logo

иқтисод

ҲОСИЛИ МЕВА БА ЗАҲМАТИ БОҒБОН ВОБАСТА АСТ

Бунёди   боғ   ҳоло яке аз  бахшҳои афзалиятноки иқтисоди кишварҳои дунё маҳсуб ёфта, ширкатҳои бузурги тиҷоратӣ бо ташкили майдонҳои васеи  дарахти мева аз он  самари дилхоҳ  мегиранд. Дар коргоҳҳо меваро коркард намуда, боз чанд маҳсулот тавлид месозанд, ки  аз соҳаи  боғдорӣ ба буҷети корхонаҳо даромади зиёд ворид мегардад. Ҳоло истеҳсоли мева дар баробари бахшҳои мошинсозӣ  ва меъморию  роҳсозӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле афзалиятнок аст. Аз ин рӯ, бо иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ривоҷи соҳаи боғдорӣ барои беҳбудии рӯзгори сокинон ва пешрафти иқтисоди миллӣ айни муддаост.
Хушбахтона, бо роҳандозии  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди боғу токпарварӣ барои солҳои 2010 – 2014»  ва  «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020»  дар шаҳру  навоҳии мамлакат ҳазорҳо гектар боғи  нав  бунёд ёфтанд.  Кишоварзон ҳосили солонаи  меваро  ба 350 ҳазор  тонна расонданд, ки барои таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор ва ҳаҷми содирот ҳиссаи бузург аст. Аз тадбирҳои  дар ин самт роҳандозишуда  бармеояд, ки дар солҳои наздик ҳаҷми майдони дарахтони мевадиҳанда, инчунин истеҳсоли маҳсулоти он ба маротиб меафзояд. Вале паҳн шудани касалиҳо дар боғоти мева, хусусан себ, аз риоя нагардидани корҳои агротехникӣ ба амал омада, ба сифат ва  миқдори ҳосили он таъсири манфӣ  расондааст.

Маҳв сохтани зараррасонҳо назорати ҷиддиро тақозо мекунад
Ба гуфтаи Сайидалӣ Гулов, профессор, устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, бо ташаббуси Ҳукумати ҷумҳурӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ  масоҳати боғу токзор дар мамлакат нисбат ба аҳди шӯравӣ ду маротиба афзуд.  Аммо аз сабаби паҳншавии  зараррасонҳо  аз як гектар 4 – 5 тонна мева гирифта мешавад, ки ҳосили дилхоҳ нест. Дарахтон ба касалиҳои гуногун гирифтор шуда, самари онҳо  ба миқдори зиёд талаф меёбад. Сифати меваҳо низ коста  мегардад.  Айни замон,  кишоварзон  заҳрхимикатҳоро  кӯр – кӯрона,  бедарназардошти хусусияти минтақавии майдони ниҳолони мева ва намуди паразитҳо истифода мекунанд. Аксари боғдорон  касалии дарахтон ва навъҳои доруро хуб намедонанд, ки мӯҷиби авҷ гирифтани беморшавии дарахтон гардидааст. Имрӯзҳо барои рушди соҳа зарур омадаст, ки дар ҳар минтақаи кишвар аз рӯйи хусусияти иқлимию биологӣ марказҳои махсуси фурӯши доруҳо ва омӯзиши намуди касалию  зараррасонҳо ташкил карда шаванд. Агар имрӯз кишоварзон аз як гектар боғ ба ҳисоби миёна 4 – 5 тонна мева гиранд, ҳангоми  нигоҳубини дуруст,  аз ҷумла мубориза алайҳи бемориву   паразитҳо ва ба ҷо овардани корҳои агротехникӣ ду – се баробар, яъне 10 - 15 тонна  зиёд ҳосил ба даст хоҳад омад. Дар мавриди аз ҳар гектар 10 - 15 тонна ҳосил гирифтан  дар мамлакат истеҳсоли мева ба як миллион тонна хоҳад расид. Бо чунин самараи бузург бозорҳои дохилӣ  пурра бо мева таъмин шуда, ҳаҷми содироти он ба таври назаррас меафзояд. Дар баробари ба маротиб васеъ гаштани майдони боғу токзор зиёд намудани маҳсулнокии он низ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мутахассисони соҳа ва кишоварзон  мебошад. Аз ҷониби дигар бештари заҳрдоруҳое, ки ҳоло боғдорон истифода мекунанд, ба талабот  ҷавобгӯй нестанд. Дараҷаи таъсирнокиашон хеле паст мебошад, ки дар бартараф сохтани зараррасону  бемориҳо ба кор намеоянд.  Бинобар ин, фурӯш ва истифодаи онҳо дар шаҳру навоҳии кишвар назорати ҷиддии  идораҳои дахлдорро тақозо менамояд. Заҳрхимикатҳо бояд дар озмоишгоҳҳо аз санҷиш гузашта дар дуконҳои махсус фурӯхта шаванд.

Боғбони асил аз замини кам фоидаи бисёр мегирад
Дар давроне, ки имкониятҳои васеи боғдорӣ, хусусан технологияи соҳа, нуриҳои гуногун, навъҳои пурсамари ниҳолони меваи ватанӣ мавҷуд аст, боғбони асил метавонад аз миқдори хеле ками замин самари зиёд ба даст орад. Дар  мамлакат кишоварзоне ҳастанд, ки кори  боғдориро хуб ба ҷо оварда,  нисбат ба дигарон  ҳосили фаровону маҳсулоти аълосифат мерӯёнанд, ки даромади он талаботи   рӯзгорашонро барзиёд мепӯшонад. 
Қобил Хидиров, боғпарвар аз ноҳияи Лахш, бо иҷрои дурусти корҳои агротехникӣ ва рафъи зараррасонҳо соле  аз 15 садяки замин  4  тонна себ мегирад, ки барои баъзе кишоварзон намунаи ибрат аст.
- Ҳар сол дар оғози баҳор айёми оромии  ниҳолу дарахтони ҳавлӣ  заҳрдоруҳои ДНОК, Перепарати-30,30С,  моеи бордостӣ - 3 - 4 - дарсада  ва дар давраи нашъунамо доруҳои  Нурелл-Д,  Скор, Импакт, Делтафос, Сипар-Т, Омайт, Митак, моеи бордости - 1 - дарсада, инчунин  моддаҳои фаъоли биологии гуногунро ба онҳо мепошам.  Ҳолати сабзиш ва  гул карданашонро  пайваста назорат мебарам, то касалиҳо хурӯҷ накунанд. Ҳамчунин, дар баҳорон ва охири фасли тирамоҳ барои нашъунамои хуби мева аз нуриҳои зарурӣ истифода менамоям.   Моҳҳои май ва август атрофи дарахтонро нарм месозам. Ниҳоли  мева монанди фарзанди инсон аст. Он тарбияи дурустро металабад, - мегӯяд номбурда. 
Ҳолати бавуҷудомада боғдоронро водор месозад, ки  дар баробари бунёди боғҳои доманфарох ва шинондани ниҳолони бисёр ба маҳсулнокии онҳо аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд. Аз бепарвоию саҳлангорӣ миқдори зиёди ҳосилро талаф дода, меҳнати хешро барбод надиҳанд. Барои  коҳиш додани  паразитҳо ва беморшавии дарахтони  мева,  инчунин дуруст ба роҳ мондани фурӯши заҳрдоруҳо таъсиси бахшҳои алоҳида аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ амри зарурист.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.12.2016    №: 243    Мутолиа карданд: 2003

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед