logo

иҷтимоиёт

ФЕ-ЛЕТ – ОН Ё ТЕ-ЛЕФ – ОН?

Чандсад сол пеш як шоири маъруф аз Ҳиндустон бо таъкид ва ҳушдори мардум гуфта буд:
Ҳеҷ кас нест, ки дар фикри дили худ бошад,
Умри мардум ҳама дар фикри шикам мегузарад.

Замон ҳанӯз ҳақиқати мисраи якумро ботил накарда ва аз миён набурда. Аммо мисраи дуюм чанд, балки як ё ду даҳсола, бо дилпурӣ метавон гуфт, ки куҳна шудааст. Бо вуҷуди ин ҳама, ба мисраи якум ҳам метавон андак эрод гирифт. Барои он ки табъҳо нозук асту мабодо хотири ёре биранҷад, мақсадро бо ҷумлаи саволӣ баён мекунем: «Магар ҳамон «дил» имрӯз мондааст, ки дар фикри он бошем»? Ихтиёр дар дасти бахтиёр аст. Агар дилпур бошед, ки дил доред ва медонед, дил чист, посухи мусбат бидиҳед. Дирӯз дар маркази бемориҳои дил ба як дӯстам, ки баъди чанд сол ба синни 60 қадам мегузорад, гуфтанд, ки ду дил дорад. Бечора аз шодӣ қариб ҳар ду дилро аз даст медиҳад. Ба духтур пешниҳод месозад: «Ман донор шуда метавонам? Бигиред, як диламро бифурӯшед, маблағашро байни ҳар дуямон баробар тақсим мекунем». Ба таҳқири ӯ дигар ҳампешагони духтур гуфтанд, ки ту дил ҳам надоштаӣ. Баъд аз ин шубҳа намудааст, ки мабодо ҳангоми муоина ҳар ду дилашро гирифта бошанду онҳоро ба савдо гузоранд.
Ҷойи шубҳаву ханда нест. Техникаву технология бисёр пеш рафтааст. Як ё  ду даҳсола пеш кӣ бовар мекард, ки мисраи дуюми ин шоири бузург  эътиборашро ба тамом аз даст медиҳад? Дод, аз даст дод. Умри мардум дигар ҳама на дар фикри шикам, балки дар фикри телефони мобилӣ ва гап задан бо он мегузарад.
Ду рӯз пештар як шиносам меҳмони хонаам шуд. Деҳае, ки ин шиносам дар он зиндагӣ мекунад, шояд таърихи чил соли охир камбизоаттар аз ӯро ёд надошта бошад. Либосҳояш куҳнаву камарзиш. Попӯшияш фарсудаву тобистона. Мӯйҳои зиёду берабту шонаназадаи сараш нақши кулоҳро мебозид. Аммо қимату шаҳомати телефонаш аз сад сарватманд ҳам кам набошад, аз навадтои он зиёдтар буд. Ҳеҷ дам намегирифт. Зангаш мезаданду занг мезад. Шикам ба ёдаш намезад. Хӯрокро чанд бор бурданду оварданд, барои аз нав гарм кардан, албатта. Дар хотири мо, аҳли хона, чанд сухане, ки ба ҳамсараш баён дошт, мондааст. Он чунин аст: «Камбағалӣ айб нест, занак. Хайр, Худо надодмон. Чӣ кор кунем? Бирав хонаи Самар, бигӯ, аз номи ман бигӯ, ним халта гандумат бидиҳад. Ба Ситами осиёббон бигӯ, ки айбро бидонад, аз мо ҳақ нагирад. Меоям, баъд медонад, чиаш мегӯям.
Аз ҳамсоя як гӯгирд бигир, намемирад, камтар рӯған ҳам бипурсӣ, рӯят сиёҳ намешавад. Бигӯ, дар хонаи мо ҳам тӯй мешавад». Ӯро оқибат розӣ намудам, ки чанд лаҳза бо телефони ман гап бизанад, то бубинам телефонаш чӣ гуна аст. Телефонаш нишон медод, ки зангҳои воридотӣ аз оғоз 280 соат ва зангҳои хориҷшуда 300 соатро ташкил медиҳад. Ин ду рақамро ҷамъ намудаму ҳосили онро ба 24 соат тақсим кардам. Ба ӯ гуфтам: «Бо ин телефон 24 шабонарӯз, балки андак бештар, беист гап задаию гап шунидаӣ. Агар боз нишон медод, ки чӣ қадар пул барои гап задан сарф кардаӣ…». Наранҷид. Гуфт: «Бародар, ба ин беморӣ гирифторам. Ана, мебинӣ? Намехоҳам онро бифурӯшам, то камбуди рӯзгорро рафъ бинамоям. Омадам, ки ту ёриам бидиҳӣ. Бовар дорам, не намегӯӣ, бо умед хонаат омадаам. Ҳам раҳпулиамро медиҳӣ, ҳам ба телефонам пул мегузаронӣ».
Ба як ширкати телефони мобилӣ занг задам. Пурсидам, дар кишвар гап задани мардум тавассути телефони мобилӣ дар як сол чанд соатро ташкил медиҳад. Дар як рӯз ё як ҳафтаву моҳ чӣ? Посух нагирифтам, балки надоданд. Тарсиданд, ки аз рӯи он андозбандӣ мешаванд. Аммо овозу гапзанӣ ва рақамҳои телефони ман ба овозу гапзанӣ ва рақамҳои телефони як коргари андоз монанд аст? Не! Ба хадамоти гумрук занг назадам, агарчи муайян кардан мехостам, ки дар як сол ба кишвар чӣ қадар телефони мобилӣ ворид мешаваду чӣ қадар пул барои он хориҷ. Ба худ гуфтам, ки онҳо низ маълумоти дақиқ дода наметавонанд. Чаро? Чунки ҳамон бегоҳ ин намоди кишвар қочоқи телефони як ҷамъиятро ошкор сохта буд. Ин ҷамъият чандин сол боз ба ин амал даст мезадааст. Ва низ он рӯз бо хоҳиши пиразани 65 –солаи ҳамсояи мо писараш аз Русия як телефони нав фиристода буд. Мегӯянд дар панҷ сол ин шашумин телефони ӯст. Баъди ин бо хурсандӣ бо истифодаи баландгӯяки телефонаш, ки фарзандаш бишнавад, аз наберааш пурсидааст: «Падарат дар рӯзи таваллудат чӣ бифиристад»? Набера посух додааст: «Телефон, аммо бояд зеботару қиматтар аз телефони шумо бошад»! Аз ду ҷониб садои хушҳолӣ баланд гардидааст.
Гуфтанд, навиштанд, ки телефони мобилӣ зарар дорад. Ҳеҷ кас гӯё бовар накард. Модар суруди аллаи кадом як овозхонро тавассути он ҳамеша ба фарзанди дар гаҳвора будааш мешунавонад. Боз эрод мегиранд, ки дар мо ба суруд ва рушди он камтар таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. Муллоҳо, хатибҳо, ҳам дар масҷидҳо ба воситаи он амри маъруфу наҳйи мункар мекунанд. Дигар на оят азёд мекунанду на ҳадис. Ба саволҳои аҳли масҷид аз телефонҳо ҷавоб пайдо менамоянд. Чор амали арифметикӣ: ҷамъ, тарҳ, зарб, тақсимро на дар мактаб меомӯзанд, на дар бозор. Зинда бод телефони мобилӣ!
Гуфтанд, навиштанд, ки телефони мобилӣ касро ба бемориҳои асабу саратон гирифтор мекунад. Дар баробари он, албатта,  илми ин соҳаҳо пеш меравад ва тиҷораташон низ. Беморхонаҳо бояд холӣ набошанд охир. Духтурон ҳам аз ин ҳисоб бояд ризқу рӯзӣ биёбанд.  Дорухонаҳо  шабу  рӯз фаъол бошанд.
Телефони мобилӣ ин ҳақиқатро собит сохт, ки мо бисёр сергапем, гапи бисёр мезанем. Дар роҳ ба воситаи он гапу гап, дар нақлиёт гапу гап, дар ошхонаву тарабхонаҳо гапу гап, дар маҷлисҳову нишастҳо гапу гап, дар роҳравҳову идораҳо гапу гап.
Ҳолиё мӯд шудааст, ки чанд телефони қиматбаҳо ва чанд симкарта бо худ дошта бошед. Одамон: гапзанҳову гапшунавҳоро ба категория ҷудо намудаанд.
Дар хонае, ки ақаллан чор телефони мобилӣ набошад, аҳли он гӯё ба маданият нарасидаанд.
Ришваҳои хурд ба хотири муайян накарданашон шакли худро тағйир додаанд – ба телефон, ба ин рақам пул бигузарон.
Хуллас, замину осмон пур аз гап, гап, гап аст. Боре ҳисоб намудаем ва мардона гуфтаем, ки чӣ қадар гап задаему чӣ қадар кор кардаем?
Медонам, дар мавриди доштани телефони мобилӣ ва танзими гап задан бо он дӯст намедоред, ки сухане бишнавед.
Медонам, ин кори шахсии шумо аст, агарчи ҳам қисме аз пули буҷети давлат барои он сарф мешавад. Ман ба шумо коре надорам. Ман мехоҳам, ки ҳақиқати мисраи дуюми шоирамон ҷои худ ва мавқеи худро аз нав пайдо бинамояд. Биёед, ақаллан розӣ бошед, ки умри мардуми мо пас аз ин дар фикри шикам мегузарад. Охир айб аст, ки дар фикри шикам ҳам нагузарад. Агар дилатон боре ба умратон намесӯзад, бояд ҳатман ба пулатон бисӯзад.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.12.2016    №: 242    Мутолиа карданд: 2546

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед