logo

иқтисод

ЗАФАРОБОД. КОРХОНАИ НАССОҶӢ КАЙ АЗ НАВ ЭҲЁ МЕШАВАД?

Бо дарназардошти фаровонии ашёи хоми саноатӣ – пахта ва муҳимтар аз ҳама, таъмини бонувони хонашин бо ҷойи кор, бо ибтикори ширкати «Хуҷандинвесткоттон» моҳи марти соли 2011 дар ноҳияи Зафаробод коргоҳи нассоҷии «Наврӯз» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.

Он то соли 2014 муътадил фаъолият дошта, дар як моҳ аз 250 ҳазор то 300 ҳазор ҷуфт ҷӯроб истеҳсол мекард ва дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифати пахтагӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар саҳми босазо мегузошт. Аммо, баъдан, корхона бинобар мушкилии молиявӣ, буҳрони иқтисодӣ дар Русия, ки яке аз бозори асосии корхона маҳсуб меёфт, фаъолияташро қатъ кард.
Бино ба иттилои Сулаймон Зиёзода, раиси ноҳияи Зафаробод, ба истифода додани коргоҳ  боиси шодмонии сокинони ноҳия гашта буд, зеро то ин  дам, сарфи назар аз он ки ҳар сол ҳазорҳо тонна пахта истеҳсол мешуд, ягон муассисаи саноатӣ мавҷуд набуд. Маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи нассоҷии «Наврӯз» ба кор шурӯъ карда, шароит фароҳам омад, ки зиёда аз сад нафар, асосан духтарон, бо шуғли доимӣ ва маоши хуб таъмин гарданд.
- Мо хоҳони онем, ки корхона аз нав эҳё шавад ва нафароне, ки ба рухсатии бемузд рафтаанд, ба кори худ идома бахшанд, - мегӯяд ӯ. - Бартар аз ин, тасмим гирифтем, ки ҷиҳати фаъолияти муътадили он, дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, коргоҳи ресандагӣ бунёд намоем. 
Ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи корхона бо чанд тан аз кормандони он ҳамсуҳбат шудем.
- Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи саноатӣ боиси хурсандии аҳолии ноҳияи Зафаробод буд, - иброз медорад Майсара Рамазониева. - Аз оғози фаъолият бо маоши хуб таъмин будам, аммо, мутаассифона, ду сол мешавад, ки он аз кор мондааст.
- Аз шашсад то ҳафтсад сомонӣ музди меҳнат мегирифтем, ки мушкилии рӯзгорамонро сабукӣ мебахшид, - мегӯянд коргарони дигари корхона Зуҳро Каримова ва Каромат Бобоева. - Ҳоло фаҳмидем, ки аз соли 2017 боз корхона эҳё мешавад ва мо, бесаброна,  ин рӯзро мунтазирем.                                                  
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.12.2016    №: 244    Мутолиа карданд: 1445

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед