машғул мешаванд ва ё аксар маврид соати тарбиявӣ дар мактабҳо гузаронда намешавад.
Ҳарчанд аз тарафи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзӯъ чанд мактуб вобаста ба ҷорӣ намудани фанни алоҳида доир ба омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ирсол  шуда бошад ҳам, вале то кунун ин масъала ҳалли худро наёфтааст. Дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар 6641 муассисаи таълимӣ бо хонандагон суҳбату вохӯриҳо гузаронда шудаст. Пайваста ба ин, кормандони раёсат кӯшиш менамоянд, ки роҷеъ ба ин масъала корро дар муассисаҳои таълимӣ боз ҳам ҷоннок намоянд, то ин ки рух додани садамаҳои нақлиётӣ ва дигар қоидавайронкуниҳо бо иштироки кӯдакону наврасон ва пиёдагардон коҳиш ёбад.
Нодирҷон МУРОДОВ,
аъзои маркази матбуоти Раёсати
БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.12.2016    №: 240    Мутолиа карданд: 3298

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед