logo

фарҳанг

"САНЪАТИ МУСИҚӢ. БА ШАРОИТҲОИ КУҲНА КАДРҲОИ НАВ ТАВЛИД НАМЕШАВАНД"

(«Ҷумҳурият», 12 октябри соли 2016)
Мақолаи мазкур дар машварати кории назди раиси ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар ин самт ба масъулони соҳа ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дода шуд.
Бояд ёдовар гардид, ки дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 32 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 5 хонаи фарҳанг, 7 клуби деҳот, 1 боғи фарҳанг, 1 китобхонаи марказӣ ва 17 филиал – китобхонаҳо, 1 мактаби бачагонаи санъат фаъолият менамояд. Базаи моддию техникии соҳа сол то сол мустаҳкам мегардад. Бахши фарҳанги ноҳия бо таҷҳизоти тақвияти овоз ва дигар асбобҳои зарурӣ таъмин гаштаанд. Инчунин, барои муҳайё намудани шароит барои гурӯҳи хизматӣ ва овозхонону навозандагон студияи сабти овоз фаъолият дорад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар оянда низ баҳри рушду нумӯи соҳаи санъат ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин кардани муассисаҳои фарҳангӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.
П. ЗАРИФЗОДА, раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Мақола дар маҷлиси назди раиси ноҳия мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Мактаби санъати бачагона дар бинои қасри фарҳанг ҷой дорад. Синфхонаҳо барои гузарондани машғулиятҳо мутобиқ карда шуда, ба талаботи рӯз ҷавобгӯ ҳастанд.
Дар он 55 нафар ҳунаромӯзон таҳсил намуда истодаанд. 8  нафар омӯзгор аз ихтисосҳои рубоб, таблак, доира, аккордеон ва рақс ба онҳо дарс мегузаранд.
Солҳои 2015 – 2016 мактаби мазкур таъмиру азнавсозӣ гардида, синфхонаҳо шишабандӣ карда шудаанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав ҷиҳати бартараф намудани норасоии омӯзгорони соҳавӣ ва таъмини асбобҳои мусиқӣ дар муассисаҳои таълимӣ чораҳои зарурӣ андешида истодааст.
Р. ОЙМАҲМАДЗОДА, раиси ноҳияи Носири Хусрав


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.12.2016    №: 243    Мутолиа карданд: 1678

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед