logo

иқтисод

РОШТҚАЛЪА. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ МЕСОЗЕМ

Ҳар як сафари Пешвои миллатро ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сокинони ин сарзамини кӯҳсор бесаброна  интизорӣ мекашанд, зеро ҳамаи ободкориҳое, ки имрӯз  ба чашм мерасанд, аз қудуми мубораки Пешвои миллат аст. Инро  мардум бо чашми сар дида, шукронаи   Тоҷикистони соҳибистиқлол ва Сарвари муаззами худро мекунанд.
Юсуф  Султонноёбов, раиси  ноҳияи  Роштқалъа зикр намуд, ки тирамоҳи  соли гузашта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни  сафар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ноҳияи Роштқалъа низ дидан карданд.  Дар  ин сафар Сарвари давлат санги асоси бунёди Неругоҳи барқи обии «Себзор»-ро гузоштанд, ки дер  боз   сокинони ноҳия  дар  интизори  ин  рӯйдоди  муҳим буданд. Имрӯзҳо дар  деҳоти  ноҳия теъдоди соҳибкороне, ки нияти бунёди корхонаҳои  истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимӣ, сехҳои гуногун, устохона ва дигар иншооти ҳаётан муҳимро доранд, хеле зиёд аст, аммо камбуди неруи барқ   садди роҳи онҳо гардидааст. Дар  баробари  афзоиши  теъдоди  аҳолӣ,  хоҷагиҳои  навбунёд, нуқтаҳои  хизматрасонӣ  талабот  ба  барқ  низ  рӯ  ба  афзоиш  дорад.
Агар то касби Истиқлолияти давлатӣ дар Бадахшон ҳамагӣ шаш неругоҳи барқи обӣ фаъолият дошта бошад, ҳоло шумораи онҳо ба 50 адад расидааст. Баробари ба истифода додани Неругоҳи барқи обии «Себзор»  даҳҳо корхонаву сехҳои нав бунёд мегарданд. Муҳимтар аз ҳама, боигариҳои зеризаминии  ноҳия мавриди истифода қарор мегиранд. Дар  ин   замина ҳам ҷойҳои нави корӣ пайдо мешаванду ҳам сатҳи зиндагии мардум беҳтар мегардад.
Пешвои миллат нахустин маротиба  ба ноҳияи Роштқалъа соли 1996 сафари  корӣ  анҷом  дода  буданд. Ин  сафар  дар   ниҳоди  мардум   таассуроти неке  боқӣ  гузошт. Он  вақт  шароити  ноҳия  хеле  вазнин буд. Дар маркази ноҳия ҳатто хонаи дуошёна  вуҷуд   надошт. Мақомоти  иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти  давлатӣ  дар  як  бинои куҳнаву  фарсуда, ки солҳои  сиюми асри  гузашта  сохта  шуда  буд,  фаъолият  мекард. Сарвари давлат беморхонаи ноҳияро, ки ниҳоят вазъи ногувор дошт, аз назар гузаронда, новобаста аз мушкилоти иқтисодӣ, ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш доданд, ки тибқи имкон онро бо ашёи зарурӣ таъмин намояд. Баъди ин дар як муддати кӯтоҳ беморхона таъмири асосӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардид.
Солҳои  минбаъда  маҳз бо супориши Президенти мамлакат  обод намудани маркази ноҳия оғоз шуд. Дар  ин  ҷо филиалҳои бонкҳои ҷумҳурӣ ифтитоҳ ёфтанд. Баъди шаҳри Хоруғ дар  вилоят дуюмин варзишгоҳи барҳаво дар маркази ноҳияи Роштқалъа қомат афрохт. Бинои дуошёнаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд гардид. Соли равон дар деҳаи Парзудҷ калонтарин беморхонаи вилоятии бемориҳои рӯҳӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Қариб  дар  ҳамаи  деҳаҳои  ноҳия дар  ин  давра биноҳои  нави  замонавӣ  бунгоҳҳои  тиббӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ    мавриди  истифода  қарор  гирифтанд. Сокинони  аксарияти деҳот  бо  оби тозаи  нӯшиданӣ таъмин  гардиданд. Корҳои  сохтмонӣ  аз  аввали  сол  дар  Неругоҳи  барқи  обии  “Себзор”  оғоз  гардида, интизор  меравад, ки охирҳои соли  2018 бо иштироки Пешвои миллат мавриди  баҳрабардорӣ  қарор  дода  шавад.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.12.2016    №: 242    Мутолиа карданд: 1704

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед