logo

иҷтимоиёт

ҚИССАИ ЯК ХОТИРА

Соли 1993 буд. Директори корхонаи байнихоҷагии чорвофарбеҳкунии ноҳияи Ҳисор Наҷмиддин Аюбовро хабардор карданд, ки дар корхонаи онҳо вохӯрии Сарвари давлат, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи силоҳбадастон барпо мегардад. Ӯ аз шунидани ин хабари таъҷилӣ дасту по нахӯрд. Балки хушнуд гашт, ки Сарвари давлат ба корхонаи онҳо омада, ба масъалаи доғи он рӯзҳо – бетартибӣ, бесалоҳиятӣ ва қонуншиканиҳои силоҳбадастон, ки ба оромии ҷомеа халал ворид месохтанд, хотима мебахшад.

- Агар вохӯрии  Эмомалӣ  Раҳмон бо силоҳбадастон ба хубӣ гузарад, бурди на танҳо Ҳисор, балки тамоми Тоҷикистон мешавад, - меандешид Наҷмиддин Аюбов.
Он рӯзҳо саркардагони гурӯҳҳои силоҳбадаст, ки қонунию ғайриқонунӣ буданд, ба худ унвонҳои подшоҳ, ҳазрат, амир, генерал ва дигарро гирифта, ҳар иқдомеро, ки дилашон мехост, ба ҷо оварда, парвои порашавии кишвар, ғарибафтию саргардониҳои беш аз як миллион гурезаи Ватанро намекарданд. Гумон доштанд, ки давлат заиф асту садди бедодгарию беҷогардӣ ва ҷиноятҳои онҳо шуда наметавонад...
Воқеан, Наҷмиддин Аюбов яке аз шахсиятҳои хизматнишондодаи  водӣ ва Тоҷикистони азиз маҳсуб мешуд. Ӯ тӯли 16 сол бо ғайрату шуҷоат ва кордонию маҳорат тавонист, ки корхонаро ба қатори пешқадамтарин хоҷагиҳо расонда, на танҳо корхонаи чорвофарбеҳкунӣ, балки пайчиён – колхозу совхозҳои ноҳияро ба он чорвои калону хурд месупурданд, аз ҷиҳати иқтисодӣ мустаҳкам намояд. Корхонаи байнихоҷагии чорвофарбеҳкунӣ 98 дарсади гӯшти гови ноҳияро истеҳсол мекард.
Бо пешниҳоди Наҷмиддин Аюбов барои ҳар як сар чорвои калони парваришёбанда ратсиони махсус тартиб дода буданд. Аз ин ҷост, ки чорвои калони аз хоҷагиҳо воридшуда дар як шабонарӯз то 600 грамм вазн гирифта, бо вазни 420 – 450 кг ба гӯшт супурда мешуд.
Таҷрибаи пешқадами корхонаро тамоми чорводорони ҷумҳурӣ ва Иттиҳоди Шӯравӣ меомӯхтанд ва дар амал татбиқ менамуданд.
Барои фаъолияти ибратбахш ва ба даст овардани натиҷаҳои назарраси истеҳсолӣ Наҷмиддин Аюбов як дафъа депутати Шӯрои Олии ИҶШС, ду дафъа депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон  интихоб шуда, бо ду ордени Ленин ва чандин медалу ифтихорномаҳо қадр гардида буд...
Дар вақти муайян Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди вазъи ноороми кишвар ба корхонаи чорвофарбеҳкунӣ омад. Вохӯрӣ оғоз гашт. Хислати  олиҷанобонаи Эмомалӣ Раҳмон – бо боварии том сухан рондан, аз симои ҳар нафар хондани нияту мақсад, ба ҳар кадом забон ёфтану муомила карданро ҳозирон хуш қабул намуданд. Сарвари давлат ба онҳо фаҳмонд, ки навбат ба обод кардани Тоҷикистони ҷангзада, мардумаш паҳну парешон ва иқтисодиёташ хароб расидааст. Ҳамаро ба заҳмати осоишта ба нафъи халқу Ватан даъват намуда, дар роҳи иҷрои мақсадҳои созандаашон ёрию мадад ва дастгирӣ ваъда кард...
Агар силоҳбадастон он замон ба суханони Сарвари давлат бовар накарда, шукуфоии кишварро умед надошта бошанд ҳам, рафтори беҷо накарданд. Сарвари давлат аз ин мулоқот, ки хеле саривақтӣ ва зарурӣ буд, қаноатманд ба пойтахт баргаштанд.
Наҷмиддин Аюбов ин лаҳзаҳоро ба ёд оварда, борҳо ба фарзандон ва ҳамсуҳбатонаш гуфта буд:
- Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои Тоҷикистони азиз ва тоҷикистониён бемуболиға хизмати пайғамбарона кардаанд. Мардуми моро аз ҳалокати ваҳшатнок, мамлакатро аз парокандашавӣ эмин нигоҳ дошта, тамоми гурезаҳоро ба Ватан багардонд ва миллатро сарҷамъ намуд. Гӯё дар лаҳзаҳои хатарзо Парвардигор ӯро барои ҷумҳурии мо ва халқи азияткашидааш фиристодааст.
Ҷумҳур Ҷаъфари САМАРҚАНДӢ,
Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.12.2016    №: 244    Мутолиа карданд: 2520

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед