logo

иҷтимоиёт

МАҲСУЛОТИ СИНТЕТИКӢ ВА ПАЁМАДҲОИ НОГУВОРИ ОН

Мутахассисон исбот кардаанд, ки истифодаи маводи ғизоӣ ва ғайриғизоии синтетикӣ ба организми инсон зарар дорад. Ба гуфтаи онҳо  молу маҳсулоти синтетикӣ барангезандаи асосии бемориҳои гуногуни пӯст  мебошад. Мутаассифона, имрӯз сокинони кишвар, махсусан занону духтарон мафтуни зебоӣ, рангу бор ва ҷилои матоъҳои синтетикии ғайристандартӣ гардидаанд, ки ин амал ба саломатии онҳо зарари ҷиддӣ дорад.
Дар нуқтаҳои савдою бозорҳои ҷумҳурӣ матоъҳои синтетикӣ нисбат ба пахтагин бештар ба назар мерасанд. Либосҳои синтетикӣ арзону дастрас ва хушранг буда, мардум бехабар аз зарару ҷиҳатҳои манфии онҳо либосҳоро мехаранд. Савдогарон низ барои ба даст овардани даромад ва манфиати шахсӣ аз оқибатҳои ногувори он андеша намекунанд ва бозори худро гарм нигоҳ медоранд.
Бино ба иттилои Исохон Қаҳоров, табиби Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои пӯст, дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз таъсири либосҳои синтетикӣ зиёда аз 1300 нафар бемор  ба қайд гирифта шуда, ҳолати ба касалиҳои пӯст дучоршавии аҳолӣ афзоиш дорад. Бештари маризон  ҷавонони 10 - 25 – солаанд.
- Организми инсон ҳангоми истифодабарии маводи синтетикӣ (аз бозичаи кӯдакона то маводи ғизоиву ғайриғизоӣ, аз ҷумла либосҳои аз матоъҳои синтетикӣ истеҳсолшуда)  зарра - зарра заҳролуд мешавад. Нафароне, ки имрӯз мехоҳанд ба бемориҳои гуногуни боди гармӣ ва пӯст дучор нашаванд, аз либосҳои синтетикӣ бояд худдорӣ намоянд. Зеро шахсоне, ки қаблан гирифтори бемориҳои  шукуфаи рангоранг, асабзоди пӯст, қубо (экзема)  мебошанд, ҳангоми ба бар кардани матоъҳои синтетикӣ хуруҷёбӣ ва авҷгирии онҳо бештар мегардад.     
Мушкилӣ он аст, ки аз таъсири либосҳои химиявии синтетикӣ ва гармии нури офтоб имунитет ва қобилияти муборизабарии пӯсти бадан паст мегардад. Ин ба он оварда мерасонад, ки табобат душвор гашта, муолиҷаи ин беморон тӯлонӣ гардад, - мегӯяд И. Қаҳоров.
Бинобар ин, мутахассисони соҳаи тиб тавсия медиҳанд, ки истеъмолгарон дар вақти интихоб ва харидорӣ асосан аз матоъҳои табиӣ, яъне пахтагин, пашмин истифода намоянд. Зеро матоъҳои табиӣ якчанд хусусиятҳои хуби гигиение доранд, ки ба саломатии одам на танҳо безарар, балки манфиатбахш мебошанд.
Ҷои таъкид аст, ки дар баробари фаъол будани ниҳодҳои махсуси назоратӣ ҳамоно ба кишвар молу маҳсулоти пастсифат ворид мешавад. Ҷиҳати пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифат, ки аллакай оқибатҳои нохуши он ба мушоҳида расидааст, сохторҳои дахлдор бояд бештар чораҷӯӣ намоянд.
Бозор Остонаев, мутахассиси шуъбаи назорати давлатии молҳои ниёзи мардум дар Агентии Тоҷикстандарт, иброз дошт, ки яке аз самтҳои фаъолияти масъулини агентӣ пешгирӣ намудани воридоти маҳсулоти пастсифат мебошад. Мувофиқи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ - техникӣ «Матоъҳои куртаворӣ, куртаю костюмворӣ аз нахи кимиёвӣ» бояд шартҳои умумии техникӣ риоя гардад. Ашёи хом ва ҳамаи маводе, ки барои истеҳсоли матоъҳои синтетикӣ истифода бурда мешаванд, ҳатман аз ташхиси Хадамоти санитарию эпидемиологӣ гузарад.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.12.2016    №: 241    Мутолиа карданд: 2480

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед