logo

иқтисод

МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ: АЗ МИЛЛИАРД БА МИЛЛИАРДҲО

Чанде пеш бори нахуст дар таърихи фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ аз 1 миллиард сомонӣ гузашт. Далели мазкур ваҷҳи суҳбати тахассусии мухбири “Ҷумҳурият” бо муовини вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Умед ДАВЛАТЗОД гашт.

Ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) алорағми буҳрони ҷаҳонии молиявӣ
- Вақте таърихи кӯтоҳи минтақаҳои озоди иқтисодиро омӯхта, бо фаъолияти субъектҳои онҳо шинос шудам, як масъала, иқрор мешавам, маро ба ҳайрат овард. Соли 2008 дунёро буҳрони молиявӣ фаро гирифт, ки иқтисоди ҳатто давлатҳои пешрафтаро дар вазъияти ниҳоят душвор гузошт. Ва дар чунин як ҳолати печида охири ҳамон сол Ҳукумати ҷумҳурӣ аз пайи ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ мешавад. Тасмими воқеан ғайричашмдошт. Шояд назари Шумо дар ин бобат дигар бошад?
- Асли масъала каме дигартар аст. Барои ба он дуруст сарфаҳм рафтан бояд, пеш аз ҳама, аз дурандешии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфт, зеро МОИ дар Тоҷикистон маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат арзи ҳастӣ намуд. Ҳанӯз моҳи майи соли 2004 бо ибтикори Сарвари давлат нахустин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул шуд. Дар пайи он Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ лоиҳаи «Низомнома дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намуд, ки он бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 5 декабри соли 2005, таҳти рақами 191 тасдиқ гардид.
- Ба ибораи дигар, таърихи ташкили минтақаҳои озод на аз соли 2008, балки аз соли 2004 ибтидо мегирад?
- Бале. Мутаассифона, шояд бинобар омода набудани ҷомеа ба ин иқдоми азим ва ё худ аз саҳлангории сохторҳои марбутаи давлатӣ ин кор то ибтидои соли 2008 тӯл кашид. Ба фикри банда, агар мо ин корро соли 2004 оғоз мекардем, бинобар буҳрони молиявие, ки солҳои 2008-2009 дунёро фаро гирифт, имконияти ҷалби хеле бештари сармоягузориро аз даст намедодем. Аммо дар давраи авҷи буҳрони молиявӣ ба таъсиси МОИ камар бастем ва сармоягузорони эҳтимолие, ки метавонистанд ба кишвари мо маблағ гузоранд, худ ба вазъи душвори иқтисодӣ мувоҷеҳ буданд. Рақобати  шадид дар ҷаҳон барои ҷалби сармояи хориҷӣ моро водор кард, ки ин корро ба таври суръатнок анҷом диҳем. Аз ин лиҳоз, фикр мекунам, ки маҳз бо таъкиду исрори Ҷаноби Олӣ 5 марти соли 2008 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои аввалиндараҷа оид ба ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд. Ва аллакай соли 2009 барои ташкили онҳо то андозае заминаи ҳуқуқӣ фароҳам омад.
Сарвари давлат ва таблиғи
имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ
- Дар натиҷа, сентябри соли 2009 нахустин субъектҳои МОИ - и “Суғд” ба қайд гирифта шуданд. Соли 2010 бошад, аз буҷети давлатӣ бори аввал барои нигаҳдории маъмурияти минтақаҳо, бунёди инфрасохтори аввалиндараҷаи онҳо маблағ ҷудо гардид. Яъне, ташкили кори МОИ ба сатҳи амалӣ гузашт.
- Ин далелҳо низ бозгӯйи нақши муассири Сарвари давлатанд. Чунки маҳз бо иродаи сиёсӣ ва дастгирии бевоситаи Президенти кишвар дар вазъияти буҳрони шадиди молиявӣ аз буҷет ҷудо кардани маблағ, такмили заминаи ҳуқуқии МОИ имконпазир гашт. Гузашта аз ин, дар ҳама сафарҳои хориҷиашон ба сармоягузорону соҳибкорони хориҷӣ муаррифӣ намудани имкониятҳои минтақа пас аз соли 2009 хеле вусъат ёфт ва ба МОИ нафаси тоза дамид.
Бад-ин минвол чандин корхона дар минтақаҳои озоди иқтисодии “Суғд” ва “Данғара” арзи ҳастӣ карданд, ки барои ҷумҳурии мо воқеан нодиранд. Аз ин миён метавон лоиҳаи корхонаи азими коркарди нафт дар ноҳияи Данғараро махсус зикр кард, ки  самараи бевоситаи сафари Ҷаноби Олӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин буд. Он як падидаи комилан нав дар ҷумҳуриямон дар давоми 25 соли соҳибистиқлолист, зеро то ин замон мо чунин заводи бузурги коркарди нафт надоштем.     
- Ба ҳукми анъанаи нек даромадааст, ки ҳар боре Сарвари давлат бо сафари корӣ ба МОИ - ҳои “Суғд” ё “Данғара” раванд, он ҷо ҳатман воқеаи нишотбахше сурат мегирад: ё ягон корхонаи калони навро ифтитоҳ мекунанд ё санги асосашро мегузоранд. Яъне, бо ҳар иқдомашон иқтидори содиротии иқтисоди миллӣ меафзояд. 
- Ҷаноби Олӣ ба минтақаҳои озод таваҷҷуҳи хоса доранд ва зуд - зуд аз онҳо дидан мекунанду зимни ин сафарҳо бо дахолату дастгирияшон бисёр мушкилот дар ҷояш ҳалли худро меёбанд. Мо низ дар якҷоягӣ бо маъмурони минтақаҳо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҳар дафъаи омаданашон шоҳиди натиҷаи хубе дар роҳи иҷрои ҳидояту супоришҳои додаашон гарданд.
Боз як нуктаи муҳимро мехоҳам зикр созам. Зимни боздид аз МОИ Ҷаноби Олӣ дар баробари таваҷҷуҳ ба технологияҳои наве, ки аз хориҷа ворид карда мешаванд, ҳатман суол мекунанд, ки оё корфармоён, мутахассисоне, ки бо чунин техникаю технологияҳо сари кор мегиранд, оё аз кадрҳои маҳаллианд. Ва пайваста ба сармоягузорони хориҷӣ таъкид месозанд, ки таносуби ҷалби коргарону мутахассисон дар корхонаҳои минтақа бояд 90 бар 10 сурат гирад, яъне 90 фоиз мардуми маҳаллӣ бошанду 10 дарсад мутахассисони хориҷӣ. То ки ҷавонони мо ҳам технологияҳои навтаринро омӯхта, дар онҳо кор карда тавонанд ва ҳам маоши хуб гиранд барои рӯзгори осуда.

Кадом роҳро бояд интихоб намуд?
- Бармегардем ба солҳои 2009 - 2010. Дар дунё дар тӯли ним аср дар  ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ соири кишварҳо хеле пеш рафтаанд ва дар асоси таҷрибаи онҳо моделҳои гуногуни МОИ арзи ҳастӣ кардаанд. Аз ин рӯ, Тоҷикистонро зарурати “кашфи Амрико” пеш наомад, ягона коре, ки бояд анҷом дода мешуд, баҳрабардорӣ аз ин таҷриба ва вобаста ба шароити кишвар корбаст кардани он. Ин кор то чӣ андоза даст дод?
- Бо ин мақсад соли 2009 дар ҳамдастӣ бо дафтари Созмони ҳамкории рушди Аврупо шуъбаи ҳамоҳангсози масоили минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис додем. Бо ҷалби намояндагони бахши хусусӣ, вазоратҳо, сафоратҳо, созмонҳои байналмилалӣ. Ин сохтор дар таҳияи нақшаи корӣ, интихоби кишварҳо ва ташкили сафарҳо нақши мусбат бозид.
Нахустин сафари омӯзишӣ бошад, соли 2010 тавассути гранти Ҷумҳурии Мардумии Чин ба минтақаҳои озоди иқтисодии ин кишвар сурат гирифт. Баъдан бо дастгирии Раёсати рушди Туркия ва Дафтари рушди Созмони Милали Муттаҳид роҳбарони зинаи миёнаи маъмурияти минтақаҳо ва мутахассисони вазорати мо, Вазорати молия ва Хадамоти гумрук таҷрибаи Туркияро мавриди омӯзиш қарор доданд. Сафарҳо ба Ҷумҳурии Мисри Араб, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Лаҳистон, дар ҷараёни сафарҳои кории Ҷаноби Олӣ ба минтақаҳои озоди “Витебск” ва “Минск” - и Беларус, минтақаҳои “Бишкек” ва “Лайлак” - и Қирғизистон низ басо судманд буданд. Ба фикрам, ин ҳама боздиду омӯзишҳо ба ташаккули тафаккури нави иқтисодӣ ва пешбурди кор дар МОИ такони ҷиддӣ доданд.
- То ҷое шунидам, коршиносон МОИ-и моро пайравӣ ба “модели туркӣ” мехонанд. Оё дар асл чунин аст?
- Дар баъзе кишварҳои дунё моделҳои гуногуни ташкили кори МОИ ва ҷалби сармояи хориҷӣ истифода мегардад. Дар Чин, масалан, дар марҳилаи аввал модели давлатии МОИ роиҷ буд, яъне маблағгузорӣ аз ҳисоби давлат сурат мегирифт ва судбардори асосӣ низ давлат ба ҳисоб мерафт. Ҷиҳати пазируфта аз таҷрибаи чиниҳо банақшагирии стратегӣ гашт, ки он ҷо хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Дар Амороти Муттаҳидаи Араб моро муъҷазбаёнӣ басо писанд омад: қонуни онҳо дар бораи МОИ ҳамагӣ аз ду саҳифа иборат аст. Дар иддаи мамлакатҳо на минтақаҳои озод, балки махсуси иқтисодӣ амал мекунанд.
Воқеан ҳам, минтақаи озоди мо амсилаи модели туркӣ мебошад. Зеро пас аз омӯзишу таҳлили ҳама дидаву шунида ба хулоса расидем, ки маҳз тарзи ташкили кори туркҳо ба шароити мо созгортар аст.
Ҳамчунин, мехоҳам афзоям, ки Тоҷикистони мо низ, бо вуҷуди нахустин қадамҳояш, дар ин ҷода саҳми хешро гузошта тавонист. Бо ташкили мутавозии фаъолияти минтақаҳо, ки ин тарз қаблан дар ягон давлат рӯйи кор наомада буд. Ғайр аз ин, баъзе ваколатҳои низоми идоракунии давлатиро ба маъмурияти минтақаҳо вогузор кардан, дар номенклатураи давлатӣ будани роҳбарони маъмурияти минтақаҳо, ки дар Тоҷикистони мо ба роҳ монда шуд, ҳам падидаҳои наванд.

Аз рӯзномаи “Ҷумҳурият” сипосгузорем
-“Ҷумҳурият” қаблан бо назардошти аҳамияти ҳаётан муҳими МОИ дар рушди иқтисоди миллӣ, хоса имконоти содиротии он нашрҳои махсусро аз фаъолияти МОИ - ҳои “Суғд” ва “Данғара” ба чоп дода буд. Хуб мешуд, агар ба тақвияти он доир ба вазъи Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” чанд сухан мегуфтед.  
- Аввалан, аз роҳбарияти рӯзномаи “Ҷумҳурият” барои таваҷҷуҳи хоса ба инъикоси фаъолияти МОИ изҳори сипос менамоям. Вазорат аз ин иқдом хеле қаноатманд буда, ҳамкориро бо “Ҷумҳурият” дар чунин сатҳи баланди ҳирфаӣ барои рушди МОИ зарур ва муҳим арзёбӣ мекунад.
Дар Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” 15 субъект ба қайд гирифта шудааст ва ду ширкат аллакай маҳсулот истеҳсол мекунад. Вазорат ва маъмурияти МОИ пайваста ба зиёд кардани теъдоди ширкатҳо мекӯшанд. Бо ин мақсад аз ҳама роҳу восита истифода мегардад, аз ҷумла анҷуманҳо бо шарикони рушд. Дар анҷумани охирин дар МОИ - и “Панҷ” созишнома бо ширкати истеҳсоли нафти Қазоқистон ба имзо расид, ҳамчунин дар ин минтақа ширкати ватании истеҳсоли бионафт ба васли таҷҳизот шурӯъ кард. 
Дар баробари ин, мо дар “Панҷ” бояд бештар анборҳо созем, зеро шакли минтақаи мазкур “тиҷоратӣ“ мебошад. Фикр мекунам, мавзеи ин минтақа барои ширкатҳои логистикӣ ва сохтмони анборҳо барои содироти минбаъда бисёр мусоид аст. Айни замон, маъмурияти он бо соҳибкорони дохилӣ ва хориҷӣ ҷиҳати сохтмони анборҳо гуфтушунид дорад ва солҳои наздик дар ин ҷо чандин яхдону анборҳои калон мавриди истифода қарор гирифта, ба ривоҷи тиҷорат бо кишварҳои ҳамсоя ва содироти анвои мол мусоидат мекунанд.
-  Ояндаи умедворкунанда. Доир ба МОИ - и “Ишкошим” чӣ гуфта метавонед?
-     Дар ин минтақа алҳол ду субъект ба қайд гирифта шудааст. Сабаби асосии суст рушд ёфтани минтақаи мазкур, пеш аз ҳама, вазъи ноороми давлати ҳамсарҳад ба ҳисоб меравад. Чунки соҳибкорони хориҷӣ ва дохилӣ пеш аз сармоягузорӣ ба амнияти минтақа аҳамияти калон медиҳанд.
Дуюм мушкил мавҷуд набудани роҳҳо ва инфрасохтор дар минтақаи мазкур ба ҳисоб меравад.
-Зимнан, вазири рушди иқтисод ва савдо ҳангоми гузориш дар парлумон аз вазъи кор дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз мушкилот низ ҳарф зада, душвории гирифтани раводид барои соҳибкорони хориҷӣ дар МОИ - и “Ишкошим”-ро зикр карда буд. Ягон натиҷае шуд?
- Масъалаи мазкур дар Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки ба он муовини аввали Сарвазири кишвар роҳбарӣ мекунад, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ба Вазорати корҳои хориҷӣ супориш дода шуд, ки ба қоидаҳои додани раводид ба шаҳрвандони хориҷӣ банди алоҳида барои субъектҳои МОИ ворид карда шавад.

МОИ майдони “бозигарони пурқувват” аст
- Дар панҷ - шаш соли охир низоми кори маъмурияти минтақаҳо, хоса дар “Данғара” ва “Суғд” ба маҷрои муайян даромадааст ва чун натиҷа ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ рӯ ба афзоиш аст. Гувоҳи гӯёи ин ба минтақаҳо ворид шудани беш аз 1 миллиард сомонӣ сармояи хориҷист. 
- Агар аниқтар гӯем, 1,338,5 миллиард сомонӣ. Аз оғози фаъолияти минтақаҳо то имрӯз. Танҳо соли равон ҳаҷми сармоягузории мустақим ба 896,7 миллион сомонӣ расид. Аз ҷумла, дар МОИ - и “Данғара”- 891,7, МОИ - и “Суғд”-3,6 ва МОИ - и “Панҷ” 1,556 миллион сомонӣ. Роҳандозии 70 субъект дар чор минтақа  дар муддати камтар аз панҷ сол, фикр мекунам, нишондиҳандаи бад нест. То имрӯз дар минтақаҳои озоди иқтисодии “Суғд” 27 ва “Данғара” 26 ширкатҳои ватанию хориҷӣ амал мекунанд. Молҳои МОИ - и “Суғд” ба давлатҳои  ИДМ, Туркия ва Чин содир мешаванд, яъне  аллакай ду минтақаи озоди иқтисодии кишвар худмаблағгузор мебошад.
-  Дар ибтидои суҳбат зикр кардед, ки Сарвари давлат дар ҳама мавриди муносиб зарурати ташкили ҷойҳои нави корӣ дар минтақаҳоро хотирнишон месозанд. Вазъият дар ин самти муҳим чӣ гуна аст? 
 - Соли равон танҳо дар Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” барои 1150 нафар ҷойи кории доимӣ ва муваққатӣ ташкил шудааст. Мутаассифона, дар МОИ - и “Суғд”, “Панҷ” ва “Ишкошим” имсол ҷойҳои нави корӣ ташкил накардаанд. Дар маҷмӯъ бошад, аз оғози фаъолияти минтақаҳои озод аз ҷониби субъектҳо 1632 ҷойи кор фароҳам оварда шуд. Шояд ин дар назари аввал кам намояд. Аммо бояд ба эътибор гирифт, ки дар аксарияти субъектҳо бинобар корбасти технологияҳои замонавӣ раванди истеҳсолот қариб пурра автоматикунонда шудааст.
-  Аз рақамҳои болотар оварда маълум мегардад, ки сармоягузории хориҷӣ асосан ба МОИ “Данғара” сурат гирифта истодааст.
- Бурди асосии МОИ - и “Данғара” дар он аст, ки сармоягузорону ширкатҳои калон ҷалб шудаанд. Бовар дорам, дар дигар минтақаҳо низ ҷалби сармоягузорони тавоно зиёд мешавад. Зеро мо танҳо бо ҷалби “бозигарони пурқувват” ҳадафҳои ташкили минтақаҳои озодро муваффақона пиёда карда метавонем. Ҳамзамон истеҳсол ва содироти маҳсулоти ватанӣ ба бозори берунӣ меафзояд, ки дар ин бобат айни замон МОИ - и “Суғд” ба натиҷаҳои хуб ноил гашта истодааст.
-Чун “бозигарони пурқувват” гуфтед, ман дарҳол ширкати чинии “ТК Ойл”- ро ёд овардам, ки дар Данғара ба маблағи 800 миллион доллар корхонаи азими коркарди нафт бо иқтидори солонаи 1,2 миллион тонна бензин бунёд мекунад. Тибқи нақша навбати аввали ин коргоҳи нодир бояд охири ҳамин сол ба кор дарояд. Аммо мегӯянд, ки ин кор ба дигар вақт гузаронда шудааст. Хабари фавқ то чӣ андоза воқеият дорад ва чӣ сабаби таъхир шуд?
- Дар ҳақиқат, ширкати “ТК Ойл” бояд то охири сол ба кор медаромад. Аммо вазъияти кунунии минтақа эҳтимол ба ин имкон надиҳад. Сабаби асосӣ  мавҷудияти мушкилот дар масъалаи таъмини корхонаҳо бо неруи кофии барқ, як андоза тӯл кашидани интихоб ва бастани қарордод бо ширкатҳое мебошад, ки хати интиқоли барқ ва зеристгоҳи тақсимкунандаи барқро барои субъектҳои минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” анҷом диҳанд. Аз ин хотир, нақша каме таҳрир меёбад ва басти аввали ин корхонаи барои иқтисоди кишвар басо муҳим дар семоҳаи аввали соли 2017 мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Барои ободкорӣ ба ҳама ҷой мерасад
-Шаш - ҳафт, ҳатто даҳ сол на он муҳлатест, ки тафаккури ҷомеа, хусусан тафаккури иқтисодии он дигаргун шавад. Ин ба дарки дурусти моҳият ва ҳадафҳои МОИ низ дахл мекунад. Ишораи мазкур, аз ҷумла ба он хотир аст, ки айни замон дар масъалаи меъёри маблағ барои фаъолияти ширкатҳо ва соҳибкорон дар қаламрави минтақа ихтилофи назар вуҷуд дорад. Ва гумон намекунам, ки Шумо аз ин сару садоҳо огоҳ нестед.
- Албатта, воқиф ҳастам. Тибқи  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андозаи маблағ барои фаъолияти ширкати истеҳсолӣ 500 ҳазор, ширкати хизматрасон 10 ҳазор ва ширкате, ки бо содироту воридот машғул аст, 50 ҳазор доллар муайян гаштааст. Аз ҷониби роҳбарони МОИ, мутахассисон ҳамин 500 ҳазор доллар мавриди баҳс буда, пешниҳод доранд, ки он 100 - 200 ҳазор доллар поин бурда шавад. Биёед саволро ба таври дигар гузорем. Аз ташкили МОИ давлат чӣ мехоҳад? Фаъолияти субъектҳои истеҳсолӣ бояд ҳадди ақал то 15 сол давом ёбад. Технологияҳои муосире, ки дар МОИ дар ин муддат бояд мавриди истифода бошанд, камаш 1 миллион доллар арзиш доранд. Аз ин рӯ, паст кардани андозаи маблағи ҳатмӣ ба таври автоматӣ паст кардани имконияти технологии ширкатҳо ва дар ниҳояти кор, минтақа мебошад.
Албатта, ин миқдорро кам кардан мумкин аст. Дар ин маврид бо технологияи куҳна моли пастсифати рақобатнопазир бароварда мешавад, ки хилофи ҳадафҳои МОИ мебошад. Давлат ба хотири он аз кулли андозҳо даст кашида, имтиёзҳои гумрукӣ низ медиҳад, ки ба кишвар танҳо технологияи инноватсионӣ ворид гардад. Он гаронбаҳо буда, ба харидаш танҳо ширкатҳои пурқувват қодиранд.
Ғайр аз ин, бояд ҳатман ба эътибор гирифт, ки агар дар соири кишварҳои дунё аллакай технологияҳои насли панҷум дар истифода бошанд, дар Тоҷикистон технологияи насли сеюм. Ин ақибмонии басо ҷиддист, ки мо онро бояд ҳатман бартараф созем, вагарна дари бозорҳои ҷаҳонӣ ба рӯямон баста мешавад. Ва як воситаи муассири ҳалли ин масъала ташкили МОИ ва такя ба ширкатҳо бо сармояи калон мебошад.
- Дар ин сурат оё онҳо даъво пеш намеоранд, ки андозаро баланд бардошта, пеши роҳи фаъолияти ширкатҳои ватаниро дар МОИ мегиред?
-Боке не. Гап сари дигар чиз аст. Агар мақсад истифодаи сармояи дохилӣ бошад, пас бояд тамоми Тоҷикистонро ба як минтақаи озоди иқтисодӣ табдил дод. Лекин тибқи таҷрибаи ҷаҳонӣ МОИ бо қаламрави махсуси гумрукӣ барои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ нигаронда шудааст. Албатта, ширкатҳои мо метавонанд ҳамроҳи ширкатҳои хориҷӣ корхонаҳои муштарак ташкил диҳанд. Лекин бори дигар таъкид мекунам, ки мақсад ҷалби сармояи мустақими хориҷист. МОИ ин рушд додани як қаламрави муайяни мамлакат бо пули бегона аст.
Акнун доир ба сармоягузорону соҳибкорони худӣ. Магар бо як МОИ майдони фаъолияти онҳо танг мешавад? Бисёр кунҷу канори диёр ниёз ба амали онҳо дорад, то ки бо низоми муқаррарӣ маблағгузорӣ кунанд, корхона созанд, ин гӯшаҳои Ватанамонро обод намоянд. Хуллас, вақте мақсаду моҳияти МОИ дуруст фаҳмида шавад, ин баҳсу даъвоҳо аз байн мераванд. Албатта, агар ҳадаф аввал ободии диёр, сипас манфиати шахсӣ бошад.

Ширкати идоракунандаи хориҷӣ мебояд
- Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ” ва низомномаи МОИ истифодаи ширкати идоракунанда зикр шудааст. Чунин тарзи ташкили кор дар амалияи байналмилалӣ судмандии худро кайҳо собит кардааст. Ба фикри Шумо, оё дар минтақаҳои мо низ зарурати истифодаи ширкати идоракунанда ба миён наомадааст?
- Имрӯз аз рӯйи ҳисобҳои гуногун барои бунёди пурраи инфрасохтори муосири чор минтақа 200 - 220 миллион сомонӣ даркор аст ва ин корро ҳарчи тезтар бояд анҷом дод. Зеро тафаккури сармоягузор ё соҳибкор чунин аст, ки ба минтақа омада, аввал бинои маъмурию  истеҳсолӣ сохта, баъд аз пайи воридоти технология ва истеҳсоли маҳсулот намешавад. Барои ин на вақт дорад, на хоҳиш. Мехоҳад, ки ҳама инфрасохтори зарурӣ муҳайё бошад ва вай бо иҷораи он бидуни таъхир ба кор шурӯъ кунад.
Мутаассифона, айни ҳол буҷети давлатӣ чунин имкон надорад. Барои ҳалли масъала мо воқеан ҳам дар фикри даъвати ширкати идоракунандаи хориҷӣ ҳастем. Дар дунё бисёр чунин ширкатҳо ном баровардаанд. Онҳо дар минтақаҳо инфрасохторро бо маблағи худ сохта, ба субъектҳо иҷора медиҳанд ва маҳз аз ҳамин ҳисоб даромад мегиранд.
Ба фикрам, дар ин масъала мо қадре таъхир кардем ва дар сурати тезондани қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои интихоби ширкати идоракунандаи хориҷӣ метавонем соли оянда тендери байналмилалӣ эълон кунем.
- МОИ қаламрави махсуси андозу гумрукӣ мебошад. Он ҷо аз 10 танҳо ду намуди андоз пардохта, ҳангоми воридоти технология, таҷҳизот, ашёи хом, содироти маҳсулот боҷи гумрукӣ ситонда намешавад. Дар ин иртибот бигӯед, ки дар минтақаи озоди иқтисодӣ санҷишҳои мақомоти сершумори назоратӣ бо тартиби муқаррарӣ сурат мегиранд ё худ бо ягон тарзи дигар?
- Дарки ҳадафу моҳияти МОИ, мутаассифона, ҳанӯз ҳам миёни давлатмардон ба як гуна нест. Зеро  ҳама ба ин масъала аз даричаи манфиатҳои идории худ муносибат мекунанд. Масалан, намояндаи Кумитаи сохтмон ва меъморӣ мехоҳад ба ҳудуди минтақа даромада, рафти сохтмонро бинад, санҷад ё назорат кунад. Кумитаи андоз, “Санэпидемстансия”, “Тоҷикстандарт”, Хадамоти сӯхторнишонӣ.., хуллас, ҳама ниҳодҳои назоратӣ ба ҳудуди минтақаи озод даромаданианд ва ҳатто шунидан намехоҳанд, ки он қаламрави махсуси гумрукӣ ва андоз мебошад ва на ҳар ниҳод ваколати по даруни остонаи он ниҳодан дорад.
То ин вақт проблемаи асосӣ мушкилоти инфрасохторӣ буд. Айни замон ба он кӯшишҳои бешумори дар минтақа гузарондани санҷишҳои назоратии идоравӣ зам шудааст. Ин ба пешравии кор халали ҷиддӣ мерасонад.
- Чӣ восита метавонад ин ҳамаро ба як низоми муайян дарорад, то ки дар минтақаҳо бевосита машғули истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ бошанд, на банди ҷавобнависӣ ба ниҳодҳои назоратӣ?
- Ба хотири пешгирии ин ҳама нобасомониҳо “Равзанаи ягона” таъсис дода мешавад. Бо назардошти манфиатҳои давлатӣ ва миллӣ муқаррар карда мешавад, ки кадом ниҳодҳо дар мувофиқа бо сохтори ваколатдори давлатӣ, яъне Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба МОИ даромада метавонанд. Ин, пеш аз ҳама, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, гумрук ва андоз аст. Дар минтақа ду намуди андоз пардохта мешавад. Намояндаи андоз омада танҳо ҳамонро тафтиш мекунаду халос. Тибқи Кодекси андоз онҳо метавонанд ҳамин ваколатро ба намояндаи худ дар маъмурияти минтақа вогузоранд, ки ҳар маълумоти заруриро бидуни вуруд ба ҳудуди минтақа аз ин намояндаи худ бигиранд. Дар масъалаи бехатарӣ ё санитарӣ ва ғайра низ айнан чунин ташкили кор муфид аст. Маоши намояндаи ниҳоди назоратӣ аз ҳисоби маъмурияти минтақа хоҳад шуд.
Зимнан, вақти дар яке аз МОИ - и Чин будан, хостем бо ҷараёни истеҳсолоти як субъект аз наздик шинос шавем. Аммо иҷозат надоданд, ки ин сирри саноатист. Ва афзуданд, ки ба ин ҳатто сарвари минтақа ҳақ надорад. Дар мо, мутаассифона, то ҳол чунин фаҳмиш ташаккул наёфтааст.

Аз миллиард ба миллиардҳо
- Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ” соли 2011 қабул ва роҳкушои ҳуқуқии МОИ шуда буд. Аз байн панҷ сол гузашт. Дар ин муддати кӯтоҳ, тавре қаблан борҳо зикр гашт, дар ин ҷодаи нав пешравиҳои назаррас ба амал омаданд. Чун доим дар фикри фардо бояд буд, бо бардошт аз таҷрибаи ин солҳо вазорат ҷиҳати тақвияти рушди МОИ чӣ нақшаҳо дорад?
-Ба он дараҷае, ки мехоҳем МОИ фаъолият дошта бошад, ҳанӯз нарасидаем. Яъне, механизми ташкили кори он такмили ҷиддӣ мехоҳад. Ман дар бораи ширкати идоракунанда аллакай гуфта гузаштам. Яъне, ташкили корро дар минтақаҳо куллан дигар бояд кард. Бо ин мақсад дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ” тағйироти марбут дохил карда шуд. Вазорат ба он ҳамчунин дар асоси пешниҳодоти сарварони маъмурият, сармоягузорон, роҳбарони ширкатҳои МОИ чандин тағйиру илова зам карда, лоиҳаи такмили қонунро барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.
Зимнан, қонуни мазкурро ба талаботи Конвенсияи Киото (1973) оид ба содагардонии низоми гумрукӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2012 узви комилҳуқуқи он мебошад, мутобиқ гардондем.
Тибқи нақша дар доираи Шӯрои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки мақоми экспертӣ ва ҳамоҳангсози фаъолияти МОИ мебошад, Фонди ҷумҳуриявии рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ таъсис ёфт. Айни замон, вазорат  механизми ба суратҳисоби фонд ҷалб намудани маблағҳоро баррасӣ намуда истодааст. Дар ин самт ҳамчунин гуфтушунид бо ташкилотҳои байналмилалӣ сурат мегирад.
Вазорат тасмим гирифтааст, ки соли оянда тартиби мониторинги фаъолияти МОИ - ро таҳия ва бо қарори Ҳукумати кишвар роҳандозӣ кунад, то ки минтақаҳои озоди кишварҳои хориҷӣ аз ин восита басо судманд истифода баранд.
- Ва саволи ниҳоӣ. Дар ибтидо ҷалби нахустин миллиард ба минтақаи озод зикр гашт. Чун ҳадафи асосӣ аз ташкили МОИ босуръат боло бурдани неруи содиротии кишвар дар самтҳои муҳими иқтисоди миллист, оё метавон  гуфт, ки солҳои наздик ба як миллиард доллар расондани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ дар МОИ бо тамғаи “Истеҳсоли Тоҷикистон” воқеист?
- Мо ба фатҳи қуллаҳои баландтар қодирем. Аввалин сабаби дилпурӣ раҳнамоӣ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин чор минтақа, сиёсати дурандешонаи иқтисодиашон мебошад, ки сарфи назар аз буҳрони молиявии ҷаҳонӣ дар кишвари мо лоиҳаҳои азиме мисли МОИ татбиқ мегарданд. Дигар ин ки мардуми шарифи тоҷик бо меҳнатдӯстӣ ном баровардааст ва дар минтақаҳо сафи ҷавононе меафзояд, ки беш аз пеш звенои миёнаю болоии роҳбариро пурқувват месозанд. Яъне, кадрҳои хуби техникии миллӣ тайёр мешаванд. Ҳарчи бештар ворид намудани технологияи навтарин ва корбасти он бошад, дар баробари истеҳсоли молҳои рақобатпазир мафкураи нави иқтисодиро ташаккул медиҳад. Аз ин рӯ, дилпурам, ки солҳои наздик МОИ локомотиви воқеии иқтисоди миллӣ хоҳад шуд.       
Мусоҳиб Хуршеди ҶОВИД,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.12.2016    №: 244    Мутолиа карданд: 1720

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед