logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ: "ҶАВОНОН БОЯД САБАҚҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО ОМӮЗАНД"

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таҳкими сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити зиндагии арзандаи иҷтимоии тамоми сокинони ҷумҳурӣ хизматҳои бузурге кардааст. Пешвои миллат худро чун сиёсатмадори ояндабину матинирода, ботаҳаммул ва ғамхори халқ муаррифӣ намудааст. Нақши ӯ дар эҳёи давлату мафкураи миллӣ, бунёди аркони давлатдории навин аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ низ эътироф шудааст.
Бояд қайд кард, ки масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон, нақш ва иштироки бевоситаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа ҳамеша дар маркази  таваҷҷуҳи Сарвари давлат мебошад. Дар тӯли 25 соли Истиқлолияти давлатӣ Президенти кишвар панҷ маротиба бо ҷавонон мулоқот анҷом дод, ки дар ин масъалаҳои зиёди ҳаётии наврасону ҷавонон баррасӣ ва ҳал гардид. Нахустин мулоқоти Президенти ҷумҳурӣ бо ҷавонон, яъне Анҷумани якуми ҷавонони Тоҷикистон 17 марти соли 1994 дар шароите доир гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун як кишвари соҳибистиқлол шинохта мешуд. Дар ҳамин шароит, чун аксарияти аҳолии Тоҷикистон ҷавон буд, ҷалби насли ҷавон ба фаъолнокии сиёсӣ ва беҳтар гардондани вазъи сиёсию иҷтимоӣ дар кишвар мувофиқи мақсад буд.
Баъдан, 23 майи соли 1997, 16 майи соли 1998, 21 майи соли 2005 ва 13 майи соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони лаёқатманд мулоқотҳо баргузор намуданд.
Ҷавонон бо дарки масъулияти бузурги хеш қавл доданд, ки сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро ҷонибдорӣ мекунанд ва дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ ширкат меварзанд.
Дар як мулоқот бевосита таъкид намуданд, ки «Ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз равандҳои солиму носолими сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд».
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ибтидои ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷумҳурӣ буда, дар он масъалаҳои асосие инъикос ёфтаанд, ки ҳалли онҳо барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои насли наврас дар шароити марҳилаи гузариш ва иқтисодиёти бозоргонӣ аҳамияти калон дорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи ватанпарастӣ, муносибати эҳтиромона ба таърих диққати махсус дода, ҷавононро таъкид менамояд, ки аз фаъолияти қаҳрамононаи насли калонсол ибрат гиранд. Барои амалӣ гардондани ин мақсад 16 майи соли 1998 вохӯрии Пешвои миллат бо ҷавонони боистеъдод барпо гардид. Дар арафаи ин форум Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушду болобурди иқтидори илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳавасманд намудани олимони ҷавон 20 марти соли 1998 Фармон «Дар бораи таъсис додани ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом доданд» - ро имзо намуд, ки дар он омадааст: Аз соли 1998 сар карда, барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд 6 ҷоизаи ҳарсола ба номи Исмоили Сомонӣ ҳар кадом ба маблағи 500-каратаи андозаи маоши ҳадди ақал, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, таъсис дода шавад.
Паҳлуи дигари сиёсати давлатии ҷавонон ба корҳои роҳбарикунандаи мақомоти давлатӣ пешбарӣ кардани кадрҳои ҷавон мебошад.
Тамоми заҳматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати ҷавонон бисёр арзанда аст. Ӯ барои мақоми хоса пайдо кардани сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми беназир гузоштааст.
Аз ин рӯ, мо ҷавононро месазад, ки ба қадри истиқлолияту ободии Ватан, Ваҳдати миллӣ ва ғамхориҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат бирасем ва пайи омӯзиши илмҳои гуногун гардида, барои пешрафт ва боз ҳам гул-гулшукуфон гардидани ин Ватани биҳиштосо саҳми худро гузорем.
Ёқубҷон УРОҚОВ,
сармутахассиси шуъбаи матбуот ва
иттилооти Вазорати кишоварзӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.12.2016    №: 240    Мутолиа карданд: 1995

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед