logo

иқтисод

БАДАХШОН. ЧАНД ПАҲЛУИ ЯК ПРОБЛЕМА

Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшонро  зимистону сардӣ фаро гирифтааст.  Дар  минтақаҳои  баландкӯҳи  Кӯҳтезаку    Тағарқақ  ва Маҳмадзоҳир, ки  имрӯз  қабои сафед  ба бар  кардаанд, гоҳе  тӯфони   барфӣ  ҳаракати  мунтазами  нақлиётро  халалдор  месозад.

- Дар  муассисаҳои   давлатии нигаҳдории   роҳҳои  автомобилгарди   вилоят  ва   Корхонаи  воҳиди  давлатии   фаръии  “ Хизматрасонии  манзилию  коммуналӣ”- и   шаҳри  Хоруғ аз 137 техникаву  механизми  роҳсозӣ танҳо 92  адад  омодаи коранд. Чанд адад нақлиёт ва механизмҳо аз таъмири  ҷорӣ  ва  асосӣ гузашта, даҳҳо  адади  дигар ҷиҳати  кӯҳнаву  фарсуда  шудан дар   ҳолати  корношоямӣ қарор   доранд. Масалан, дар  муассисаи  давлатии  нигаҳдории  роҳҳои  автомобилгарди  ноҳияи  Шуғнон  аз  21  адад техникаву  механизми  роҳсозӣ  15 ададаш кор намекунад. Дар муассисаи  давлатии  нигаҳдории  роҳҳои  автомобилгарди  ноҳияи  Дарвоз  бошад,  нақлиёту  механизмҳои  роҳсозии  корношоям  10  ададро  ташкил  медиҳанд, ки  ин  қариб  50 дарсади  техникаи  муассисаро ташкил  медиҳад.  Мисли  ҳамин,  то  ҳол  панҷоҳ  дарсади  таҷҳизоту  механизмҳои  роҳсозии  МДНРА-и ноҳияи  Роштқалъа низ дар  ҳолати  корношоямӣ  қарор  доранд, - иттилоъ дод Г. Насруллоев,  сардори  Ситоди ҳолатҳои   фавқулода  ва  мудофиаи  граждании  вилоят.
Муассисаҳои  роҳсозӣ дар  минтақаҳои   таъмири  роҳ ба  миқдори  зарурӣ сӯзишворӣ  захира  накардаанд. Кормандони идораҳои роҳсозии минтақаҳои  баландкӯҳ низ то  ҳол  барои  зимистонгузаронӣ   ба қадри зарурӣ ҳезум ва ангишт  надоранд. Таъмини  роҳсозон  бо  либоси гарм  низ  кашол  ёфта  истодааст. Ин дар  ҳолест, ки  идораи  обуҳавосанҷии  кишвар  омадани  зимистони  сардро  пешгӯӣ  карда буд.
Шодихон  Ҷамшед, раиси  вилоят,  дар  машварати  ситоди ҳолатҳои  фавқулода  ва  мудофиаи  граждании  вилоят таъкид  намуд, ки масъулон  ба  зимистони  мисли  чанд соли пеш  камбарф ва нисбатан  гарм  умед  набаста, камбудиву  норасоиҳоро  дар  самти  омода  намудани соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ  барои  фаъолияти  мунтазам  ва  самарабахш  дар  зимистони имсола  ҳарчи зудтар  бартараф  намоянд. Ҳукумати  кишвар  ба ин  мақсад маблағҳои  заруриро  пурра  равона  намудааст. Омодагии  муассисаҳо  ба  мавсим  ба фаъолияти  роҳбарони  идораву  муассисаҳо, хусусан раисони  шаҳри  Хоруғ  ва  ноҳияҳои вилоят вобаста  аст.
   – Мо  ҳеҷ  ҳуқуқи  маънавӣ  надорем, ки роҳи  байналхалқӣ (Душанбе –Кӯлоб – Дарвоз –Хоруғ – Кулма - Қароқурум)  дар  қаламрави  вилоят  ягон  соат  ҷиҳати  барфрезӣ  ва  ё  фаромадани  тармаву дигар  офатҳои  табиӣ  баста  шавад, - гуфт  раиси  вилоят. - Зеро ба  ин  мақсад  бо  дастури  Пешвои  миллат, Президенти  кишвар  Эмомалӣ  Раҳмон  2  соли  охир  ба   муассисаҳои вилоят  даҳҳо техникаву  механизмҳои нави  роҳсозӣ   ройгон дода  шуда, дар  чанд соли  охир дар  ҳудуди  Ҷамоати  деҳоти  Сағирдашт, водии  Ғунд  ва  водии  баландкӯҳи   Бартанг  идораҳои  мустақили  роҳсозӣ  ташкил  шудаанд. Идораҳои  роҳсозии  вилоят  вазифадор  гардиданд, ки  масъалаи  интиқоли  техникаву  механизмҳоро  ба   қитъаҳои  осебпазири роҳ ва  таъмини  онҳо  бо  маводи  сӯзишвориро ҳарчи  зудтар  ҳал намоянд. 
Раиси  вилоят   сарраёсати  молияи вилоятро  вазифадор  кард, ки  новобаста  аз  мушкилоти  молиявӣ  пардохти  пурраи  маблағҳои  ба  самти   зимистонгузаронӣ  равонашудаи  идораву  муассисаҳои  буҷавиро  пурра  ва  сари  вақт   таъмин  намояд.  Таъкид  гардид, ки масъалаи  омодагии  на  танҳо  муассисаҳои  роҳсозӣ, балки  тамоми  соҳаҳои  иқтисодиёт  ва  иҷтимоиёти  ҳудуди вилоят  ҳамеша   мавриди таваҷҷуҳ,  омӯзиш ва  санҷиши  Ситоди ҳолатҳои  фавқулода  ва  мудофиаи  граждании  вилоят  ва  шаҳру  ноҳияҳо қарор  гирад. Раиси  вилоят  аз  он  изҳори нигаронӣ  кард, ки  дар  ин  самт  Ҳукумати кишвар  ҳамасола  моҳи  апрел  қарори  дахлдор  қабул  кунад ҳам, дар  шаҳру  ноҳияҳои  вилоят  аксаран  танҳо аз  моҳҳои  августу  сентябр сар карда  корро оғоз менамоянд, ки  ин  боиси кашол  ёфтани  иҷрои  нақшаи таъминот  бо  маводи  сӯзишворӣ ва  дигар  ҷиҳатҳои   омода  намудани  соҳаҳои  иқтисодиёт  ва  иҷтимоиёти  вилоят ба  мавсими  тирамоҳу зимистон мегардад.
 Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.12.2016    №: 240    Мутолиа карданд: 1613

26.09.2018


ЗАБОН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Идомаи машқҳои зиддитеррористии «Иссиқкӯл - 2018» дар Қирғизистон

Ёрӣ ба 17 кишвари Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати бартарафсозии оқибати хушксолӣ

Иттиҳоди Аврупо Осиёи Марказиро маблағгузорӣ мекунад

Қазоқистону Ӯзбекистон моҳвораи муштарак сохтанианд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед