logo

сиёсат

ДУРӮҒ МЕГӮЯНД БО ДУРӮҒ НАФАС МЕГИРАНД

Боз дар хусуси ҳизби мамнуъшудае, ки дар хориҷ ҳам террористӣ эътироф шудааст
Агентии миллии иттилооти Тоҷикистон «Ховар» 8 декабр муҳтавои мақолаи рӯзноманигори мисрӣ Саид Маҳмуд Диобро таҳти унвони «Ҳизби наҳзати тоҷикӣ аз Осиёи Миёна бо Миср меҷангад», ки дар рӯзномаи бонуфузи «Ал-Аҳром»-и Ҷумҳурии Арабии Миср чоп шудааст, нашр намуд. Бо назардошти аҳамияти мавзӯъ ва шинохти боз ҳам рӯшантари чеҳраи аслии собиқ ҲНИТ аз сӯи таҳлилгарони хориҷӣ «Ҷумҳурият» бо такя ба манобеяш фишурдаи ин матлабро манзури хонандагон мегардонад.
Ҳизби наҳзат - ақидааш аз гурӯҳи «Ихвон-ул-муслимин» сарчашма мегирад, дурӯғ мегӯянд, бо дурӯғ нафас мегиранд.
Даъвати гурӯҳи номаълум барои гирдиҳамоии рӯзи 11 ноябр дар Миср бар зидди ҳукумати кунунӣ, ки ихвониҳо бо тамоми ҳастии худ ба он омодагӣ диданд, аз ҷониби мардум тарафдор пайдо накард. Он рӯз-рӯзи ором гузашт. Рӯзи фораме буд. Мардуми Миср даъватҳои шубҳаангези шахсони номаълумро нодида гирифт, зеро ин тоифаро чашми дидан надоштанд.
Аз ҷониби дигар Ҳизби наҳзати террористӣ то охири рӯз, то анҷоми ҳодиса (гирдиҳамои дар Мисрро) интизорӣ накашида, хабарҳои бардурӯғро дар интернет ҷой дод. Чанд паҳлуи дурӯғ будани он хабарҳо: а) гӯё ҳазорҳо нафар ба кӯчаҳо баромада, истеъфои президентро талаб доранд; б) гӯё гирдиҳамомадагон барқарор намудани Муҳаммад Мурсиро мехоҳанд; в) гӯё афроде аз артиш бар зидди ҳукумат баромаданд. Ҳол он ки ҳамаи ин хабарҳо дурӯғ ва буҳтон буданд.
ҲНИТ 29 сентябри соли 2015 бо қарори Додгоҳи Олӣ (Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба рӯйхати ташкилоти экстремистӣ-террористӣ дароварда шуд. Фаъолияти ҳизб аз солҳои 1997 шурӯъ гардида, симати дӯстона ва сулҳомез дошт. Вале ин сифатҳо якбора ба симати манфӣ табдил гардида, дар задухӯрд бо қувваҳои амниятии кишвар хуни бегуноҳонро рехтанд. Ин ҳодиса бо роҳбарии узви фаъоли ҲНИТ ва ноиби пешинаи вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода сурат гирифт. Ӯ бо ин амалаш мехост як фитнаву бадбиниро дар байни шаҳрвандон паҳн намояд.
Баъд аз ҳодисаҳои хунин ҲНИТ ҳамчун ҳизби террористӣ шинохта шуда, роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ ва аъзои фаъоли он ки сифати «Хоини миллат»-ро гирифта буданд, ба хориҷи кишвар фирор намуданд.
Раванди ҳодисаҳо якояк даст доштани ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ-ро дар нооромиҳои Тоҷикистон бори дигар собит сохт. Ҳоло амалҳои террористии худро аз давлатҳои аврупоӣ мехоҳанд пиёда созанд. Аз маблағҳои хоҷагони хориҷии шубҳаангезашон барои ноил гаштан ба охирин умедҳои хомӯшгаштаи худ, истифода мебаранд.
ҲНИТ баъд аз ба сари қудрат омадани «Ихвон-ул-муслимин» дар Миср мехост мардуми тоҷикро мутмаин созад, ки онҳо то ҳол қувва ва арзи ҳастӣ доранд. Аммо ҳақиқат хилофи онро нишон дода истодааст.
ҲНИТ бо амалҳои нопоки худ мехост ақидаи тундгароиро дар минтақаи Осиёи Миёна паҳн намояд. Аммо ба зудӣ ниқоб аз рӯйи онҳо афтода, хокаи аслии онҳо ба ҳамагон маълум гашт.
Гурӯҳи «Ихвон ул-муслимин» душмании худро зидди Миср аз дохил ва хориҷ кофӣ нашумурда, ҳамсангарҳои худро аз Осиё Миёна, махсусан Ҳизби наҳзати террористиро дар муборизаи хеш ҷалб намуд.
Қобили зикр аст, ки Ҳизби наҳзати террористӣ ба мақсади инқилоб бар зидди Ҳукумати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноиби пешинаи вазири мудофиа - Абдуҳалим Назарзодаро дар бозӣ даровард. Хушбахтона, аз амалҳои ноҷавонмардонаи онҳо сари вақт пешгирӣ намуданд. Натиҷаи тафтишот маълум кард, ки Абуҳалим Назарзода нақша ва таълимоти худро аз Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, мегирифт.
Бино ба таъкиди ВАО Муҳиддин Кабирӣ раиси ҳизби наҳзати террористӣ, соли 2012 расман бо раиси барканоршудаи Миср Муҳаммад Мурсӣ дар Қасри раёсат замони давлатдории «Ихвон-ул-муслимин» мулоқот кардааст. Гарчанде мулоқоти мазкур дар Миср зери пардаи махфият баргузор гардида бошад ҳам, Муҳиддин Кабирӣ пас аз бозгашташ ба Тоҷикистон хабари мазкурро аз тариқи нашрияҳо паҳн намуд. Новобаста ба ифшо нашудани тафсилоти тааҳҳудоти байни ҷонибҳо, ин нишонаи ошкорои умқи алоқамандии Ҳизби наҳзати террористӣ ва ҷамоати ихвониҳоро дар Миср нишон медиҳад.
ҲНИТ-и террористӣ фаъолияти худро дар ҷанги шаҳрвандӣ, ки солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон рух дод,  ҳамчун «ҷиҳод дар роҳи Худо» рӯйпӯш мекард, вале худи он дар асл сабабгори аслии ин ҷанги шарвандӣ мебошад.
Ф. ҶУМЪАЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.12.2016    №: 242    Мутолиа карданд: 2152

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед