logo

иҷтимоиёт

ОБРО АЗ РӮШНОӢ КУН ҚИЁС…

Об. Ин мафҳумро мардуми мо азизу гиромӣ дошта, дар қатори вожаҳои рӯшанӣ, ободӣ, сарсабзӣ истифода мебаранд. Зеро дар замонҳои бостон пеш аз кашфи оина инсон чеҳраи худро дар об медид.

Об хусусияти ба хотиргирӣ ҳам дорад. Таркиби кимиёии он метавонад садоро муддати муайян ба хотир гирад. Аз ин сабаб, то ҳол ба  навхонадорон пас аз никоҳ оби никоҳ менӯшонанд, ки хосияти илмӣ низ дорад. Фаротар аз ин, об манбаи барқи табиӣ, гармӣ, тозагӣ, истеҳсолот ва мояи аксари кашфиёту ихтирооти кимиёиву механикист.
Ҳанӯз дар замони шӯравӣ, ки НБО «Норак»-у «Дӯстии халқҳо» хонаҳои ҳазорон мардумро мунаввар мекард, устод Мирзо Турсунзода фармуда буданд:
Обро аз рӯшноӣ кун қиёс,
Дӯстонро бо нигоҳи дил шинос.

Сокини шаҳри Душанбе бобои Сарфароз мегӯяд: «Ман дар замони кӯдакӣ аз забони модарам борҳо шунидаам, ки мегуфт: ба об туф накун, ба об партов наандоз, обро беҳуда нарез, обро эҳтиёт кун. Ин ҳикматҳои модарамро ҳоло ба фарзандонам талқин мекунам. Зеро аз фаровонии об исрофкориву беқадрии онро дар шаҳр зуд-зуд мушоҳида менамоям».
Душанбеи азизи моро шаҳри гулҳо мегӯянд. Аммо кам касон таваҷҷуҳ кардаанд, ки хиёбону гулгаштҳои онро маҳз об гулзору сарсабз кардааст. Дар дунё ҳастанд шаҳрҳое, ки бо гулу бутта ва дарахтҳои сунъиву кимиёӣ оро дода шудаанд, ки ҳаргиз таровати табиӣ надоранд. Муаллима Бону Муродова, ки борҳо сафарҳои хориҷа доштааст, роҳҳои истифодаи сарфакоронаи обро дар он кишварҳо чунин нақл кард: «Дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия ба ҳар як хонаи истиқоматӣ вобаста ба нафарони маскун ченаки сарфи об муқаррар гардидааст. Агар аз он ченак бештар об сарф кардед, андози об ду баробар зиёдтар ҳисоб карда мешавад. Тасаввур кунед, ки шумо дар як шабонарӯз ҳуқуқи аз 60 литр бештар истифода бурдани обро надоред. Ин воқеияти давлатҳои дигар барои шаҳрвандони мо афсонае беш нест».
Воқеан ҳам, дар шароити ҳам деҳаву ҳам шаҳр ба қадри бояду шояд обро ҳифз накарда, аз рӯи масали «ҳар чӣ бисёр шуд, хор шуд», амал мекунем, ки боиси таассуф аст. Барои бештар дарк намудани қадру манзалати об филмҳои ҳуҷҷатӣ, барномаҳои телевизионӣ ва наворҳои кӯтоҳмуддат низ саҳми арзанда доранд. Дар ин маврид хонандаи мактаб Ардашери Наврӯз ибрози ақида карда, чунин гуфт: «Дар шабакаи телевизионии «Планета», ки басо маъруф аст, рӯзгори вазнину тоқатфарсои мардумони қитъаи Африқоро дида ангушти ҳайрат газидам. Пас аз боришоти кӯтоҳмуддати мавсимӣ занону кӯдакон бо чумчаву зарфҳои гуногун ба сӯи регзорон медаванд. То 50 - 100  сантиметр заминро кофта, оби зарду ғашноки дар ковокиҳои регзорон ғуншударо ба зарфҳои калонтар ҷамъ мекунанд. Пас аз муддате оби таҳшиншудаи ғайриқобили истифодаро менӯшанд». Ин ҳол дар як назар ғайримумкин аст, аммо аз назари дигар дар ҳақиқат ҳам мардуми сайёра ба оби табиии ошомиданӣ шадидан ниёз доранд.
Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ ин ва дигар норасоиҳои сайёраи заминро ба инобат мегирад, пайгирӣ менамояд ва ҳамзамон иқдомҳои созандае аз худ рӯи кор меорад. Ҳанӯз солҳои дуҳазорум об ва масъалаҳои марбут ба онро Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дар сатҳи ҷаҳон бардошта, мардуми сайёраро  ҳушдор дода буданд, ки бо гузашти айём масъалаи об бештару пештар мубрамият пайдо мекунад. Таҳлилу баррасиҳои коршиносон ва олимону мутахассисон нишон дод, ки воқеан баҳру уқёнус, кӯлу дарёву пиряхҳо ва офатҳои табие, ки аз об сар мезананд, муаммоҳои глобалист.  
Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, ки дар доираи Саммити оби Будапешт дар Маҷористон баргузор гардид, саривақтӣ ва зарур будани талошу кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар тасдиқ намуд.
Соли 2015 дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба раванди тадбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015 дар шаҳри Душанбе иқдоми навбатии Тоҷикистон сурат гирифт ва Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор» пешниҳод гардид. Ҳоло лоиҳаи қатъномаи дахлдор оид ба ин масъала дар марҳалаи хотимавии баррасии Маҷмаи кулли СММ қарор дорад ва итминон меравад, ки ин ташаббус низ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта хоҳад шуд.   
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.12.2016    №: 241    Мутолиа карданд: 2503

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед