logo

ҳуқуқ

590 ҶИНОЯТ ВА ИШТИРОКИ 532 НОБОЛИҒ ДАР ОНҲО

Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар заминаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» иқдомоти муассир андешида, иҷрои бетаъхири  муқаррароти ин санади меъёрии ҳуқуқиро ба манфиати ҷомеа медонад. Аз ин рӯ, назорати иҷрои талаботи қонун, ки панҷ сол муқаддам қабул гардид, бар уҳдаи Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони вазорат вогузор шудааст.
Ахиран ин ниҳод ба манзури амалӣ намудани талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи маориф» дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, бо хонандагони муассисаҳои таълимӣ, падару модарон ва омӯзгорон дидору вохӯриҳои судмандро ба роҳ мондааст. Пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ, муноқишаҳои байни хонандагон, шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои  экстремистӣ ва равияҳои динӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ аз мавзӯъҳои меҳварии дидору мулоқотҳо ба ҳисоб меравад.
Бино ба иттилои Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ  дар зарфи 10 моҳи  соли ҷорӣ бинобар риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 12228 протоколи маъмурӣ нисбат ба падару модарон ва масъулини мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ки уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд иҷро накардаанд, тартиб дода, барои андешидани чораҳои қонунӣ ба судҳои шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шудааст. Аз ин шумора 7199 нафари онҳо ба маблағи 796775  сомонӣ ҷарима шуда, 3052  маводи дигар оид ба ин масъала мавриди баррасӣ қарор дорад.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Зебунисо Холдорбекова, муовини сардори хадамоти мазкур, дар ин муддат 590 ҷиноят бо иштироки 532 ноболиғ содир гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 ҳолат зиёд аст. Аз шумораи умумии ноболиғоне, ки ҷиноят содир намудаанд, 89 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумианд ва 432 нафар бо кор ва таҳсил машғул нестанд.
Соли ҷорӣ дар миқёси ҷумҳурӣ аз ҷониби кормандони воҳидҳои кор бо ноболиғон ва ҷавонон 2336 маротиба рейд ва амалиёти муштараки «Наврас», «Оворагард» ва «Талбанда» гузаронда шуд, ки дар натиҷа 9548 нафар ноболиғ барои ҳуқуқвайронкуниҳои гуногун муайян ва ба шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас карда шуданд. 
Бино ба арзёбии масъулони соҳа, аз ҷумла кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД, риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  масъулияти падару модар  дар таълиму тарбияи фарзанд», сатҳи пасти корҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ, бекорӣ, камсаводии ҷавонон ва падару модарон аз омилҳои аслии ба ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ даст задани ноболиғон дониста мешавад, ки перомуни он тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.12.2016    №: 242    Мутолиа карданд: 3410

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед