logo

иқтисод

САНОАТ. ТАЛАБОТ БА АНГИШТ МЕАФЗОЯД

Рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, хусусан истеҳсолоти  содиротӣ ва воридотивазкунанда, ҳоло яке аз масъалаҳои муҳимтарини рӯз қарор ёфтааст. «Моро лозим аст, ки бо истифодаи васеъ аз технологияҳои муосир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридотиро зиёд карда, талаботи бозорро ба маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ таъмин намоем». Чунин дастур доданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  Паёми имсола (20 январ) ба Маҷлиси  Олии кишвар.
Ангишт яке аз сарватҳои табиии Тоҷикистон ба шумор рафта, тибқи маълумоти оморӣ, захираи воқеии он дар кишвар тақрибан аз 4, 5 миллиард то 7 миллиард тоннаро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, истихроҷи он дар мамлакат ду даҳсола пеш ҳамагӣ камтар аз 20 ҳазор тонна буд ва асосан аз Қирғизистон ворид мегардид. Истеҳсоли ангишт аз солҳои 2009 – 2010, пас аз он ки муназзамии воридоти гази табиӣ аз хориҷи кишвар беэътимод гардид, рушди тоза пайдо кард. То солҳои наздик аксари корхонаҳои саноатии мамлакат ба сифати сӯзишворӣ асосан аз гази табиӣ истифода мебурданд. Болоравии пайвастаи нархи гази воридотӣ, зиёда аз ин, моҳҳои дароз қатъшавии воридоти он ба кори муътадили корхонаҳо латмаи сахт ворид менамуд. Баъзе аз иқтидорҳои азими саноатӣ, назири «Сементи тоҷик», «ТоҷикАзот», умуман аз кор монданд. Ҳукумати мамлакат инро ба назар гирифта, ба роҳбарони корхонаҳо супориш дод, ки ҷиҳати азнавтаҷҳизонии корхонаҳо ва ба сӯзишвории дар дохили мамлакат истеҳсолшаванда мувофиқ сохтани истеҳсолоти саноатӣ чораҳои қатъӣ андешанд. Дар муддати кӯтоҳ беш аз 200 корхонаи саноатӣ ба сӯзишвории маҳаллии арзону хушсифат – ангишт гузашт. Президенти мамлакат ба масъулони бахши истихроҷи ангишт дастур (Паёми соли 2015) дод, ки ҷиҳати рушди соҳа тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, истеҳсоли ангиштро ба миллион тонна расонанд. Супориши Президент барзиёд иҷро гардид. Соли 2015 истихроҷи ангишт дар мамлакат ба 1 миллиону 42 ҳазор тонна расонда шуд.
«Татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат дар соҳаи саноати истихроҷ ва коркард нишон дод, ки вобастагии иқтисоди кишварро аз воридоти ангишт, семент ва дигар навъҳои масолеҳи сохтмон бартараф кардан ва барои содироти минбаъдаи онҳо замина фароҳам овардан мумкин аст», - таъкид карданд Пешвои миллат дар Паёми имсола.
Рушди устувори иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои зиёди саноатӣ ва зиёд шудани талабот ба ангишт тақозо менамояд, ки истихроҷи ин сарвати табиии миллӣ боз ҳам зиёд карда шавад. Дар соли 25 – уми тантанаи Истиқлолияти давлатии кишвар ангиштканони мамлакат то аввали моҳи октябр миллион тонна ангишт истеҳсол намуданд. Тибқи маълумоти фаврии КВД «Ангишт тоҷик», то 8 декабр дар мамлакат 1 миллиону 308 ҳазору 69 тонна ангишт истеҳсол гардида, аз аввали сол то ин дам ба корхонаҳои саноатӣ, идораю муассисаҳо ва аҳолӣ 1330776 тонна маҳсулот фурӯхта шудааст (як қисми фурӯш аз ҳисоби захираҳои анбории соли гузашта аст). Ангиштканони вилояти Суғд пешоҳанги истеҳсолотанд. Дар 11 моҳи соли равон дар вилоят истихроҷи ангишт ба 1 миллиону 89 ҳазору 400 тонна расонда шуд, ки дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар комёбии беназир аст. Танҳо дар кони аълосифати «Фон – Яғноб» то 8 декабр 621683 тонна ангишт истихроҷ гардид.
Ҳоло дар мамлакат ангишт на танҳо ба сифати сӯзишворӣ истифода мешавад. Олимони тоҷик дар ҳамкорӣ бо ҳамтоён аз мамолики рушдкардаи ҷаҳон тавонистанд аз коркарди ангишт гази синтезӣ ҳосил намоянд (корхонаи азими «Азот» аз ҳамин сӯзишворӣ истифода мебарад). Аз коркарди ангишт ҳамчунин, наздики 100 намуд маҳсулот, назири мазут, сӯзишвории дизелӣ, бензол, фенол, сулфати амиак, истеҳсол намудан имконпазир аст.
Талаботи афзояндаи мамлакат ба ангишт тақозо менамояд, ки истихроҷи он зиёд карда шавад. Рушди босуръати истеҳсоли он ба суботи иқтисодӣ, таъсиси иқтидорҳои нави саноатӣ, ҷойҳои корӣ ва ҳалли масоили иҷтимоӣ мусоидат мекунад.
Ҳоло дар кишвар дар 1 шабонарӯз то 7000 тонна ангишт истихроҷ мегардад. Агар раванди кор бо ҳамин суръат идома ёбад, то охири сол ҳаҷми истихроҷ ба якуним миллион тонна мерасад.
Сайвалӣ АЗИЗ, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.12.2016    №: 243    Мутолиа карданд: 1369

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед