logo

фарҳанг

КИНО. ЧӢ ТАВР МАРДУМРО БА ТАМОШО ҶАЛБ НАМОЕМ?

Набудани толорҳои муосири синамо ва умуман мавҷуд набудани системаи дистрибутсияи (пахши) филмҳо мушкили асосии соҳаи кинои миллии мо  гардидааст. Ин мушкилӣ на танҳо ҷавонони ташаббускор, балки студияи давлатии «Тоҷикфилм» - ро низ нигарон намудааст. Ин ҳолат замони ба сарзамини мо омадани “ҳунари ҳафтуми инсоният» - киноро дар охири солҳои 20 – уми асри ХХ  ба хотир меорад, ки дӯстдорон ва ташаббускорони ҷавонаш шаҳр ба шаҳр ва деҳа ба деҳа гашта, онро тарғиб мекарданд.

Сафар Ҳақдодов, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон, дар мавриди толорҳои синамо ва шумораи онҳо дар солҳои 80 - уми асри гузашта ёдовар шуда, миқдори онҳоро 1125 кинотеатру дастгоҳҳои кинонамоишдиҳӣ (бо шумули васоили сайёри намоиши филмҳо, клубҳои фарҳангии бо ин васоил муҷаҳҳаз, ки аз онҳо 274 - тоаш дар шаҳрҳо ва 851 - тои дигар дар деҳот фаъолият менамуданд) муайян сохт. “Ба ин шумора воситаҳои филмнамоишдиҳии  мактабҳои ҷумҳурӣ шомил нашудаанд. Бояд зикр намуд, ки ба воситаи онҳо низ филмҳои таълимӣ ва мустанад намоиш дода мешуданд. Идораи масъул дар паҳну пахш кардани филмҳо «Тоҷиккинопрокат» буд. Он пахши филмҳоро на танҳо дар сартосари ҷумҳурӣ, балки берун аз он низ ташкил мекард. «Тоҷиккинотехника» бошад, масъули дар ҳолати фаъол нигоҳ доштани тамоми кинотеатрҳо ва таъмини онҳо бо васоили истеҳсол ва паҳну пахши филмҳо буд. Он замон бозори намоиши филмҳо дар ҳудуди Тоҷикистонро мутаносибан 25 дарсад филмҳои тоҷикӣ, 25 дарсад филмҳои русиву истеҳсоли дигар ҷумҳуриҳои Шӯравӣ ва 50 дарсад филмҳои хориҷӣ (асосан ҳиндӣ, аврупои шарқӣ - олмонӣ, лаҳистонӣ) ташкил медод. Ҳар моҳ як сокини ҷумҳурӣ 8,5 маротиба, аз ҷумла сокинони шаҳрҳо 12,5 маротиба ва деҳот 6,5 бор ба кинотеатр мерафтанд. Шумораи тамошобинони филмҳо дар соли 1986 ба 40 миллиону 960 ҳазор расида буд”,  – изҳор намуд С. Ҳақдодов.
Раҳматкарим Соҳибзода, директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои «Тоҷиккино”, бошад, илова намуд, ки «дар ҷумҳурӣ то ҳол зиёда аз 20 адад кинотеатр боқӣ мондаасту халос. Шумораи корхонаҳои фаръии давлатие, ки айни замон дар ин самт фаъолият менамоянд, мутобиқи нишондиҳандаҳо 45 адад мебошанд. Аммо аксари кинотеатрҳо дар ҳолати ногувор қарор дошта, таъмирталабанд. Инчунин, ҳамаи онҳо ба таҷҳизотҳои нави замонавӣ ниёз доранд. Баъзе кинотеатрҳоеро, ки ба кохи фарҳанг табдил дода шудаанд, аз тавозуни КВД КВ «Тоҷиккино» бароварда, ба тавозуни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуданд. Дар ин қасрҳои фарҳангӣ намоиш ва таблиғи кинои миллӣ ба роҳ монда нашудааст».
Бинобар маълумоти С. Ҳақдодов, соли 2001 шумораи умумии  тамошобинон то ба 220 ҳазор нафар поин фаромад. То 1 январи соли 2001  дар ҷумҳурӣ расман 602 кинотеатр боқӣ монда, аз онҳо танҳо 74 - тоашон каму беш фаъолият менамуд. 
- Мутаассифона, аз набудани бозори дохилии филмҳо (дистрибутсия - кинопрокат) на фақат ин маҳсулоти бо машаққат истеҳсолгардида, балки беҳтарин филмҳои ҷаҳонӣ низ барои тамошобинони ватанӣ сари вақт пешниҳод карда намешаванд. Сабаби асосӣ мавҷуд набудани сохтори давлатии комил ва ягонае, ки тавонад сиёсати давлатии киноматографияро идора, танзим ва бо равандҳои ҷаҳонии соҳа мутобиқ гардонад, - иброз дошт С. Ҳақдодов.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе кинотеатрҳои хурде ҳастанд, ки ба намоиши филмҳои ватанӣ ва хориҷӣ машғуланд. Кинотеатрҳои «Ҷавонон», «Наврӯз» ва «Кайҳон» аз ҳамин қабил мебошанд. Вале, мутаассифона, танҳо филмҳои воридотӣ истеҳсоли киностудияҳои хориҷиро ба намоиш мегузоранд. Новобаста аз ин, кинотеатрҳои номбаршуда тамошобини худро доранд.
Аз 4 толоре, ки кинотеатр дорад, 3 - тои он толори одӣ (бо 149 ҷойи нишаст) ва 1 толораш «VIP» (32 ҷой) мебошад. Кинотеатри «Кайҳон» нисбатан ҷавонтар буда, он дар Гипермаркети “Ашан” ҷойгир аст. Рӯзҳои аввали фаъолияташ, ки аслан филмҳои истеҳсоли хориҷиро ба намоиш мегузорад, сафи тамошобинон зиёд буд. Рӯзҳои баъдӣ муштариёни ин кинотеатр низ камтар гашт.
“Аммо, филмҳое низ ҳастанд, ки тӯли як моҳ низ тамошобинони худро аз даст намедиҳанд. Дар кинотеатр филмҳоро ба таври 2D  ва 3D намоиш медиҳем», - мегӯяд Фарангис Рауфова, маъмури кинотеатри «Кайҳон».
Мутобиқи Барномаи давлатии рушди синамои миллӣ барои солҳои 2017 - 2020 масъули пахши филмҳо КВД КВ  «Тоҷиккино» мебошад. То замоне, ки кинотеатрҳо  дар  ҷумҳурӣ  фаъол нестанд, синамои миллӣ ҳам рушд нахоҳад кард. Фаъолияти кинотеатрҳо метавонад пойбандии бахши истеҳсоли филмҳоро («Тоҷикфилм») вобаста ба сармоягузорӣ аз буҷети давлатӣ сабуктар намояд ва ин соҳаро худкифо гардонад. Ҳатто метавон ба буҷети давлат маблағҳои назаррасеро низ ворид намуд. Муҳимтар аз ҳама, бояд фаъолияти толорҳои синамоӣ таҳоҷум ва экспансияи глобалии синамои хориҷиро дар қатори дигар намудҳои санъати биноию шунавоӣ (театр, фаъолияти консертӣ, сирк) дар ҷумҳурӣ пешгирӣ намояд. Он имкон медиҳад, ки бо рекламаи ҳирфавии пайваста, дубора, тамошобин ба толорҳои синамо баргардад”, - хулоса намуд Сафар Ҳақдодов.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.12.2016    №: 243    Мутолиа карданд: 1984

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед