logo

иқтисод

ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТӢ. ТАШХИС БОЯД СИФАТИ БАЛАНД ДОШТА БОШАД

Самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ва танзими фаъолияти шаҳрсозӣ ин экспертизаи давлатии шаҳрсозӣ, меъморӣ ва ҳуҷҷатҳои сохтмонӣ мебошанд, ки бояд биною иншоот тибқи меъёрҳои мавҷуда ва бо сифати баланд бунёд гарданд.  Ин вазифаи пурмасъулият бар зиммаи кормандони раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ вогузор шудааст.
- Биною иншооти зиёди замонавӣ, ки имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриамон қомат афрохтаанд, нишонаи осоиш ва оромии кишварамонро нишон медиҳад, - мегӯяд Суҳроб Саъдуллозода, сардори раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ. - Кормандони раёсат ҳоло дар қаламрави кишвар экспертизаи давлатии баҳисобгирӣ, асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаҳои сохтмон, таҷдид ва азнавтаҷҳизонии техникии корхонаҳо ва биною иншоотро амалӣ месозанд.
- Мо ҳангоми баррасии лоиҳаҳо оид ба риояи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ назорати қатъиро ба роҳ мондаем, - меафзояд Суҳроб Саъдуллозода. - Раёсат бо фармоишгарон ва лоиҳакашон пайваста дар ҳамкорӣ буда, баргузории семинар ва машғулиятҳои ихтисосӣ бо онҳо кори моро боз ҳам хубтар мекунад. Ҳамчунин, мутахассисони соҳибтаҷрибаро ба кор ҷалб намуда, барои онҳо шароити мусоиди корӣ фароҳам меорем.
 Баҳри баланд бардоштани масъулияти мутахассисон ва коршиносони соҳа силсилаи дастурҳо дода шудааст, ки он барои сари вақт ва бо сифат анҷом додани хулосаҳои ташхисӣ мусоидат мекунад. Ин тадбирҳо сифати лоиҳаҳои сохтмонро баланд бардошта, ба меъёрҳои ҷумҳурӣ мутобиқ будани онҳоро таъмин менамоянд. Метавон гуфт, ки лоиҳаҳои ба ташхис пешниҳодшуда зина ба зина беҳтар гардида, иншооти тибқи он бунёдшуда симои шаҳру ноҳияҳои моро зебову дилкаш мегардонад. Аз ҳама муҳимаш лоиҳакашон ва ташхисгарон барои ба зилзила тобовар будани биною иншоот диққати махсус медиҳанд.
Ҳамзамон, раёсати экспертизаи давлатӣ ба ҳуҷҷатҳои харҷномавии иншоот, ки аз маблағи буҷети давлатӣ сохта мешаванд, аҳамияти ҷиддӣ дода, барои сарфа намудани маблағҳои буҷетӣ саъю кӯшиш мекунанд. Ҳамин аст, ки то имрӯз аз ҳисоби харҷномаҳои иншоот бештар аз 132 миллион сомонӣ кам карда шуд ва мутаносибан корҳои сохтмону васлгарӣ ба ҳамин маблағ арзон гардид. Дар оянда низ нисбат ба лоиҳаҳои таҳияшаванда, муҳлати баррасии онҳо дар раёсат ва ислоҳи эродҳо талабот бештар мегардад.
У. МУРОД,  «Ҷумҳурият»      


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.12.2016    №: 242    Мутолиа карданд: 1582

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед