logo

иҷтимоиёт

КОНСЕРВА. ИСТЕҲСОЛИ ҒАЙРИМЕЪЁРИИ ОН ФАЛОКАТБОР АСТ

Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади пешгирии ҳолатҳои заҳролудшавии истеъмолкунандагон аз истеъмоли маҳсулоти хонагӣ, аз қабили хӯришҳо аз бодиринг, помидор, боимҷон, сабзӣ, карам ва дигар маҳсулоти консервшуда мутасаддиёну масъулони соҳаро ба пурзӯр намудани санҷишу назорат дар ин самт муваззаф намуд. Мутаассифона, бо вуҷуди назорату санҷишҳо ва таъкидҳои ҳамарӯзаи кормандони Агентии Тоҷикстандарт ҳанӯз соҳибкорону фурӯшандагоне ҳастанд, ки манфиати худро аз солимии ҷомеа боло гузошта, ба риояи одитарин талаботи меъёрҳои стандарти давлатӣ маҳсулоти худро ба фурӯш мебароранд.   
     
Тибқи андешаи коршиносон консервакунонӣ дар шароити хона, ҳарчанд кори на он қадар душвор аст, тартиби худро дорад. Яъне, камтарин хато, риоя нагардидани технологияи омодасозӣ, нодуруст тартиб додани таркиби он ва пурра коркард нашудани маҳсулот метавонад сабаби вайроншавии консерваҳо ва пайдоиши микроорганизмҳои ба саломатӣ зараровар  гардад.
Тавре  Талабшо Сангзода, сардори Маркази ташхисии маҳсулоти хӯроквории агентӣ, иброз дошт, ҳамон маҳсулот дорои сифати хуб номида мешавад, ки моддаҳои барои организми инсон зарарнок  надоранд. Тайи солҳои охир дар кишварамон дар натиҷаи риоя нагардидани раванди омодакунии хӯришҳо дар зарфҳои гуногун ҳолатҳои заҳролудшавӣ аз истеъмоли маҳсулоти сабзавотии консервӣ ба қайд гирифта шудааст. Тибқи таҳлили коршиносон риоя нагардидани раванди технологияи консервкунонӣ боиси мубтало шудан ба ҳар гуна касалиҳои сироятӣ мегардад. Хӯришҳои консервии вайроншуда ҳатто метавонанд ба фавти одам оварда расонанд.
Хӯришҳое, ки дар бозорҳо дар зарфҳои гуногун, аз қабили полиэтилении пластмасӣ ба фурӯш гузошта мешаванд, ғайристандартӣ буда, ба талабот мутобиқ нестанд. Мутаассифона,  дар бозору роҳравҳо савдогарони сарироҳӣ хӯришҳои дар шароити хона омодашударо бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи кафолати сифати маҳсулот ба фурӯш гузоштаанд. Дар сурати ба бозори истеъмолӣ баровардани маҳсулоти хӯроквории худтайёри хонагӣ барои фурӯшандагон гирифтани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сифат аз мақомоти назоратӣ ҳатмист. Ҳаёти оила ва дигар истеъмолкунандагонро набояд зери хатар гузошт.
Мутахассисон ба истеъмолгарон тавсия медиҳанд, ки маҳсулоти зарфҳои варамидаро  умуман истифода набаранд. Инчунин, агар ранги оби дохили зарф  сафед, хира ё  ғайримуқаррарӣ шуда бошад, истифодаи он қатъиян манъ аст. Ё ки дар ҳолати кушодани сарпӯши оҳанин аз он бӯи ғализ барояд, аз истеъмоли он худдорӣ кардан зарур аст. Қабл аз харидории консерваҳо бояд аз фурӯшанда ҳуҷҷати сифат ва бехатарии маҳсулот талаб карда шавад.
Истеъмолкунанда ҳуқуқҳои худро бояд донад, аз маҳсулот ва хӯришҳое истифода намояд, ки дар корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, шарбатбарорӣ тибқи талаботи регламентҳои техникӣ, риояи меъёрҳои санитарию  гигиенӣ ва стандарти давлатӣ омода шуда бошанд. Дар вақти харидорӣ ба сифати маҳсулот, ҳолати нигоҳдорӣ, санаи барориш, муҳлати истифодабарӣ, ранг, бӯй, тамғагузорӣ бо забони давлатӣ ё бо забони ба истеъмолкунанда фаҳмо ва  ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сифат эътибори махсус додан лозим аст.
Истеҳсолкунанда дар назди қонун ва истеъмолкунанда масъулияти калон дорад. Мувофиқи талаботи санадҳои меъёрӣ сифати маҳсулот ва рақобатпазир гаштани он пурра ба уҳдаи соҳибкорон гузашта шудааст.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.12.2016    №: 243    Мутолиа карданд: 2381

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед