logo

ҳуқуқ

257 ҲОЛАТИ ҚОНУНШИКАНӢ. ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ИСТИФОДАИ ЗАМИН ДАР НОҲИЯИ СПИТАМЕН

Ҷиҳати татбиқи амалии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самараноки қитъаи замин, пешгирии қонуншиканиҳо дар ин самт аз ҷониби мутахассисони кумитаи идораи замини ноҳияи Спитамени вилояти Суғд корҳои мушаххас, аз ҷумла дидору мулоқот бо сокинон анҷом дода мешавад. Ин дар ҳолест, ки танҳо соли равон ба унвони кумитаи идораи замин аз тарафи сокинони ноҳия 2 ҳазору 252 ариза ворид гашта, сари вақт баррасӣ ва аз натиҷааш ба муроҷиаткунандагон посух ирсол шудааст.

Ошкор шудани 257 ҳолати қонунвайронкунии замин дар майдони 42,6 гектарро метавон аз кори бомуваффақияти кормандони кумита арзёбӣ кард. Вайронкунандагони қонунгузории замин мутобиқ бо Кодекси ҳуқуквайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, дар маҷмӯъ ба миқдори 54 ҳазору 400 сомонӣ ҷаримабандӣ ва то имрӯз аз ин ҳисоб ба манфиати давлат 46 ҳазору 330 сомонӣ маблағ ворид карда шуд.
Ба хотири сохтмони ғайриқонунӣ дар қитъаи замини худсарона ишғолшуда нисбат ба 10 нафар маводи зарурӣ тартиб дода, ҷиҳати баҳои ҳуқуқӣ ба прокуратураи ноҳия ирсол гашт. Сарфи назар аз ин  талошҳо кормандони кумитаи идораи замини ноҳия ҳамоно аз ҷониби баъзе сокинони ноҳия ҳолатҳои худсарона ишғол кардани қитъаи замин ба назар мерасанд. Масалан, Фарҳод Турсунов, сокини деҳаи Файзободи деҳоти Куруш аз ҳисоби заминҳои лалмии ҶСК КАС «Гулистон» худсарона 0,02 гектар қитъаи заминро ишғол ва пойдевори хонаи истиқоматиро гузоштааст. Ё ин ки шаҳрванд Зебо Ҳайдаралиева аз деҳаи Ширини ноҳия бидуни ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин ва қарори раиси ноҳия ба сохтмони чойхонаи «Мӯйсафедон» шурӯъ кардааст, ки комилан хилофи қонун мебошад. Зеро мутобиқ ба талаботи  моддаи 18-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон то замони дастрасии ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда бунёди ҳамагуна иншоот манъ аст.
Рафтори Қурбонов Завқиёр, сокини деҳоти Куруш тасдиқи гуфтаҳои болост. Мавсуф худсарона, бе ягон санади ҳуқуқӣ  як қисми қитъаи замини шаҳрванд Турсунқул Ҷабборовро азхуд карда, намоишкорона ба бунёди манзил шурӯъ кардааст. Бинобар бемасъулиятии бархе аз мутахассисони деҳоти мазкур Завқиёр Қурбонов бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таъмин шудааст, ки хилофи қонун мебошад.
Ашӯралӣ Ҷалилзода, раиси кумитаи идораи замини ноҳияи Спитамен, иброз дошт, ки аз тарафи мутахассисони соҳа вазъи истифодаи замин мавриди санҷиш қарор гирифта, камбудиҳои зиёдро ошкор карданд, ки ислоҳи онҳо бояд ҳарчи зудтар амалӣ шаванд.
Пешгирии камбудиҳо дар масъалаи истифодаи замин, ҷудо кардани қитъаи замин танҳо ба уҳдаи кумитаи идораи замин набуда, балки масъулияти кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот низ ҳаст. Зеро мувофиқи моддаи 8-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати ҳолати баҳрабардории замин, қабл аз ҳама, ба ҷамоатҳо вогузор шудааст. Яъне, ҷиҳати пешгирӣ аз қонунвайронкуниҳо дар иртибот ба замин ҳамкории зичи муштарак миёни кумитаи идораи замин ва мутахассисони ҷамоатҳо ҳатмист.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.12.2016    №: 240    Мутолиа карданд: 3206

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед