logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСОСГУЗОРИ МАКТАБИ НАВИНИ СИЁСӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Дар 25 соли таърихи Истиқлолияти давлатии миллати тоҷик раванди ҳодисаҳо чунон бошитоб буданд, ки тамоми онҳоро хотиррасон ва таҳлил кардан кори мушкил аст. Вале бузургтарин дастоварди халқи тоҷик пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, ба вуҷуд овардани фазои ором ва амният дар саросари кишвар мебошад. Ба ҳамагон маълум аст, ки ин дастоварди бузурги тақдирсози таърихӣ ба фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста аст.
Аз таърихи чандин-ҳазорсолаи давлатдориҳо маълум аст, ки пирӯзӣ ва пешрафтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ танҳо ба он халқҳое муяссар шудааст, ки сарварони ҷасур, миллатдӯст ва соҳибифтихор доштаанд. Ба сари қудрат омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон як туҳфаи таърих таъбир кард. Солҳои аввали навадуми асри XX вазъияти сиёсӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон тавре ба вуқӯъ пайваст, ки мавҷудияти давлати тоҷикон ва ҳувияти миллати тоҷик зери суол қарор гирифта буд. Маҳз Эмомалӣ Раҳмон қотеона амал карда, масъалаҳои оҷил, аввалдараҷа ва ҳаётан муҳимро муайян намуда, барои ҳалли онҳо қувваҳои солими ҷомеаро сафарбар сохт ва давлату  миллати тоҷикро аз таҳдиди нобудӣ наҷот дод. Иқдоми дигари муҳими муҳтарам Президент аз силоҳдорони ғайриқонунӣ озод кардани қаламрави кишвар буд. Ҳар фарди соҳибмасъулият бояд донад, ки агар ин кор иҷро намешуд, аҳвол чуноне ки дар Афғонистон аст, идома меёфт. Ин иқдомҳои Сарвари давлат хидмати бузурги таърихӣ барои сокинони Тоҷикистон буд.
Сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат ва Тоҷикистонро аз нуфузи қувваҳои ифротгарою террористии хориҷию дохилӣ эмин нигоҳ доштан, на танҳо барои кишвари мо, балки барои ҷумҳуриҳои  собиқ шӯравии Осиёи Марказӣ низ аҳамияти бузурги сиёсӣ ва амниятӣ дошт. Ба туфайли хомӯш шудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва ҷорӣ шудани сулҳу амният дар Тоҷикистон ин ҷумҳуриҳо ба пешрафтҳои иқтисодию иҷтимоӣ ноил шуданд, зеро хатари паҳн шудани низоъ дар ин кишварҳо аз байн рафт. Бинобар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин фаъолияти сулҳсозии худ хидмати арзандаи байналмилалиро низ анҷом дод.
Аз тарафи Сарвари давлат тарҳрезӣ ва амалӣ шудани сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, ба воситаи ба роҳ мондани барномаҳои ҷорӣ ва дарозмуҳлат сатҳи камбизоатиро хеле паст кардан муяссар шуд ва имрӯз Тоҷикистон ба кишвари рӯ ба рушд табдил ёфтааст. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахси воқеъбин ва дурандеш аст. Ӯ мушкилиҳои зиндагии мардумро хуб медонад, роҳҳои ҳалли онҳоро низ дақиқназарона муайян мекунад. Чунончи, ҳангоми вазъи душвор дар соҳаи таъминоти мардум бо ғалла, ӯ ба воситаи ба деҳқонон додани 75 ҳазор гектар замин мушкилоти мардумро хеле осон кард.
Бинобар  аз кор мондани иқтидорҳои саноатии даврони шӯравӣ ва афзудани сатҳи камбизоатӣ ӯ роҳҳои инкишофи соҳибкории хурду миёна, додани қарзҳои имтиёзнок, сохтани корхонаҳои хурду бузург, роҳу пулҳо, эҷоди имкониятҳои васеътар барои сохтани корхонаҳои гуногун ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии дигарро муайян карда, ҳаёти кишварро ба маҷрои муътадил дохил кард.
Яке аз хидматҳои бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин аст, ки дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ Тоҷикистонро аз буҳрони сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ берун баровард. Ҳамзамон дар сиёсати хориҷӣ ҳамкориҳои судмандро бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ пеш гирифт ва робитаҳои сиёсиро бо кушодани сафоратхонаҳои  давлатҳои дигар дар мамлакат ба роҳ монд ва бо ташаббусҳои байналмилалии худ обрӯю эътибори давлати соҳибихтиёри моро то сатҳи ҷаҳонӣ боло бардошт.
Таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат барои боло бурдани сатҳи худшиносии миллӣ ба воситаи ҳарчи бештар ошно кардани мардум бо мероси ғании таърихӣ, адабӣ, ирфонӣ ва ахлоқии гузашта ба он нигаронда шудааст, ки ҷомеаи тоҷикистонӣ аз таърихи афкори гузаштагон унсурҳои барои ҳаёти имрӯза зарур ва пандомӯзро истифода кунад. Андешаҳои таҳаммулгароёнаи мутафаккиронро омӯхта, ба моҳияти ифротгароии динӣ сарфаҳм рафта, аз ақидаҳои низоангези мазҳабӣ огоҳ шавад ва ба доми фиреби экстремизми динӣ ва сиёсӣ наафтад. Ба ин манзур, бо дастгирии ӯ нашр шудани асарҳои классикони илму адаб дар силсилаи «Ахтарони адаб», осори Ибни Сино ва мутафаккирони дигари тоҷик аз тарафи олимони Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ва мактабҳои олии кишвар як мисоле аз ин таваҷҷуҳ мебошад. Таълифоти илмии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла асари тозанашри «Чеҳраҳои мондагор», ки чанде пеш ба табъ расид,  басе арзишманд аст. Дар ин китоб дар бораи шахсиятҳои бузурги сиёсӣ, илмӣ, адабӣ, динию ирфонӣ таҳқиқи ҳақиқатнигорона тавъам бо ифтихори баланди миллӣ сурат гирифтааст. Муаллиф китобро аз Куруши Кабир оғоз кардааст, ки давлатдории мутамаддинро ба вуҷуд оварда, империяи бузурги ориёиро бунёд карда буд. Ӯ таъкид мекунад, ки Эъломияи Куруши Кабир «аз ҷониби олимону муаррихон ҳамчун нахустин эъломияи ҳуқуқи башар эътироф шудааст, ки низоми одилона, инсонпарварона ва дунявии давлатдориро пуштибонӣ мекард».
Мақолаҳои муаллиф дар бораи Спитамен, Зардушт, Монӣ, Маздак, Имоми Аъзам, Исмоили Сомонӣ, устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Носири Хисрав, Шамси Табрезӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мирзо Бедил, Туғрали Аҳрорӣ, Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода бо далелҳои таърихӣ, илмӣ бо ҳисси ифтихор таълиф шудаанд.
Президенти муҳтарамамон мақсади худро аз таҷлили ҷашнҳои бузурги умумимиллӣ ва шахсиятҳои сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ чунин баён кардааст, ки ин ҷашнҳоро «баргузор намуда, аз таърихи фарҳанги миллат ганҷҳо ва ҳикматҳое берун овардем, ки бо моҳият ва арзишҳои ҷаҳониашон худшиносии тоҷиконро таҳким бахшанд. Шинохти таърих ва ҳикмату фарҳанги оламгири ниёгон ба хотири муаррифии мақоми ҷаҳонии миллати мо мебошад. Он дар худогоҳӣ ва ҷустуҷӯҳои таърихию миллии тоҷикон марҳилаи комилан тозаро ба вуҷуд овардааст».
Яке аз хислатҳои бузургворонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оптимизми хирадмандона мебошад. Ба ояндаи миллат ва давлати тоҷикон, зиндагии осудаю сарбаландонаи мардуми кишвар боварии комил дорад ва дар ин роҳ пайгирона, самимона, фидокорона саъю талош  меварзад. Бинобар ин, суханони устод Садриддин Айниро тақвият дода мегӯяд: «Бале, кори Тоҷикистон гул карданист, ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дурахшон аст!».
Оре, ояндаи кишвари азизамон дурахшон аст, зеро дар иҷрои нақшаҳои бузургу шарафманди   эҷоди Тоҷикистони навини пешрафта мардуми кишвар ҳаммаслаку ҳаммароми Пешвои худ ҳастанд.
Кароматулло ОЛИМОВ,  академик


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.12.2016    №: 243    Мутолиа карданд: 2112

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед