logo

ҳуқуқ

ТИРЕ, КИ ХОК ХӮРД

Чипта харида натавонист, вагарна…
Чанд сол аст, ки дар Тоҷикистон мутахассисону коршиносон тавассути воситаҳои ахбори омма, конфронсу ҳамоишҳои вижа ва дигар чорабиниҳои судманд ҳадафҳои муғризонаю  моҷароҷӯёнаи гурӯҳи «Давлати исломӣ» - ро ба мардум фаҳмонанд ҳам, мутаассифона, баъзе аз ҷавонони гумроҳ ва фиребхӯрда кӯшиши пайвастан ба ин ташкилоти террористиро мекунанд.
Ривоҷиддин Бобохонов аз ҷумлаи онҳост.  Вай аз соли 2008  инҷониб ба муҳоҷирати меҳнатӣ, ба Федератсияи Русия рафта, аз сомонаи  иҷтимоии «Youtube»  наворҳоеро таҳти унвони  «амри  маъруф»  тамошо  мекардааст. Баъдан, тавассути  барномаи   «ZELLO» бо яке аз аъзои фаъоли ташкилоти экстремистӣ-террористии  барномаи «Роҳнамо  ба сӯи давлати исломӣ» Абумуҳаммад ном шахс робита  пайдо намуда,  нақшаи ба сафи ин ташкилоти экстремистӣ - террористӣ  пайвастанро тарҳрезӣ менамояд.
Моҳи июли соли равон Абумуҳаммад роҳҳои ба Туркия ва сипас ба Сурия рафтани Ривоҷиддинро фаҳмонда, аз ҷумла таъкид мекунад, ки чиптаро ҳар чи зудтар аз ҳисоби худаш дастрас намояд. Ривоҷиддин аз сабаби надоштани маблағ чанд муддат ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешавад. Ӯро мақомоти   ҳифзи  ҳуқуқи  Федератсияи  Русия  дар натиҷаи гузарондани фаъолияти фаврӣ - ҷустуҷӯӣ  дастгир ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол доданд.
Бо ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, аз 13 октябри  соли  2016, Ривоҷиддин Бобохонов  бо моддаҳои 32 қисми 3 - 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои 6 сол маҳрум сохтан аз озодӣ, бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт, таъйин карда шуд.

Ба Сурия як қадам монда буд
Бо вуҷуди он ки «Давлати исломӣ» гурӯҳи иртиҷоиву террористӣ эълон шудааст, баъзе донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилдоштаи мо идеяҳои онро қабул ва ҷонибдорӣ намуда, мақсади иштирок дар амалиёти ҷангии давлати Сурияро дар дил мепарваранд. Парвандаи ҷиноятии Наҷмиддин Хоҷаабдуллоев, ки бо моддаҳои 32 қисми 3 - 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе  моҳиятан баррасӣ гардид, ба ҳамин масъалаи доғи рӯз рабт дошт. 
Наҷмиддин Хоҷаабдуллоев ҳангоми дар коллеҷи тиббии шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия таҳсил намуданаш, моҳи декабри соли гузашта тавассути  Илёс ном шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шабакаи «Одноклассники» даромада,  бо Абу Саиди дар Сурия қарордошта суҳбат мекунад.  Баъдан ӯ 4 марти соли равон, мувофиқи маслиҳати пешакӣ, ба шаҳри Истанбули Туркия сафар менамояд. Наҷмиддинро дар фурудгоҳ марди ба тафтишот номаълум пешвоз гирифта, ба воситаи яке аз деҳаҳои наздисарҳадии шаҳри Газеантепи Туркия ба Сурия интиқол доданӣ мешавад. Аммо кормандони мақомоти полиси шаҳр аз қонуншиканӣ ва ниятҳои бади Наҷмиддин огоҳ шуда, ӯро дастгир ва баъди ҳабси думоҳа ба кормандони КДАМ - и Ҷумҳурии Тоҷикистон супурданд.
Бо ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, аз 14 октябри соли 2016,  Наҷмиддин Хоҷаабдуллоев ба муҳлати 6 сол аз озодӣ маҳрум гардид. Падару модари ин ҷавони гумроҳгашта баумед буданд, ки фарзандашон дар Русия хонда, табиби дорушинос мешаваду ба Тоҷикистон баргашта, ба халқу Ватан хизмат мекунад.  Аммо гули умеду орзуҳояшон нашукуфта пажмурда шуд, писарашон доғи дилу дидаҳо гардид. Беҳуда намегӯянд: «Фарзанди нек боғи падар, фарзанди бад доғи падар».
Д. РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.12.2016    №: 241    Мутолиа карданд: 3292

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед