logo

ҳуқуқ

АРЗИШИ ОЛӢ. ДАР БОРАИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар робита ба қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки 10 декабри соли 1948 дар иҷлосияи сеюми Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид ба амал омад, шурӯъ аз соли 1950 дар ҷаҳон ҳамасола 10 декабр ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи инсон ҷашн гирифта мешавад.
Боиси ифтихор аст, ки аҷдодони мо дар таърихи ҳуқуқи инсон нақши бузург бозидаанд. Аввалин санад дар бораи ҳуқуқи инсон Эъломияи Куруши Кабир маҳсуб меёбад, ки ҳанӯз соли 539 пеш аз милод ҳангоми забт кардани Бобулистон дар колбаи аз гил тайёршуда сабт  шуда буд. Ҳамчунин, арзишҳо оид ба эътирофу эҳтироми шахс, ҳақиқату адолат дар ҳуҷҷатҳои таърихии барои ҳуқуқи инсон муҳим, аз қабили Хартияи бузурги озодихоҳӣ (Британияи Кабир, соли 1215), Конститутсияи ИМА (соли 1787), Эъломияи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд (Франсия, соли 1789), Билл оид ба ҳуқуқҳои ИМА (соли 1791) ва Конвенсияи Женева (соли 1864) инъикос шудаанд. 
Дар Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, ки  26 июни соли 1945 қабул шуда, 24 октябри соли 1945  ба қувваи қонун даромадааст ва ин сана, ҳамчун рӯзи Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидааст, ҳуқуқу озодиҳои инсон ҷойи марказиро ишғол мекунанд.
Дар раванди татбиқи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва санадҳои байналмилалӣ, ки аз он бармеоянд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқуқтатбиқнамоӣ тадбирҳое андешида мешаванд, ки ба эҳтиром, ҳифз ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.
Пас аз қабули Конститутсияи соли 1994, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ эътироф шуда, муайянкунандаи мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия эълон гардидааст, дар сатҳи миллӣ риоя,  ҳифз ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон  ба масъалаи муҳими давлатӣ табдил ёфт.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид (аз 2 марти соли 1992)  аксари санадҳои асосии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсонро ба тасвиб расонд ва аз соли 2000 инҷониб оид ба иҷрои ин санадҳои байналмилалӣ маърӯзаҳои миллии худро дар сохторҳои дахлдори СММ пешниҳод ва ҳимоя мекунад. Солҳои 2012 ва 2016 Ҷумҳурии Тоҷикистон аз расмиёти шарҳи умумии даврӣ гузашт, ки онро Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон ба уҳда дорад.
(Идома аз саҳ. 1)
Дар ҷумҳурӣ доир ба таҳкими воситаҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Аз  соли 2009 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фаъолият менамояд, ки воситаҳои мавҷудаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар сатҳи миллӣ пурра мегардонад. Бо ибтикори  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 ниҳоди нав – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуд.
Мақомоти мазкур дар  пешгирӣ ва барқарорсозии ҳуқуқ ва озодиҳои вайроншудаи инсон ва шаҳрванд, инчунин ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон  тавассути  қабул ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон; таҳлили қонунгузорӣ ва амалияи татбиқи  он; санҷиши риояи ҳуқуқи инсон, таҳлил ва омӯзиши ҳолатҳои риоя нашудани ҳуқуқҳо; баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба ҳуқуқи инсон; ҷамъбаст ва пешниҳоди тавсияҳо мусоидат  мекунанд.
Ба манзури робитаи мустақиму фарогир бо аҳолӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода шудаанд. Айни замон чунин қабулгоҳҳо дар вилояти Суғд - дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Исфара; Хатлон - дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва ноҳияи Қубодиён; ВМКБ - дар шаҳри Хоруғ ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - дар шаҳрҳои Турсунзода,  Роғун  ва  ноҳияи  Рашт фаъолият менамоянд. 
Дар ҷумҳурӣ  барои эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон воситаҳои зарурӣ таъсис ва шароити мусоид фароҳам оварда шудаанд. Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ, шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони шаҳрвандӣ надошта, табақаҳои осебпазири аҳолӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ, барқарор кардани ҳуқуқҳои вайроншудаашон, баланд бардоштани сатҳи маърифати худ оид ба ҳуқуқи инсон имконият доранд аз ин воситаҳо самаранок истифода намоянд. Барои ин мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва сохторҳои он дар минтақаҳо омодаанд, ба муроҷиаткунандагон ройгон хизмат расонанд. Ҳамзамон, сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, почтаи электронии он  фаъол буда, онҳо низ барои осон гардондани муроҷиати шаҳрвандон ва ҳалли масъалаҳои онҳо мусоидат мекунанд.
Сафаралӣ ҒУЛОМОВ,
роҳбари дастгоҳи
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.12.2016    №: 242    Мутолиа карданд: 3394

22.07.2019


МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. Қонуншиканиҳо ҳанӯз зиёданд

ТАҲСИЛОТИ САЛОҲИЯТНОК ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ЗАМИН. Камбуди оби полизӣ мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад

Гилерми: «Тоҷикон соҳиби кишвари афсонавианд»

Швейтсария дар Тоҷикистон бонк мекушояд

Ҷаҳон дар як сатр

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед