logo

сиёсат

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ БАРҚУ ГАРМИДИҲИИ "ДУШАНБЕ - 2"

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе - 2» - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Хишти аввали сохтмони навбати дуюми марказ бо иқтидори 300 мегаватт аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин моҳи сентябри соли 2014 гузошта шуда буд ва он имрӯз аз тарафи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар толори агрегатҳо парда аз болои лавҳаи рамзӣ бардоштанд ва ба маркази идоракунии ин иншооти муҳими энергетикӣ ташриф оварда, бо пахши тугма ба фаъолияти навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе - 2" расман оғоз бахшиданд.  
Арзиши умумии лоиҳа 349 миллион доллари амрикоӣ буда, аз он 17 миллиону 443 ҳазор доллар саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Пудратчии асосии сохтмон ширкати "ТВЕА" - и Чин мебошад.
Сохтмони навбати якуми Маркази барқу гармидиҳӣ "Душанбе - 2" бо иқтидори 100 мегаватт моҳи ноябри соли 2012 оғоз гардида буд. Он то соли 2014 бунёд ёфта, бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Соли 2015 корҳои сохтмонӣ дар навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе - 2" бо иқтидори умумии 300 мегаватт неруи барқ ва 167 гикакалория гармӣ оғоз гардида, иншоот пеш аз муҳлат дар муддати 17 моҳ ба анҷом расонда шуд.
Барои амалӣ кардани навбати дуюми сохтмони марказ моҳи июли соли 2014 байни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» ва ширкати «ТВЕА» - и Ҷумҳурии Мардумии Чин шартнома ба имзо расида буд.
Пас аз ифтитоҳи иншооти муҳими соҳаи энергетика Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарон ва мутахассисони тоҷику чинӣ, ки дар рафти бунёди маркази мазкур саҳм гузоштаанд, мулоқоти судманд доир карданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.12.2016    №: 241    Мутолиа карданд: 1807

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед