logo

иҷтимоиёт

ИСТЕҲСОЛИ ДОРУ. САМТИ НАВИ ҲАМКОРӢ ДАР МУНОСИБАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ЛАҲИСТОН

Мақсад аз вохӯрии соҳибкорони маҳаллӣ бо ҳамтоёни лаҳистонӣ дар толори Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ дар самти рушди бозори фармасевтӣ тавассути истеҳсоли доруи босифат мебошад.

- Тоҷикистон ҳамчун шарики муҳими иқтисодию тиҷоратӣ дорои иқтидори назарраси ҳамкорӣ буда, бо ширкатҳои Лаҳистон дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла чорводорӣ, боғдорӣ, истеҳсоли сабзавот, ғалла, коркард ва нигоҳдории маҳсулот, ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Аз ин рӯ, тасмим гирифтем, ки соҳибкорони бахши тандурустиро низ бо иқтидори саноатии бозори фармасевтии Лаҳистон шинос намоем, - иброз дошт Яцек Михалски, мушовири сафир оид ба корҳои тиҷорат ва сармоягузории сафорати Лаҳистон дар Тоҷикистон. Ҳавасмандӣ ба ҳамкории мутақобила миёни ду кишвар, хусусан дар самти содироти маҳсулоти ғизоӣ ва кимиёӣ зиёд аст. Дар баробари ин, таваҷҷуҳи кишвари Лаҳистон ба маҳсулоти коркарди аввалия - пахта ва алюминий ба тадриҷ меафзояд. Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини иттилоот ва мусоидат ба робитаҳои мустақими байни соҳибкорони ду кишвар ҳамкориҳоро тавассути баргузории вохӯриҳо ва семинару чорабиниҳои дигар равнақ дода истодааст. Шиносоӣ бо иқтидори саноатии ширкати фармасевтии “CodePharm” низ ба соҳибкорони тоҷик барои рушди минбаъда дар соҳаи фармасевтӣ тавассути ворид кардани технологияи дорусозӣ ва мубодилаи таҷрибаи ҷаҳонӣ имконият фароҳам меоварад.
 - Феълан дар кишвар 10 ширкати ватанӣ бо истифодаи беш аз 40 номгӯйи гиёҳҳои шифобахш ба истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ машғуланд. Аммо ин ширкатҳо ба технологияи муосири дорусозӣ ниёз доранд. Зарурат пеш омадааст, ки бо ҳамкории шарикони лаҳистонӣ тавассути омӯзиши гиёҳҳои мутобиқ ба коркард ва тавлиди дору, ҳамчунин ворид намудани технологияи дорусозӣ корхонаҳои муштараки фармасевтӣ бунёд созем, - гуфт Салим Абдулазизов, сардори раёсати фармасевтӣ ва молҳои тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.
Ҳоло мутахассисони ширкатҳои фармасевтии Лаҳистон дар раванди омӯзиши бозори фармасевтии Тоҷикистон қарор дошта, бо муайян кардани талаботи бозор ба ин ё он намуди дору якҷо бо ҳамтоёни тоҷик корхонаҳои муштарак таъсис медиҳанд. Айни ҳол ширкати “CodePharm” барои бемориҳои дилу рагҳои хунгард, гурда ва саратони сина доруи нав истеҳсол мекунад. Иқтидори истеҳсолии ширкат беш аз 400 миллион дору дар як сол мебошад.
Оҳистамоҳи ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.12.2016    №: 243    Мутолиа карданд: 2379

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед