logo

иқтисод

ИДОРАИ МОЛИЯИ ДАВЛАТ. САМАРАНОКИИ ОН РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД

Истифодаи самараноки  молияи давлат барои пешрафти соҳаҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии кишвар мебошад. Ҳукумати ҷумҳурӣ  бо  мақсади роҳандозии  дурусти истифодаи маблағҳои буҷетӣ  заминаҳои асосии илмӣ – техникии соҳавиро фароҳам намудааст. Оид ба ин мавзӯъ   бо  ибтикори Донишкадаи молия ва иқтисод зери унвони «Самаранокии идоракунии молияи давлатӣ ва аҳамияти он дар рушди устувори иқтисодиёти  миллии Тоҷикистон» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси илмӣ – амалӣ доир гашт.
Дар чорабинии сатҳи баланд  намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, муҳаққиқони соҳа,  иқтисодшиносони Федератсияи Русия, Қазоқистон ва Фаронса иштирок карда,  иқдомҳои роҳбарияти мамлакатро вобаста ба самти мазкур ояндадор арзёбӣ намуданд. Дар ҷараёни конфронс масоили рушди муносибатҳои молиявӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва буҳрони ҷаҳонӣ, раванди истифодаи буҷет ва ояндабинии  кишварҳои рушдкунанда  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба андешаи иқтисодшиносон, ҷиҳати  рушди  ҳамкориҳои молиявӣ ва беҳбудии  низоми хазинадорӣ  механизми ҳавасмандсозии андозбандӣ нақши муҳим дорад. Ҳамчунин, ташкили фондҳои махсуси молиявии байнидавлатӣ ва бисёрҷониба,  беҳбудӣ бахшидан ба  низоми ҳукумати электронӣ,  таъмини шаффофияти раванди истифодаи буҷет ба воситаи  стандартҳои муосири аудит,  назорати молияи маҳаллӣ ва аз рӯйи  иқтидор  ояндабинӣ намудани молияи давлат аз пешниҳодҳои  иштирокдорон буданд.   Татбиқи механизмҳои нави  идоракунии молияи давлатӣ,  рушди устувори иқтисодиёти миллӣ бо истифода аз сиёсати фискалӣ зарур дониста шуд.
Ашӯрбой Солеҳзода, ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, изҳор дошт, ки бо ташаббуси Ҳукумати кишвар ва кумаки техникии Иттиҳоди Аврупо  раванди омодасозии мутахассисони соҳа аз ҷониби донишкада беҳтар гардидааст.   Бо мақсади  ташаккули системаи омодасозии кадрҳои болаёқати  ба талаботи замон ҷавобгӯ  ва омӯзиши омӯзгорон дар донишкада  маркази ақлҳо ташкил карда шуд. Инчунин, дар ояндаи наздик дар бахши магистратура  омодасозии мутахассисони ихтисоси идоракунии молияи давлатӣ роҳандозӣ карда  мешавад.
Ба гуфтаи Мачей Мадалински, намояндаи ИА,  барои омодасозии мутахассисони сатҳи баланд   дар ҳамкорӣ бо донишкада татбиқи лоиҳаҳои нав  ба роҳ монда шудааст. 
- Ҳоло  барои омӯзиши  масъалаҳои макроиқтисодӣ, бозори меҳнат,  муҳоҷират ва буҷетикунонии минтақаҳо дар донишкада се гурӯҳи корӣ фаъолияти таҳқиқотӣ мебарад.  Беш аз 40 нафар устоди донишкада дар таҳияи барномаи таълими фосилавӣ оид ба идоракунии молияи давлатӣ иштироки фаъол  дорад, - гуфт номбурда.
Сироҷиддин Икромӣ, муовини раиси Бонки миллии кишвар, барои рушди бахши хусусӣ ва дастгирии соҳибкорӣ дарёфти сармояи арзону дарозмуҳлат,  дар  заминаи он  пешниҳоди қарзҳои имтиёзнокро аз тарафи ташкилотҳои қарзӣ натиҷаовар арзёбӣ намуд
Ба гуфтаи Ҷамшед Нурмаҳмадӣ,  муовини вазири молияи кишвар, новобаста аз таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёт, соли равон бо шарофати сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ  натиҷаҳои муайяни рушди иқтисод ва муътадилии сиёсати макрофискалӣ дар мамлакат ба даст омад. Суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар давоми 10 моҳи соли равон 6,7 дарсадро  ташкил дод. Тавре зикр шуд, ҳанӯз ҳам  омилҳои берунаи иқтисодӣ, ки боиси коҳиш ёфтани ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ, интиқоли пули муҳоҷирон, фаъолияти соҳибкорӣ,  хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ ва  даромади буҷет мегарданд, ба иқтисоди ҷумҳурӣ таъсир мерасонанд. Ҳукумати мамлакат бо мақсади паст кардани таъсири омилҳои беруна нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллиро   ба тасвиб расондааст, ки он  таъмини суботи макроиқтисодӣ, таҳкими сиёсати пулию фискалӣ ва  беҳтар намудани фазои соҳибкориро фаро мегирад.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.12.2016    №: 240    Мутолиа карданд: 1656

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед