logo

иқтисод

ҚУБОДИЁН. АЗ ТАЪСИСИ ШАҲРАК ТО ДУРНАМОИ БАРНОМАИ РУШД

Новобаста аз таъсири манфии омилҳои берунаи буҳрони иқтисодӣ дар кишвари сарсабзи мо барномаҳои созандагиву ободонӣ муваффақона амалӣ мегарданд. Дар партави сиёсати бунёдгарои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар қадаму ҳар гӯшаи ин диёри биҳиштосо рӯз ба рӯз пешрафтҳои нав ба миён меоянд. Ин далелро метавон зимни сафар ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба осонӣ дарёфт ва шоҳиди тозакориҳои мондагор шуд, ки самараи талошҳои созандаи Сарвари давлат ва файзи истиқлолият аст.
Ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон дар радифи шаҳру ноҳияҳоест, ки дар чанд соли охир ба дастовардҳои чашмраси иқтисодиву иҷтимоӣ мушарраф шудааст. Роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат ва Ҳукумати ҷумҳуриро меҳвари фаъолияти худ қарор дода, дар фазои осудаи Ватан  ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони ноҳия талош меварзанд.
Айни ҳол, дар ноҳия «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Қубодиён барои солҳои 2016-2020» амал мекунад, ки татбиқи муваффақонаи он дар таъмини рӯзгори босаодат ва шукуфотар гаштани ин гӯшаи диёр нақши арзанда хоҳад гузошт. Саидумрон Абдураҳмонзода, раиси ноҳияи Қубодиён, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» вижагиҳои барномаи мазкур, аҳамияти лоиҳаҳои дар он пешбинишуда ва дастовардҳои ахири ноҳияро шарҳ дод:
- «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Қубодиён барои солҳои 2016-2020», ки 103 лоиҳа ва маблағи умумии 108655 ҳазор сомониро дарбар мегирад, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, таҳти № 797 тасдиқ шудааст. Амалӣ гардидани ин барнома, ки бо эҳтимоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, имкон медиҳад, ки иқтидорҳои маҳаллӣ мавриди истифода қарор гирифта, рушди устувори иқтисодиёти ноҳия таъмин, ҷойҳои нави корӣ таъсис ва сатҳи зиндагии мардум боз ҳам беҳтар гардад. Аз шумораи умумии лоиҳаҳо 40 тарҳ бахши иқтисодӣ, 41 лоиҳа бахши иҷтимоӣ, 16 адад бахши инфрасохтор, 2 адад бахши ҳифзи муҳити зист ва 4 лоиҳа таъминоти захиравиро фаро мегирад. Дар доираи татбиқи он қарор аст, давоми панҷ соли оянда сохтмони 30 иншооти муҳими давлатӣ, аз ҷумла сохтмони бинои прокуратура, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия, шуъбаи амният, муассисаҳои кумакҳои аввалияи тиббию санитарӣ Ҷамоати деҳоти Носири Хусрав ва дигар ташкилоту муассисаҳо сохта ба истифода дода шаванд.
Дар заминаи иҷрои бандҳои алоҳидаи барномаи мавриди назар бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 54 дар деҳаи Ҷоназартеппаи Ҷамоати деҳоти Носири Хусрав ба маблағи 1240,0 ҳазор сомонӣ бо 324 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор дода шуд. Гузашта аз ин, сохтмони мактаб - парваришгоҳ дар деҳаи Ҷангали Ҷамоати деҳоти «20-солагии Истиқлол» оғоз гардида, бунёди 12 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №20, №26 ва №33 давом дошта, тибқи нақша соли 2017 ба истифода дода мешаванд.
Бунёди муассисаҳои нави тандурустӣ ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин намудани онҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, таблиғу ташвиқи тарзи ҳаёти солим вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Қубодиён мебошад. То имрӯз ҳамаи шуъбаҳои сохтори госпиталии ноҳия таъмири асосӣ шуда, шуъбаҳои бемориҳои ишемиявии дил ва урологӣ ташкил гардиданд. Соли ҷорӣ аз ҳисоби сармояи хориҷӣ, шахсони саховатпеша, соҳибкорон ва аҳолӣ сохтмони 2 бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Зиракии Ҷамоати деҳоти ба номи И. Ниёзов ва дар деҳаи Навбаҳори Ҷамоати деҳоти «20-солагии Истиқлол» сохта ба истифода дода шуданд.  Зимнан, сохтмони беморхонаи № 4 дар деҳаи Бошқалъаи Ҷамоати деҳоти ба номи У. Назаров бо фарогирии 20 кати хоб ва 3 шуъба давом дошта, соли 2017 ба итмом мерасад.
Тибқи барномаи мазкур, таҳияи нақшаи генералии ноҳия ба маблағи 200,0 ҳазор сомонӣ, аз он ҷумла 100,0 ҳазор сомонӣ дар соли 2016 аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ пешбинӣ гардида, ҳуҷҷатҳои пеш аз лоиҳавӣ ба пажӯҳишгоҳи  лоиҳакашии ҶСК «Шаҳрофар» пешниҳод ва корҳои лоиҳакашӣ давом дорад. Боиси хушҳолист, ки моҳи марти соли равон бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маркази маъмурии ноҳия мақоми шаҳраки Қубодиёнро гирифт. Ба манзури дар оянда ба яке аз марказҳои зебову шукуфо табдил ёфтани ин шаҳраки навтаъсис, ҳудуди он аз ҳисоби ду деҳоти дигари ноҳия васеъ шуд. Роҳҳои марказӣ мумфарш ва соли ҷорӣ барои равшаннамоии кӯчаҳои марказии шаҳраки Қубодиён бо саҳмгузории фаъолон, шахсони саховатпеша ва соҳибкорон дар масофаи 2700 метр 110 адад симчӯб ва 220 адад фурӯзонакҳои кӯчагӣ насб шуданд. 
Яке аз масъалаҳои дар гузашта ташвишовар ин бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намудани сокинони маркази ноҳия буд. Вобаста ба ҳалли ин масъала тадбирҳои зарурӣ андешида шуд ва фаъолияти Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ, ки қаблан то соли 2008 амал мекард, дубора барқарор гардида, аҳолии маркази ноҳия бо оби ошомиданӣ таъмин шуданд. Ҳамзамон, бо сармоягузории Ширкати Сит-Силу Ҷунтай Хатлон ба маблағи 6 миллион доллари амрикоӣ 11 насоси обкашӣ васл ва 4020 гектар замин обёрӣ гардид. Ин иқдом барои таъмини зироатҳои кишоварзии беш аз 400 хоҷагии деҳқонӣ бо оби полезӣ шароит фароҳам овард.
Барои барқарорсозии заминҳои корами обии аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва азхудкунии заминҳои нави обёришаванда бо қарори раиси ноҳия аз 26 августи соли 2016 ба ҶДММ Иттиҳодияи аграрии «Водии заррин» ҳуқуқи истифодаи бемуҳлати қитъаи замин дар майдони 11857, 30 гектар дода шуд. Тибқи шартнома Иттиҳодияи аграрии «Водии заррин» бояд насосҳои обкаши нав, хатҳои обгузар ва техникаҳои кишоварзиро харидорӣ карда, барои азхудкунии заминҳо истифода барад, ки дар натиҷа зиёда аз 10 ҳазор шаҳрванд бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин мегарданд.
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён, дар доираи сиёсати бунёдкоронаи Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ  минбаъд низ барои комёбиҳои бештар ва рушди бонизоми соҳаҳои гуногун тадбирҳои амалӣ меандешад.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.12.2016    №: 240    Мутолиа карданд: 1741

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед