logo

иҷтимоиёт

"АҲМАДИ ПОРИНА… АЗ БОБИ БЕНИЗОМӢ ДАР БОЗОРҲОИ "САХОВАТ" ВА "ДЕҲҚОНБОЗОР" - И ШАҲРИ КӮЛОБ"

Раёсати ҷамъияти матлуботи шаҳри Кӯлоб мақолаи Шарифхон Тиллоев - «Аҳмади порина… Аз боби бенизомӣ дар бозорҳои «Саховат» ва «Деҳқонбозор» - и шаҳри Кӯлоб» - ро, ки 19.10.2016 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр шуда буд, мавриди баррасӣ қарор дод. 

Табиист, ки кор бе камбудӣ намешавад. Тавсияю эродҳои васоити ахбори омма ва шаҳрвандон дар рафъи ин камбудиҳо ба мо ёрӣ мерасонанд.
Ёдовар мешавем, ки бозори «Саховат» солҳои шӯравӣ дар майдони панҷ гектар ҷойгир буду ҳамаи нуқтаҳои савдо ва пештахтаҳои он, ки  қисмати калони фурӯшгоҳро ташкил медоданд, дар тобеияти бозор буданд. Дар замони соҳибистиқлолӣ боз фурӯшгоҳҳо, бозорчаҳои мустақил, марказҳои савдо ва дуконҳои зиёд пайдо гардиданд, ки ҳар кадом ба сари худ мустақиланд. Аз бозори марказӣ бошад, ҳамагӣ дувуним гектар боқӣ мондааст.
Бо ҳамаи фурӯшандаҳо ва кормандони бозор оид ба беҳдошти вазъи санитарию экологӣ ва риояи қоидаҳои савдо суҳбатҳои инфиродию умумӣ гузарондем. Қарори раиси шаҳри Кӯлоб дар бораи ба ҷойи махсус интиқол додани партовҳои бозори «Саховат» ба тасвиб расид ва дар асоси шартнома ин корро  идораи коммуналӣ иҷро намуда истодааст.
Мутаассифона, Ш. Тиллоев тамоми нуқсонҳои экологии шаҳрро ба бозорҳои «Саховат» - у «Деҳқон» нисбат додааст, ки қобили қабул нест.
С. ҶУМЪАЕВ,
раиси раёсати ҷамъияти матлуботи шаҳри Кӯлоб

АЗ ИДОРА:
Бори аввал нест, ки ба «Ҷумҳурият» аз боби бенизомиҳо дар бозорҳои шаҳри Кӯлоб номаҳои танқидӣ мерасанд. «Ҷумҳурият» тасмим гирифт, ки қазияро ҳамаҷониба мавриди санҷиш қарор диҳад. Бо ин мақсад хабарнигори махсуси рӯзнома ба омӯзишу таҳлили ҳамаҷонибаи масъала машғул шуда, маводи таҳлилӣ омода намуд, ки дар зер пешниҳоди хонанда мегардад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.12.2016    №: 241    Мутолиа карданд: 2494

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед