logo

ҳуқуқ

БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ. АЗ ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТИ РОҲДОРӢ ТО ТАЪКИДИ БДА

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон тавонист аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёбад ва минтақаҳои гуногуни кишварро бо роҳҳои мумфаршу муосир ба ҳам бипайвандад. Аз ҷумла, дар соҳаи нақлиёти кишвар зиёда аз 45 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 12 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, беш аз 2000 километр роҳҳои мошингард таҷдиду бунёд ва ба истифода дода шуданд.
Дар ин раванд, танзими фаъолияти роҳдорӣ, беҳдошти ҳолати техникии роҳҳои автомобилгард ва воситаҳои техникии танзими ҳаракат дар роҳ ва дигар масоили марбут ба роҳу нақлиёт омили асосии пешрафти иқтисодиёти кишвар ба шумор меравад. Кормандони шуъбаи назорат ва ташкили ҳаракат дар роҳи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста аз ҳолати роҳҳо огоҳ шуда, бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар тамоми  фаслҳои сол таъмин менамоянд.
Ҷиҳати иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  роҳҳои  автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ” кормандони шуъба дар ҳамбастагӣ  бо мутахассисони Вазорати нақлиёт роҳҳои автомобилгарди аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявидошта ва гузаргоҳи роҳи оҳани тобеи муассисаҳои давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Суғд ва минтақаи Ҳисорро аз назар гузаронданд. Ҳангоми санҷиш як қатор камбудиҳо ошкор  карда шуда, барои ислоҳ ба сардорони ин муассисаҳо амрномаҳо  ирсол карда шудааст.
Саидмумин Ҳасанзода, сардори  шуъбаи назорат ва ташкили ҳаракат дар роҳ, полковники  милитсия  дар суҳбат ба мо иброз дошт, ки айни ҳол тамоми роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявидошта ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016 - 2017 омодаанд. Бештари корхонаҳо бо техникаҳои роҳдорӣ, сӯзишворӣ, маводҳои зиддилағжишӣ, ҳезум, ангиштсанг, кормандон бо либосҳои махсуси корӣ  ва хӯроки гарм таъмин карда шудаанд. Чанде пеш вобаста ба тайёрии муассисаҳои давлатии  нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон дар Вазорати нақлиёт ҷаласаи махсус баргузор гардид. Дар ҷаласа бори дигар масъулони корхона, муассиса ва ширкатҳои роҳдорӣ вазифадор гардиданд, ки корро дар ин самт боз ҳам ҷоннок намоянд.
- Моҳи ноябри соли ҷорӣ кормандони мо вазъи тамоми роҳҳои ҷумҳуриявию байналмилалиро аз санҷиш гузаронданд. Санҷишҳо нишон дод, ки новобаста аз номусоид шудани обуҳаво ва боришоти зиёд айни замон ҳамаи роҳҳо кушода буда, ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт идома дорад. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар роҳи автомобилгарди Душанбе - Хуҷанд - Чанак нуқтаҳои хавфноку мушкилгузар зиёдтаранд ва назорати куллии онро дар ихтиёр надорем. Аз ин рӯ, тамоми ронандагоне, ки аз ин роҳ, бахусус дар фасли сармо истифода мебаранд, даъват ба амал меорем, дар ин масир қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянд, - таъкид намуд Саидмумин Ҳасанзода.
  Боришоти барфи рӯзҳои охир моро ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми сафар ба ин ё он минтақаи кишвар аз эҳтиёт кор гирем. Аз ҷумла,  ронандагон воситаҳои нақлиёти худро аз муоинаи техникӣ гузаронда, таҷҳизоти иловагии зиддилағжиш, яъне занҷир, болиштаки зиддилағжиш, аломати исти садамавиро  бо худ дошта бошанд. Суръати ҳаракат дар ин роҳҳо набояд аз меъёри муқарраргардида зиёд бошад. Зеро риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ кафили бехатарист.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.12.2016    №: 243    Мутолиа карданд: 3708

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед